Эҳё ва бузургдошти ҷашнҳои миллиии мардум, ки тӯли ҳазорсолаҳо аз ниёгонамон ба мерос мондааст ва дар онҳо як ҷаҳон сунатҳои волои инсонӣ таҷассум ёфтааст, аз ҳар ҷиҳат боиси дастгирӣ ва омӯзиш мебошад.

Ҷашни Сада – яке аз ҷашнҳои эронитаборон ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи даҳи баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд.

Аз рӯйи пиндори олимон тақрибан ёздаҳ ҳазор сол пеш дар қисмати шимолии Осиё, яъне ватани бумии қабилаҳои сершумори ориёӣ давраи яхбандиҳои тӯлонӣ ва сардиҳои даҳшатнок омада, зиндагии осудаҳолонаи онҳоро сахту душвор намудааст. Рӯдҳои паҳновари Об ва Енисей, ки дар маркази ватани нахустини онҳо қарор дошт, бар асари сардиҳо ях баста, хунукиҳои зимистон то даҳ моҳ тӯл мекашид. Чарогоҳҳои сарсабз зери барфҳои абадӣ монданд, ҷангалзорҳои анбӯҳ ва дарахтони ёбоӣ дигар ҳосил намедоданд ва мурдану талаф ёфтани чорво меафзуд. Метавон тахмин зад, ки дар замони яхбандии ёздаҳ ҳазор сол пеш рӯйдода ориёиҳо аз паҳноҳои Сибир ва доманкӯҳҳои Урал сарозер шуда, дар канораҳои баҳри Хазар ва Осиёи Миёна сокин гаштаанд.

Мафҳуми Сада дар забони авастоӣ ба маънои «баромадан ва тулуъ кардан»-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро (пас аз Шаби ялдо) тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр бидонем метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳиллумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист (дар ҳамаи остонҳои кишвар ва сарзаминҳои эронӣ дониста мешавад).

Оид ба истилоҳи «Сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки: “Сада вожаи форсӣ аст. Дар паҳлавӣ бояд ба шакле аз ин ашкол: сат (sat), сатаг (satag)садҳаг (sadhag) буда бошад. Дар арабӣ ба сурати сазақ ё садақ китобат ва талаффуз мешавад. Дар форсии миёна ва форсии бостон ва Авесто ба ҳар ҳол вожаи сата (sata) ба маънии сад, адади сад мебошад, чунонки дар форсӣ низ Сада ба маънии сад сол дар баробари қарн ба кор меравад”.

Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Дар «Авесто» аз маҳали сукунати минбаъдаи қабилаҳои ориёӣ, аз ҷумла бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён, сакоиҳо маълумоти нодире маҳфузанд, ки бо номи қаламрави зисташон зикр шудаанд. Ориёиҳо аз ғояти сармо ва хунукиҳои шадид маҷбур мешаванд, ки «Аирйанам Ваеҷаҳ»-и беамсолро тарк карда, дар саргаҳи «Гава, макони суғдиён», «Моуруи (Мари) тавоною ростипараст», «Баҳдӣ (Бохтар) зебо бо дирафшҳои афрошта», «Нисайа, ки байни Моуру ва Баҳдӣ воқеъст», «Ҳарайва» (Ҳирот) ва кишварҳои дигар то мавзеи Ҳинд, «кишвари Гургониён ва Роғ» (шимоли шарқии Мод) паҳн шуда, дар ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна, Афғонистони кунунӣ маскан бигиранд. Дар «Меҳр Яшт» (Яшти 10) омадааст, ки сипаҳбадони мағлубнашавандаи онҳо корзорҳои беададе месохтаанд, кӯҳҳои баланди пурчарогоҳаш ба касони парастори чорпоён хизмат мекардаанд. Кӯлҳои булӯринаш ба масоҳати бузург паҳн шуда, дарёҳои васеи пуробаш сӯйи Ишкату Нарут, Ҳироту Марв, Ғави Суғд ва Хоразм равон буданд».

Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Унсурӣ

Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 5000 сол пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он — гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.

Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.

Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Бино ба тадқиқоти олими мардумшинос ва мутахассиси фолклор Равшан Раҳмонӣ таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад.

Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.

Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд.

Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.

Наврӯз – оғози баҳор (21-22 март), Меҳгон – поёни фасли кишоварзӣ (8-13 октябр) ва ниҳоят ҷашни Сада, ки дар зимистон фаро мерасад оѓози киштукорро шањодат медињад (29-30 январ).

