Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. (Модаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Мафҳуми Ватан ва ватандӯстӣ барои ҳар як миллату қавмҳо хеле азиз буда, мазмуни хеле амиқ доранд. Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон аст. Вақте мо калимаи Ватанро ба забон меорем, Модар пеши назар меояд зеро агар модар моро ба дунёи ҳасти оварда бошад. Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғуш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳост.
Ватан дар баробари модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Вақте мо дар бораи ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан пеши назар меояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намудааст: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омухта, муқадастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд!».
Мо бояд аз мактаби наслҳои калонсол, сабақи ватандорию бунёдкориҳо омӯзем. Дӯстию рафоқат, ҳамкорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсиву ҳусни тадбир, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзиву худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҷавонони мо бошад.
Тоҷикон аз шумораи он миллатҳоянд, ки марзу буми худро хеле дӯст медоранд ва барои ҳасти он ҷонисорӣ мекунанд. Ватан ин ҳамон қаламравест, ки дар тулии ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд.
Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо душманони миллат ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзи нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абадӣ рафтаанд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чоллок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат мекунанд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи муносиби хешро гузошта истодаанд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад.
Муҳофизати Ватан, муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои номовари мост, ки заҳматҳои пайвастаи эшон Тоҷикистони азизи моро имрӯз ба ҷаҳониён муаррифи намудааст ва мо дар фазои осоиштаи он умр ба сар мебарем.
Ҳадаф аз ташкили Артиши миллии Тоҷикистон ин таъмини амният дар кишвар ва муҳайё сохтани фазои осоишта ба мардуми ин диёр аст. Пас эй ҳамватан биёед бо ҳам сарҷамъ шуда, баҳри ҳифзи марзу буми диёри аҷдодиямон камари ҳиммат бандем.
Мо ҷавонон, низ ҳамаи кушишу ғайрат ва корнамоиҳои Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишварамонро, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд саҳми беназир гузоштаанд пазироӣ намуда, дар атрофи ин шахсияти бузурги таърихӣ мутаҳид ва пайравӣ воқеъи мебошем!
Возможно, это изображение 1 человек, на открытом воздухе и текст