Омӯзгор рукни асосии таълиму тарбия буда, тарбиятгари наслҳо ва созандаи ақл аст. Ӯ чароғи нурест, ки зеҳнро бо дониш мунаввар месозад. Муаллим шахсест, ки шогирдро хондан, навиштан ва омӯхтанро меомӯзонад. Шогирдонашро аз илму дониш баҳравар месозад ва он касест, ки чархи донишро ба пеш тела медиҳад. Агар омӯзгор бошуур ва донишманд бошад, майли дониши наслҳоро васеътар мегардонад ва онҳоро аз фарҳанг огоҳ месозад.

Ислоҳоти ҷомеа аз ислоҳоти низоми маориф оғоз мешавад, ки дар он омӯзгор рукни асосӣ мебошад .

Дар ҷомеа яке аз вазифаҳои муҳим, ки омӯзгор онро ба ӯҳда дорад, нишон додани нерӯи ҷавонон ба роҳи дуруст мебошад ва ҳидоят намудани онҳо аз гумроҳӣ ва афтодан ба доми ҷаҳолат аст. Махсусан омӯзгор ба таъкид кардани нуктаҳои асосӣ, ки ҷавонон бояд риоя кунанд ва ҷойҳое, ки онҳо бояд аз онҳо канорагирӣ кунанд, онҳоро огоҳӣ месозад.

Омӯзгорони беҳтарин ба шогирдони худ аз таҳти дил таълим медиҳанд. Қиммати омӯзгор гаронтарин ҷоизаест, ки ӯ мехоҳад. Барои муаллим фармон додан аз таълим додан осонтар аст.

Тамоми мамлакат бар се қисми ҷомеа такя мекунад: деҳқоне, ки ӯро мехӯронад, сарбозе, ки ӯро муҳофизат мекунад ва муаллиме, ки ӯро тарбия мекунад.

Омӯзгорӣ – бузургтарин касб аст, чун ҳама касбҳоро аз ӯ меомӯзанд. Муаллимон муҳимтарин гурӯҳи ҷомеа ҳастанд, ки ба табибон, муҳандисҳо, ҳуқуқшиносон, муҳосибон, миллисаҳо, олимон ва ҳамаи гурӯҳҳои дигаро таълим медиҳанд.

Омӯзгор – зоҳидест, ки барои хидмати илм бурида шудааст, ҳамон гуна ки зоҳид барои хидмати дин бурида шудааст. Маҳз устодони мо ҳастанд, ки ба мо роҳи зиндагии хубро нишон медиҳанд.

Ҳаққи муаллимро қадр накарданд, ҳаққи падару модарро надонистан аст. Касе, ки касби устодашро пеш намебарад, шогирди беарзиш аст.

Омӯзгор, раҳнамо ва мутафаккир аст. Омӯзгорӣ касбест, ки масъулияти бузург дорад ва арзиши он бешумор аст. Омӯзгори хуб дар ҳакки ҳар як талаба ғамхорӣ мекунад.

Пешгузаштагони солеҳ ба устодони худ чунон эҳтиром доштанд, ки яке аз онҳо агар назди устодаш равад, ба Худо дуо мекард ва мегуфт: Худоё, айби устоди маро аз ман бипӯш ва баракати илми ӯро аз ман дур макун.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ба онҳо эҳтиром, ғамхорӣ ва шароити шоистаро фароҳам овардаанд.

Муаллим барои ба зеҳни шогирдонаш расидан аз сатҳҳои гуногун талоши зиёд мекунад. Муаллими хуб худро аз рӯи мизони маълумоташ андоза мекунад ва то чӣ андоза шогирдонаш ин маълумотро ба даст овардаанд. Омӯзгор чун шамъ худаш месузад, бо илму дониш ва ахлоқ роҳи дигаронро равшан мекунад.

Омӯзгор аввалин касе мебошад, ки нома навиштанро ба шогирдон меомӯзонад, аввалин қадами устувори мо ба сӯи майдонҳои дониш ва баҳрҳои маърифат бо шарофати омӯзгор аст.

Бисёри кишварҳо ва ҷомеаҳо ба муайян кардани рӯзе, ки дар он ҳамчун “Рӯзи омӯзгор” таҷлил мешавад, таваҷҷӯҳ доранд ва таҷлили ин рӯз эҳтиром нисбат ба омӯзгорон аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октоябри ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати бузург таҷлил мегардад.

Омӯзгор сазовори он аст, ки ба қадри заҳматҳои чандинсолааш як рӯзи идро ба ӯ бахшем. Мо аз омӯзгор фаҳмидем, ки муваффақият арзиш ва маънӣ дорад ва аз ӯ фаҳмидем, ки фидокорӣ ва самимият дар кор чӣ гуна аст.

Хуб аст, ки инсон дар зиндагиаш ҳадаф гузошта бошад ва аз ҳама зеботараш ин аст, ки омӯзгор дар ин ҳадаф Шуморо раҳнамоӣ мекунад ва шогирдон номи омӯзгоро баланд мебардоранд ва ӯро шӯҳратманд месозанд.

