Пас аз сипари шудани моҳи шарифи Рамазон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ Иди саиди Фитр қайд карда мешавад. Халқи тоҷик, ки аз қадимулайём бо доштани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва додани хайру садақот ҳамчун рукни асосии фазилати инсонӣ умр ба сар бурдаанд, дар охири моҳи шарифи Рамазон низ бо додани садақа ва фитри рӯза ба шахсони эҳтиёҷманд даст ба кор мезананд.
Паёмбар (с) яке аз беҳтарин марди хайрхоҳу накукор ба ҳисоб рафта, ба ҷо овардани хайру сабақаро амалҳои неки инсонӣ ҳисобида мефармояд: Беҳтарин ва дӯстдоштатарин амалҳои солеҳ дар назди Худо он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом диҳад. Ҳамчунин, расули Худо (с) пурсида шуд: Кадом садақа беҳтар аст? Фармуд: «Садақае, ки дар моҳи Рамазон бошад». Расули Худо (с) дар моҳи мубораки Рамазон беш аз дигар моҳҳо ба бахшишу эҳсон мепардохт.
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз орад ҷаннати сарбастаро.
Ҳамчунин аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо фармуд: «Парастори ятиме аз хешовандонаш ё бегонагон бошад, ин ду нафар дар биҳишт ба ман наздик мебошанд».
Бояд аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки марде назди Расули Худо омад ва аз беҳаёии дилаш шикоят кард. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба ӯ фармуд.«Агар хоҳӣ, ки дилат нарм гардад, бечораро таъом деҳ ва сари ятимро сила кун».
Моҳи Рамазон моҳи хайру савоб ба ҳисоб рафта, тавре ки Паёмбари ислом дар ҳадиси худ зикр намуданд, эҳсонкорӣ гирифтани дасти ятимону барҷомондагон ва бечорагон додани садақа яке аз беҳтарин амалҳои инсонӣ ва амалҳои савоб ба ҳисоб меравад.
Афроди савобҷӯ кушиш мекунанд, ки ҳарчи бештар корҳои савобро анҷом диҳанд, ятимону мӯҳтоҷонро дастгирӣ кунанд.
Албатта анҷом додани корҳои хайру савоб ва накўкорӣ дар баёнияҳои башарӣ аз асоситарин фазилати инсонӣ зикр гардида, инсонҳо бо анҷом додани чунин аъмол натанҳо кори савоб, балки дар пешрафти ҷомеаи башарӣ ва мустаҳкам кардани пояҳои инсондўстӣ, ваҳдату ягонагӣ саҳм мегузоранд.
Ҳар кӣ ўро хайр одат мешавад,
Бегумон умраш зиёдат мешавад.