Вақте сухан дар бораи ҷавонон меравад, бевосита гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар мерасад. Пешвои азизу маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон суханрониҳои зиёд намуда, аз ҷумла қайд намудааст, ки “Мо бояд тамоми шароитҳоро барои ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муҳайё гардонем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем”.
Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри хомӯш намудани оташи Ҷанги шаҳрвандие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дода буд, кӯшишҳои зиёд намудааст ва барои таъмини сулҳу бехатарию зиндагии озодонаи ҳар як фарди кишвар заҳматҳои зиёд кашидааст.
Дар қатори ин барои гулгулшукуфоии кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол хизматҳои бузург намудааст. Маҳз бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат, соли 2017 соли ҷавонон эълон гардид, ки ин як ҷаҳон фараҳу шодӣ барои ҳар як ҷавони кишвар буд. Ҷавонони кишвари мо пеш аз оне, ки мехоҳанд ба ояндаи Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошанд, онҳо бояд кӯшиш намоянд, ки муассисаҳои таълимиро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, баъди хатми он бошад, таҳсили худро дар муассисаҳои олии кишвар идома диҳанд. Ҳар як ҷавони кишвари мо ҳаққи хизмат кардан ба падару модар, инчунин ба ватани хешро дорад.
Дар ҷомеаи имрӯза ҳастанд ҷавононе, ки аз рӯйи нодонии худ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла терроризм ва экстремизм шомил гардида, зиндагии ширини худро ба коми бадбахтию нокомӣ мебаранд.
Бояд гуфт, ки ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои бадхоҳ дохил мегарданд, онҳо натанҳо ояндаи хешро тира месозанд, балки падару модари худро низ ба маҳзунию сиёҳии рӯзгор мекашонанд. Аз ин рӯ, ҷавонони кишварро зарур аст, ки қадру қиммати худро дар назди падару модар ва аҳли ҷомеа гум накарда, аз тамоми шароитҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо фароҳам овардааст, хубтару беҳтар истифода баранд.
Ҷавонони кишвари мо ки пайравони Пешвои миллатанд, бояд ҳамеша саъю кӯшиш намоянд то ки ояндаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро боз ҳам зеботар гардонанд. Ҷавонони бунёдгузори имрӯзу фардои ҳар як давлату миллат мебошанд. Аз ин рӯ онҳо бояд барои пойдории сулҳу суботи кишвар саҳме дошта бошанд ва мавқеъи хешро дар ҷомеаи имрӯза пайдо намоянд.
Дилнозаи Бекмурод,
донишҷӯи курси якуми факултети филологияи тоҷик
Возможно, это изображение 11 человек и люди стоят