Шоми 14 апрели соли 2022 дар маҷлисгоҳи хобгоҳи донишҷӯён бо ташаббуси факултети таърих ва ҳуқуқ дар якҷояги бо Созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ шабнишинӣ дар шакли Викторинаи саволу ҷавоб баргузор гардид.

Дар викторина зиёда аз 40 нафар донишҷӯён иштирок намуда, савияи дониши хешро санҷиданд.
Иштирокчиёни фаъоли викторина дар охир бо Сипоснома, мукофотҳои пулӣ ва китоби “ТОҶИКОН”-и қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар вазъияти хотирмон қадрдонӣ гардиданд.