Ман, Рустам Ҳайдарзода хатмкардаи МТМУ №7-и шаҳри Роғун тӯли 4 сол аст, ки дар факултети техникӣ ва технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳсили худро идома дода истодаам, то ки дар оянда ҳамчун шахси соҳибидроку худшинос фаъолият намуда, дар тараққиёти ин сарзамини нотакрору биҳиштосо саҳми худро гузорам.

Дар амалӣ гардидани ин мақсаду маром устодони ботаҷрибаи донишгоҳ раҳнамову ҳидоятгари мо, донишҷӯён мебошанд, ки пайваста дар таълиму тарбияи ҳазорҳо нафар ҷавонони соҳибмаърифат ҷаҳду талош доранд. Бояд тазаккур дод, ки дар донишгоҳи мо барои омӯхтани илму дониш шароити хубу замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Илова бар ин, дар донишгоҳ марказҳои кандакорӣ, коркарди чӯбу тахта, кору фаъолият менамоянд, ки ин ба мо толибилмон ба ғайр аз омӯзиши касби хеш, инчунин, барои азхудкунии ҳунарҳои миллии аҷдодӣ имкон фароҳам меорад.
Ҳамаи ин шароитҳои мавҷуда мо донишҷӯёнро водор месозад, ки дар рафти пурра ба таҳсил фаро гирифтан вақтҳои холии хешро барои корҳои муфид сафарбар намоем. Ҳамчун донишҷӯи фаъоли донишгоҳ бо боварии комил ва ифтихори самимӣ гуфта метавонам, ки дар интихоби касб ва ҳам донишгоҳ саҳв накардаам ва тамоми кӯшишу ғайрати худро барои сазовор гаштан ба боварии устодонам равона месозам.
Рустам ҲАЙДАРЗОДА,
донишчӯи курси 4-уми ихтисоси таълимоти касбӣ (нақлиёти автомобилӣ)
Возможно, это крупный план (1 человек)