Факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ озмуни «Донандаи беҳтарини ашъору осори Носири Хусрав»-ро таҳти унвони «Салом кун зи ман, ай бод, мар Хуросонро…» баргузор менамояд.
Дар озмун донишҷӯён, магистарантҳо, унвонҷӯён ва докторони Phd имкони иштирок карданро доранд.
Шартҳои озмун чунинанд:
- Аз бар намудани ашъори Носири Хусрав;
- Тарзи дуруст хондани шеърҳои шоир;
- Шарҳу тафсири луғатҳо;
- Мутолиаи осори насрии Носири Хусрав.
Ғолибони озмун бо туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Все реакции:
1616