Зери ин унвон имрӯз, 13 майи соли 2022 дар Факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҷавонон дар масири иқтиқлол” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Эмомалӣ Набизода, раиси созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ, Шодмон Бақоев, декани факултет, мудирони кафедар, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мизи мудаввар гууфта шуд, ки масъалаи дастгирӣ ва таъминоти иҷтимоии ҷавонон дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи устувор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҷавонон ва масъалаҳои перонуми онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Сипас, Э. Набизода дар мавзуи “Инъикоси масоили ҷавонон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, М. Муминзода, раиси созмони кор бо ҷавонони факултет, дар мавзуи “Ҷавонон муарифкунандаи давлату миллат ва ояндасозони имрӯзу фардои ватан” ва Н. Нилов, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси омор дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ” маърӯза намуданд.
Дар охири чорабинӣ ба омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли факултет бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ
Бахтовар Шарипов, Комрони Бахтиёр и ещё 47
Комментарии: 12
Нравится

Комментировать