Имрӯз 19-уми апрели соли 2023 дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба ба номи Носири Хусрав конференсияи илмию назариявӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, деканҳои факутетҳо ва мудирони кафедраҳо, профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор шуд.

Конференсияи мазкур бо сухани ифтитоҳии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оғоз гардид. Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки ҷустуҷӯи илм ва дар амал татбиқ гардонидани он дар ҳама давру замон нерӯи тавоно, пуриқтидор ва наҷотбахши иҷтимоъ маҳсуб меёфта инсони соҳибхирад бо ниҳоди офаранда ва ғановатмандии сиришти ботинӣ маҳз, тавассути илму дониш, ақлу хирад рушд ёфта, ба ин васила нишоти зиндагӣ ва саодати рӯзгорро комёб шудааст.

Дар конференсияи мазкур Саиднуриддинзода Аҳлиддин, дар мавзуи “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии донишҷӯён дар ҷараёни омӯзиши таърихи ватанӣ”, Қувватов Файзиддин, дар мавзуи “Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои обии Тоҷикистон”, Саидзода Диловар дар мавзуи “Дурнамои ҳалли таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат” ва маърузаи Сафаров Шоҳин дар мавзуи “Хосиятҳои адсотсионии системаи сеҷузъа дар раванди намноккунии буғҳои об дар ҳарорати хона” шунида шуд.

Сипас, барои тасдиқ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ ба як гурӯҳ омӯзгорон қадрдонӣ шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки ҷаласаҳои бахшҳо дар 45 кафедра доир шуда, корҳои илмию таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

и ещё 8

Все реакции:

9595