Дар сарчашмаҳои мутамад аз ҷумла дар фарҳанги «Ғиёс-ул-луғот» – омадааст: «Дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман бошад», бинобар маълумоти Абдулҳай Гардезӣ (аз «Зайн-ул-ахбор»), ки сабаби Сада ном ниҳодаи ҷашнро «миёни ин рӯз ва миёни Наврӯз Сад шабонарӯз бувад, яъне 50-рӯзу 50-шаб».

Дар фарҳанги «Сироҷ-ул луғат»-и Сироҷиддин Алихон Орзу омадааст: «Сада даҳуми рӯзи баҳман: чун дар он рӯз адади фарзандони одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида, лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда».

Ҳамчунин муаррихон ва алломаҳои гузашта аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия», Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор», Ибни Миска- вайх дар «Таҷриб –ул-умум» – оиди таърих ва бунёди ҷашни Сада маълумот овардаанд. Ҳакими Тусӣ дар достони «Ҳушанг» боби махсусеро бо унвони «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада», эҷод кардааст. Аз навиштаҳои олимон бармеояд, ки онҳо аксар аз замонҳои қадим ниёгони мо анъанаҳои мардуми хешро идома дода ва эҳтиром менамоянд. Гузоштани шамъ дар ҷашнҳои гуногуни мардуми аз ҷашни Сада сарчашма мегирад.

Таърихнигори замони Сомониён Муҳаммади Наршахӣ хабар медиҳад, ки дар Бухоро бо номи «Шаби Сурӣ»- оташи калоне фӯрузон карда мешуд ва он ҷашни Садаро хотирнишон мекард зеро дар асри X дар Эрону Хуросон ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати бузурге пешвоз мегирифтанд ва гулханҳои бузург фурӯзон мекарданд.

Ба ақидаи муаррихи шарқшинос Е.Э. Бертелс ороиши арчаи солинавӣ, танҳо дар асри XVII дар Аврупо маълум гашт, инъикоси ҳамон дарахти ҷашнии Сада мебошад.

Ин ҷашн дар замони Ҳахоманишиҳо ва Сосониёну Сомониён хеле густариш ёфта, ба дигар кишварҳо бо роҳи муомилоти савдои роҳи Абрешим паҳн мегардад.

Оид ба истилоҳи «Сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки: “Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегирад. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст: Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳман моҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишорати таърих ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташе бузург баргузор мешудааст.

Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушоракат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Аз шаби таваллуди Хуршед пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд”.

Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни “масленница” роиҷ аст. Ҳамин тавр чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30-юми январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз50 рӯз, яъне21-уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.

Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд.

Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова дохил намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30-юми январ дар ҷумҳурӣ Ҷашни Сада таҷлил мегардад.

Дар бораи ҷашни Сада Пешвои миллат чунин иброз медорад: “Дар миёни сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст”. (Эмомалӣ Раҳмонов. “Нигоҳе ба таърих ва таммадуни ориёӣ”, 2006, С.263).

Дар Тоҷикистони мо низ баъд аз касби истиқлолият давлати тозабунёд роҳро барои эҳёи расму ойинҳои миллӣ ҳамвор кардааст ва барои таҷлили ин ҷашнҳои бостонӣ ҳеч монеае вуҷуд надорад. Дар ин муддат бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз ба ҷашни байналмилалӣ мубаддал шуд ва ҷашни Меҳргон низ эҳё гардид.

Акнун дар радифи ин ду ҷашни миллӣ фурсати бисёр муносиб фароҳам шудааст, ки ҷашни Сада низ бо шукӯҳу шаҳоматаш дубора барқарор гардад. Чунон ки дар ибтидо зикр кардем, ин се ҷашни миллӣ реша дар тағйироти табиату кайҳон дошта, ҳеч рабте ба ақидаҳои динӣ надоранд, балки адёни куҳан, ба монанди ойини меҳрпарастӣ, зардуштия, масеҳият ва ҳатто ислом дар бархе мавқеъ таҳти таъсири ин ҷашнҳо қарор гирифта, аз ин маросимҳо таъсир пазируфтаанд.

Давлаталӣ Алимов,

доктори илмҳои таърих, профессор,

мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав.

Возможно, это изображение текст «сада омад, ки туро мужда дихад аз навруз!»

Все реакции:

2020