Устодон ва ҷавонони гиромиқадр, ҳозирини арҷманд! Ҳамасола санаи 23 май дар кишвари маҳбубамон- Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Ман ҳамчун роҳбари муассиса ифтихор аз он менамоям, ки имрӯз беш аз 80%-и кормандону донишҷӯёни донишгоҳро ҷавонони саодатманд ташкил дода, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, рақобатпазирии мутахассисон дар бозори меҳнат, бо чунин неруи созанда якҷо…
МуфассалҚамаров Фарух, донишҷӯёи курси 4-уми ихтисоси география – демографияи факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар Озмуни ҷумҳуриявии МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” иштирок намуд, ки зимни натиҷагирӣ аз руйи равияи “География” ишғоли ҷойи 3-юм дониста шуд.
МуфассалГузаронидани “Дави миллӣ”, ки ҳамасола дар кишварамон роҳандозӣ мегардад, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимми ривоҷу равнақи варзиш ва оммавигардонии он мебошад. МДТ “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав”, барои иштироки фаъолона бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, қадрдонӣ карда шуд. Азимов Диловар донишҷуи курси 1 уми факултети Педагогика ва варзиши донишгоҳ,…
МуфассалИмрӯз дар китобхонаи бинои асосии донишгоҳ бо ташаббуси Раёсат ва нақшаи кории Асостсиатсияи хатмкунандагони донишгоҳ авввалин суҳбат-вохӯрӣ бо собиқ хатмкардагони муваффақ баргузор гардид. Пеш аз оғози сухбат хатмкардагон аз шароитҳои имрӯзаи таълиму тадриси омӯзгорону донишҷӯён дидан намуданд. Суҳбат-вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оғоз бахшида, дар бораи дастовардҳои имрӯзаи донишгоҳ андешаронӣ намуд.…
МуфассалРӯзи 18-уми майи соли 2023 устодони донишгоҳ, бахусус омӯзгори факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Пиров Аламшо бо дипломи доктори илми фалсафа, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини ректор оид ба таълим Ҳамдамзода Хурсанд бо дипломи дотсентӣ, Раҳмонов Маҳмурод, омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ бо дипломи дараҷаи номзади илмҳои филология ва Сулаймон Саидов, омӯзгори кафедраи…
МуфассалАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста ба ҷавонон такя менамояд, ки боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад. Ин қишри ҷомеа қувваи бузург маҳсуб меёбанд ва дар амалишавии сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар нақши муҳиму асосӣ доранд. Зеро қисмати зиёди аҳолии кишварамонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин неруи…
МуфассалДар нашриёти ҶДММ “Матбаа”-и шаҳри Бохтар китоби тозанашри устод Искандар Икромов, зери унвони “Мухтасари саргузашти худам” рӯи чоп омад. Китоби макур хусусияти ёддоштӣ дошта, ҳаёту фаъолияти илмӣ ва омӯзгории адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Искандар Икромовро дар бар мегирад. Дар пешгуфтори китоб Сангимурод Шарипов, номзади илмҳои филологӣ ишора кардааст, ки устод Искандар Икромов низ дар умри 80…
МуфассалДар асоси нақшачорабинӣ бегоҳии 15-уми майи соли 2023 дар Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон намоишномаи саҳнавии “Зол ва Рудоба”-ро тамошо карданд. Намоишномаи “Зол ва Рудоба” аз рӯйи яке…
МуфассалИмрӯз 16-уми майи соли 2023 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати гузаронидани тақсимоти мутахассисон бо ҷойи кор суҳбат-вохӯрӣ бо хатмкунандагон баргузор шуд. Дар суҳбат-вохӯрӣ Дилбар Алихонзода, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Ғазалшо, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Муҳиддин Ширинзода, раиси Иттифоқи…
Муфассал