Имрӯз аз ҷониби Дилором Давлатова, раиси бонувони донишгоҳ дар факултети химия ва биологияи донишгоҳ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён суҳбат-вохӯрӣ дар мавзуи “Баробарҳуқуқии зану мард-кафолати оилаи солим!” гузаронида шуд.
Гуфта шуд, ки оила дар ҳама давру замон ҷиҳати ташакулёбии ҷомеа ва рушди фарҳангу маънавиёти миллату давлатҳо нақши созгор дорад. Зеро калиди ҳамагуна дастоварду пешравии ҷомеъа, оилаҳои солиму устувор ба шумор меравад.
Инчунин омӯзгорону донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.