Гузаронидани “Дави миллӣ”, ки ҳамасола дар кишварамон роҳандозӣ мегардад, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимми ривоҷу равнақи варзиш ва оммавигардонии он мебошад.

МДТ “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав”, барои иштироки фаъолона бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, қадрдонӣ карда шуд.

Азимов Диловар донишҷуи курси 1 уми факултети Педагогика ва варзиши донишгоҳ, миёни ҷавонон сазовори ҷои 3-юм гардида, бо Дипломи дараҷаи 3 қадрдонӣ шуд.

Шукурзод Ҷамшед ва Давлатбек Қурбонов, барои иштироки фаъолона бо Дипломи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, қадрдонӣ гардиданд.