Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукӯҳ доир гардид, ки дар он устодону донишҷӯён бо либоси милливу идона иштирок намуданд.

Дастархони Наврӯзӣ, ки инъикоскунандаи мазмуну моҳият ва ҷавҳари аслии Наврӯзи байналмилал буд, ба чорабинӣ шукуҳи бештар бахшиданд. Таомҳои милллии наврӯзӣ дар мисоли ҳафт син, ҳафт шин ва ҳафт мим ва анъанаҳои мардумӣ аз ҷониби факултетҳои донишгоҳ ба намоиш гузошта шуданд.
Чорабиниро Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ табрик гуфт.
Мавсуф дар бораи аслу моҳияти таҷлили Наврӯз сухан намуда, аз нақшу мақоми он дар сатҳи байналмилал таъкид дошт.
“Мардуми тоҷик Наврӯзро давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, анъанаҳоиҷашнии онро то замони мо бегазанд расонидаанд. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардан ва парастишитабиату қадршиносиинеъматҳои он ҳидоят менамояд”- зикр намуд профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин.
Ҳайати ҳакамон ба ҳунари дастаи факултетҳо баҳогузорӣ намуда ҷойи аввал насиби факултети математика-информатика, ҷойи дуюм насиби факултети химия ва биология, ҷойи сеюм насиби факултети педагогика ва варзиш дониста шуд.
Сипас, ба як қатор кормандони донишгоҳ барои саҳми назаррас дар фаъолияти корӣ бо ифтихорнома ва сипоснома супорида шуд.
Дастаи ҳунарии “Левакант”-и назди донишгоҳ низ бо суруду таронаҳои ҷаззоби худ, дар Наврӯзи байналмилалӣ табъи ҳозиринро хушу болида гардонид.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