Имрӯз бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсияи ДДБ ба номи Носири Хусрав суҳбат – вохӯриро бо хатмкунандагони факултетҳои донишгоҳ роҳандозӣ намуд.
Дар ин суҳбат-вохӯрӣ Холназар Шамсуллозода, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илми-педагогии донишгоҳ зимни вохӯрӣ бо хатмкунандагон оид ба иҷроиши рисолаҳои хатм ва ҷалб намудани донишҷӯён ба зинаи магистратура ёдовар шуд.
Ёдовар мешавем, ки ин суҳбат-вохӯрӣ бо хатмкунандагони факултетҳо то 27-уми апрели соли 2022 идома мекунад.
  • МАГИСТРАТУРА – ДУВУМИН ЗИНАИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТ
Магистр – тахассус, дараҷаи академӣ аст (дар баъзе кишварҳо – дараҷаи илмӣ буда, мастерат номида мешавад), ки ба донишҷў баъди хатми муваффақонаи магистратура дода мешавад. Дараҷаи магистр омўзиши амиқу жарфтари маводи назариявиро дар асоси тахассуси интихобнамуда пешбинӣ мекунад.
Аксаран таълиму таҳсилро дар магистратура донишҷўёне идома додан мехоҳанд, ки минбаъд нияти ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шудан доранд ва ё дар низоми макотиби таҳсилоти олӣ ба кору фаъолият пардохтанианд.
Барои шахсоне, ки ихтисосеро интихоб кардаанд, ки ба дипломашон мувофиқат намекунад, мутобиқи талаботҳои муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ оид ба таҳсил дар магистратура имтиҳоноти ҳатмӣ пешбинӣ карда мешаванд.
Агар қабули довталаб ба магистратура бо вақту замони хатми мактаби таҳсилоти олӣ мутобиқат кунад, он гоҳ ба сифати имтиҳон дар магистратура натиҷаҳои имтиҳоноти давлатии ҳатмӣ ба эътибор гирифта мешавад.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ
Давлатбек Қурбонов, Султон Аминов и ещё 77
Комментарии: 17