Чӣ қадар зебост, ки дар байни омӯзгорон зиндагӣ кардан, онҳо илмро ба оғӯш мегиранд, ҳаётро дӯст медоранд, душвориҳои илмро паси cap мекунанд.

Сархати Қуръони Карим ва ҳадис дар бораи устод:

Аз ҷумлаи далелҳои шаръӣ дар бораи аҳамияти муаллим ва тарбия инҳоянд:

Бо дарназардошти нақши асосие, ки муаллим дар нафъи инсон мебозад, аз ҳамин сабаб бисёр оятҳои Қуръонӣ ва ҳадиси шариф, ки аҳамияти илм ва муаллимро баён мекунанд, зикр шудааст ва барои ӯ иззату оромиш биомӯз ва дар баробари онон, ки ба ту илм меомӯзӣ, фурӯтан бош ва дар баробари онон, ки илм меомӯзӣ, фурӯтан бош ва аз уламои золим мабош, ки илмат бар пояи нодонии Шумо набошад.

Худованд дар оятҳои қатъӣ мефармояд: «Худо касонеро, ки аз Шумо имон овардаанд ва онҳоро, ки илм дода шудаанд, ба дараҷаҳо боло мебарад».

Ва он ҳазрат (с) дар мавриди худ гуфт: «Худо маро нафиристод, то якравӣ ва оштинопазир бошам, балки ба унвони устод ва роҳсоз фиристод».

Аз Имрон ибни Муслим ривоят аст, ки Умар ибни Хаттоб (р) фармуд: «Илм омӯзед ва онро ба мардум омӯзед.

Муаллим дар охират савоби фаровоне дорад, зеро он донише, ки дорад, ба мардум меомӯзонад ва барои он талош мекунад. Олимон ворисони паёмбарон ҳастанд ва ҳар кӣ аз онон илм мегирад, бояд онҳоро ва гузаштагони солеҳро эҳтиром кунад.

Онҳо қадри устодро медонистанд ва эҳтиром мекарданд, масалан, Имом Абуҳанифа аз рӯи эҳтиром ба сӯи хонаи устодаш (Ҳаммад) по дароз намекард ва Имом Шофеъӣ коғазҳои худро бо нарм варақ мегардонд, то ба устодаш Имом Молик халал нарасонад. То ин дараҷа шогирдон устодонашонро иззату эҳтиром мекарданд.

Касби омӯзгорӣ яке аз касбҳои олитаринест, ки паёми олиеро пешкаш мекунад. Зеро омӯзгор дар марҳилаи пайдоиш ва то марҳилаи камолот арзишҳо ва донишҳоро дар зеҳн ҷорӣ мекунад, бахусус, ки инсон солҳои дарози умри худро бо гирифтани дониш аз омӯзгор мегузаронад.

Касби омӯзгорӣ санги меҳварӣ ҳар кишвар ва ҷомеа аст, зеро омӯзгор на камтар аз нақши оила дар тарбия нақши калон дорад. Хусусан, ки он ба ҷуз аз таълиму дониш дар кӯдакон аз хурдсолӣ арзишҳо ва принсипҳоро меомӯзонад.

Ин аст, ки дар бораи омӯзгор гуфта мешуд (муаллим қариб паёмбар шуд) ва ин мақол натиҷаи заҳмати зиёдест, ки омӯзгор дар расонидани паёми худ мекунад.

Аз ин рӯ, нақши омӯзгор дар даруни ҳар як табиб, муҳандис, олим нақш бастааст, зеро бе омӯзгор ҳеҷ кас ба мақоми имрӯзааш дар ҷомеа намерасид.

Оре, омӯзгорӣ яке аз касбҳои душвортарин аст. Бо итминон мегӯям, ки касби омӯзгорӣ аз мушкилтарин касбҳост. Ҳатто ба касби сухторхомушкунӣ ташбеҳ дода метавонам!

Аз сӯйи дигар, ин яке аз ширинтарин ва ҷолибтарин касбҳост, зеро бо афроди мухталиф аз маконҳои мухталиф сарукор дорад, синну сол, кор ва таҷрибаи онҳо гуногун аст.

Омӯзгорон дар ҳаёташон бо шогирдони гуногун вомехӯрад. Ин кофӣ аст, ки вақте шогирдон ба омӯзгор мегӯяд, ки ман чизеро дар ҳаётам фоида кардам ё омӯхтам, омӯзгор худро хело шоду хушбахт эҳсос меҳисобад.

Вазифаи омӯзгорон тарбияи шогирдон аст, онҳоро таълим медиҳанд. рохнамоӣ мекунанд, ва хатогиҳояшонро ислоҳ мекунанд. Вазифаи падару модар ин аст, ки фарзандонро назорат кунанд то дар хона хонанд ва вазифаи хонагиашро иҷро кунанд.

Меваи омӯзгор шогирдонаш ба ҳисоб меравад. Таълим ва масъулияти муштараки омӯзгор, шогирд ва волидайн пешравии ҷомеа мебошад!

Билоли Ҳигматулло

докторант( PhD) – бахши 1-уми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав