Дар ҳаёт ҳама чиз зебову табиӣ ба назар мерасад, ки ин хуб аст. Баъзе ҳолатҳо аз хусусияти чизе дар ҳайрат мемонем ва ба андеша фурӯ меравем, худ ба худ мегӯем, ки оё ин муъҷизаофару ғайриоддӣ бошад.

Аз он намеандешем, ки табиат ва хусусияти офарандагиаш ҳамин аст. Масалан, ҳангоми дар Раёсати таҳсилоти донишгоҳ кор карданам, гулбутаеро бо номи кактус парвариш мекардам, хорҳои на он қадар калон дошт, баробари дигар гулҳо обаш медодам, парвариш мекардам, аммо дар ҳаётам шукуфтанашро надида будам яъне гулу бӯй, ки надошт, дар назарам як чизи оддӣ метофт.
Аз байн чанд ҳафтаву, моҳ ва ҳатто се сол гузашт, гулаки ба ноз парваридаам, калон шуд. Субҳгоҳӣ фасли баҳор чун ба ҷойи кор ҳозир шудам, диққатамро ин гулаки хоргинам ба худ ҷалб кард.
Магар чӣ гуна? Гулеро, ки аз хор пур буд, дар болояш ду гули шукуфони рангаш сафеди зебои баҳориро дидам. Ман, ки худ бори аввал гул кардани растании кактусро дидам, дар шигифт мондам.
Оҳиста-оҳиста ҳамкорон низ ба кор омадан гирифтанд, аз дидани ин манзара ҳама лаб мегазиданд ва хушҳолии хешро ниҳон дошта наметавонистанд. Худ ба худ гуфтам, танҳо ман набудаам, ки гул кардани кактусро бори аввал бубинам, сафи мо бештар будааст.
Хулоса, ин гулак имрӯз гӯё ки бароямон нодир аст. Ҳар нафаре, ки вориди идораи раёсати мо мегардад, аз дидани ин гул дар ҳайрат ва баъдан табъаш болида мемонад. Ман низ аз манзара хушҳолу болида мегардам. Шумо низ дар расм бубинед, агар надида бошед умедвор ҳастем иброз намудани таасуроти хешро дареғ намедоред.
Мастона Сайдализода,
котиб-аператори Раёсати таҳсилот