Ҳамин ҳоло 22-уми апрели соли 2022 соати 9:23 хабари марги Саидмурод Табарӣ, директори Маркази таҳсилоти фосилавии ДДБ ба номи Носири Хусрав аҳли кормандони донишгоҳро ғамгин кард, ки дар ин мусибати ғамангез худро шарик меҳисобанд.

Ҷояш ҷаннат ва манзили охираташ обод бод!

Шарҳи ҳол:
Саидмурод Таваров (тав. 18. 10. 1960, д. Навкори н. Коммунистӣ (ҳоло Кӯшониён), номзади илми педагогика (2009), дотсент, Аълочии маорифи Тоҷикистон (2000), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001).
Таҳсил дар МТМУ-и № 13-и н. Коммунистӣ (1067–1977). Корманди идораи савдои ш. Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар (1977–1978). Хатмкардаи факултети физикаи филиали ИДПД ба номи Тарас Григоревич Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) дар ш. Қуғонтеппа (ҳоло ДДБ ба номи Носири Хусрав, 1983).
Ассистент, омӯзгор, муаллими калони «Кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ» (1983-–987), муовини декани факултети физика (1987-1990; 1992–1994), сардори шуъбаи таълими (1994–2000), декани факултети физика (2000–2005), декани факултети омӯзгории таҳсилоти ғоибона (2005–2008), муовини сардори раёсати таҳсилот (2008–2009), муовини директори Маркази таҳсилоти ғоибонаи донишгоҳ (2009–2012).
Аз соли 2012-то ба ҳол ба вазифаи директори Маркази таҳсилоти фосилавии ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият менамуд.
Возможно, это изображение 1 человек