Устод ва муаллим шахсиятест, ки дар ҷодаи тафаккур, дар пояи бузургӣ ва қадру манзалат аз ҳама волотар аст. Маҳз устод аз дилҳо ғубори ҷаҳлу нодониро зудуда, қалбҳоро равшанию нуру зиё мебахшад. Устод Абдурасул Сатторов, ки тамоми ҳастию неруи зеҳнии хешро баҳри пешрафти илму маърифат бахшидааст, аз ҳамин қабил аст.

Аз хурдӣ вай ба фанни математика шавқи зиёд дошт. Ҳамин буд, ки баъди хатми мактаби миёна соли 1966 ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи математика ва нақшакашии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченко супорида, солҳои 1966-1971 дар он ҷо таҳсил намудааст. Дар давраи донишҷӯияш ба фанни геометрия таваҷҷуҳи хоса пайдо намуда, баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси омӯзгори кафедраи геометрияи факултети математика ба кор шурӯъ кардааст. Соли 1974 барои идома додани таҳсил дар аспирантура ба Донишгоҳи давлатии Қазон (Федератсияи Россия) фиристода шудааст.

Баъди хатми аспирантура таҳти роҳбарии олими шинохтаи рус, Арбоби шоистаи илми Федератсияи Россия, барандаи ҷоизаи ба номи Б.А. Чебишеви АИ Россия, профессор Борис Лукич Лаптев, рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «К геометрии пространств опорных векторных и ковекторных плотностей» дифоъ менамояд ва то соли 1993 ба ҳайси дотсенти кафедраи геометрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Устод Сатторов соли 1993 ба Донишгоҳи давлатии Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба кор даъват мешавад. Дар ин ҷо сараввал ба ҳайси мудири кафедраи алгебра ва геометрия, баъдан дар вазифаҳои муовини ректор оид ба иқтисод, муовини ректор оид ба илм, Директори маркази компютерии Донишгоҳи мазкур адои вазифа менамояд. Профессор Сатторов алҳол дар кафедраи алгебра ва геометрия кор мекунад.

Ин донишманди пуркор пайваста ба пажӯҳиш машғул шуда, соли 2011 дар мавзӯи «Дидактические идеи учёных естествоиспы- тателей Ближнего и Среднего Востока IX – XVII в.в. и их внедрения в процессе обучения математики» дар Шӯрои диссертатсионии назди ДДБ ба номи Носири Хусрав рисолаи докторӣ дифоъ намуд.

Устод Абдурасул Сатторов дар олами маонӣ, нумӯи улуми дақиқ бештар аз 30 китоби дарсиву дастурҳои методӣ, наз-дик ба 350 шумур мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ, зиёда аз 15 барнома, 10 дастури таълимӣ ва вобаста ба ин масоил 7 монографияи илмӣ навиштааст, ки қисми зиёди онҳо дар нашрия ва маҷаллаҳо нашр гардидаанд.

Профессор Сатторов дар тарбияи кадрҳои илмӣ низ саҳми арзанда дорад. Зери роҳбарии ӯ 8 нафар олимони ҷавон рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд ва якчанд нафари дигар ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ машғул буда, омодаи ҳимоя мебошанд.

Устод шахсияти нотакрорест, ки ба шогирдон роҳи дурусту мақсаднокро нишон дода, бо ҷиддияти том, вале самимияти хоса онҳоро ба роҳи донишандӯзӣ дилгарм месозад.

Ба устоди бузург Абдурасул Сатторов дар ин фасли баҳори нозанин беҳтарин таманниёти дунё – офияти бадан, сарбаландию некномӣ саодати рӯзгор ва комёбиҳои беназири илмию эҷодӣ орзу менамоем.

Имомалӣ АБДУЛЛОЕВ,
омӯзгори коллеҷи омӯзгории
ДДБ ба номи Носири Хусрав

Умри бобаракат