Интихоби пешаи дурусту манфиатбахш тамоми умр ба инсон шодию сурур, рӯзгори осоишта ва хонаи обод меорад. Ҳар шахс ҳанӯз аз овони мактабхонӣ дар дил фикри интихоби пешаи асосиро мепарварад. Ин андешаи бузург бояд аз аввал дар дили ҳар инсон бедор гардад. Зеро равшании ҳар рӯзи мо аз оғози саҳари он маълум мегардад. Интихоби касб низ табиатан дар дили кас пайдо мегардад.

Интихоби касб бояд дурандешонаву ҷиддӣ пайдо гардад, зеро барои омӯхтану соҳибкасб гаштан машаққатҳои зиёд пеш меоянд. Барои омӯхтани касб ба ҳамаи он машаққату азиятҳо тобовар будан лозим аст.
Агар кас пешаи дурустро интихоб карда меҳнат намояд, пас ӯ ҳамеша ҳама гуна дарду ранҷро аз сари худ дур карда метавонад. Илова бар ин, пешаи дурусту пурмаҳсул ва ҳунари воло чун давлати поянда ва чашмаи афзоянда ба кас танҳо хушбахтӣ ва ободиву нур меорад. Ман низ орзу мекардам, ки рӯзе соҳибкасб гардам.
Аз ин лиҳоз, ҳуҷҷатҳоямро ба ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав супоридам ва донишҷӯи ин донишгоҳ гардидам. Ман ба хубӣ дарк намудам, ки хатмкардагони ин ихтисос метавонанд дар воситаҳои ахбори оммаи вилоят ва берун аз он фаъолият намоянд.
Ифтихор мекунам, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳсил карда истодаам, чунки дар донишгоҳ барои мо донишҷӯён тамоми шароит барои таҳсил ва иштирок дар озмуну маҳфилҳои фаннӣ ва олимпиадаю чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ фароҳам оварда шудааст.
Дилноза ШОМАҲМАДЗОДА,
донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси рӯзноманигорӣ
Возможно, это крупный план (1 человек)