Ба донишҷӯёни таҳсилоти фосилавии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, ҷиҳати ҳамкорӣ ва шиносоӣ аз мазмуну муҳтавои рӯзномаи “Фурӯғ» , ки нашрияи соҳавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад дастрас намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки 1 – уми сентябри соли 2000-ум шумораи нахустини рӯзномаи «Фурӯғ» ба чоп расид. Рӯзнома дар тӯли фаъолияташ василаи таъмини иттилоот ва минбари озоди гуфтор ба роҳи дурусти зиндагӣ барои ҳар фарди ҷомеа, алалхусус ҷавонони ДДБ ба номи Носири Хусрав мебошад.

«Фурӯғ» дар тӯли фаъолияти худ ба инъикоси рӯзмарраи ҳаводиси рӯз, таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами давру замон, тасвири чеҳраҳои кору пайкор, инсонҳои ҷӯяндаву созанда ва амсоли ин сару кор гирифта, ба ин васила дар таъмини иттилоотонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии ҷавонон, бедории ҳисси миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ нақши муҳим гузоштааст.

Нашрияи «Фурӯғ» аз он нашрияҳоест, ки дар тӯли фаъолияти худ асосан, дар формати А-3 ва дар ҳаҷми 8 саҳифа бо теъдоди 10 000 нусха интишор мешавад. Ба ҳукми анъана даровардани рубрикаи «Саҳифаи донишҷӯ» ва «Санҷиши қалам» ба ороиши нашрия ҳусн тоза бахшида, шеваи шаклии онро хоса гардонидааст. Зери ҳам омадани ин ду рубрика хеле мантиқӣ баромадааст. Хонандаи закӣ аз мутолиаи маводҳои «Саҳифаи донишҷӯ» ва шеърпораҳои «Санҷиши қалам» лаҳзае ба худ меояд, дар фикри созандагӣ ва накукорӣ мешавад. Матолиби зери рубрикаи «Резаахбор» нашршуда аз муваффақиятҳо, созандагиҳо, иқдомҳо, ободкориҳо ва амсоли ин мужда медиҳанд.

Все реакции:

2525