ҒАВВОСЕ АЗ БАҲРИ ИЛМ ТАРКИ ИН ГЕТӢ КАРДА Шарҳи ҳол Муродиён Ҳасан Ғуломзода 20-уми сентябри соли 1958 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Вахш мебошад. Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро соли 1979 ба итмом расонидааст. Дар вазифаҳои муаллими забон ва адабиёти тоҷик, ҷонишини директор…
МуфассалТаъмини донишҷӯён бо хобгоҳ яке аз масъалаҳои муҳим ва асосии Донишгоҳи далватии Бохтар ба номи Носир Хусрав ба шумор меравад. Ҳаёти асосии донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи донишҷӯён истиқомат мекунанд рангин, хотирмон, ҷолиб ва дорои махсусиятҳои худ мебошад. Дар ин ҷо гуногунии фарҳангӣ, лаҳҷа, расму анъана, оин ва рафтору гуфтор мушоҳида мерасад. Ин гурӯҳи донишҷӯён аз…
МуфассалИмрӯз Маҳкамова Чамангул Абдуғафоровна, омӯзгори кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ дар Шурои диссертатсионии 6 D.КОА – и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Мукаммалгардонии методҳои ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои истеҳсолӣ ( дар мисоли корхонаҳои кишоварзии вилояти Хатлон)” аз рӯи ихтисоси (08.00.06.04 – Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо) бо…
МуфассалОсиёи Марказӣ дар ҳама давру замон нахустмеҳани мардуми ориёӣ-тоҷикон буд. Дар асри VII мелодӣ воридшавии халқҳои туркзабон аз шимоли ин минтақа ба сарзамини Суғду Тахористон оғоз гардид ва ин раванд минбаъд дар муддати қариб ҳазор сол бо воридшавии туркҳои қарахонӣ, салҷуқӣ, қарахитоӣ, муғулҳо ва ахиран узбекҳои бодиянишини Дашти Қипчоқ идома ёфта, дар харитаи этникии Осиёи…
Муфассал(Шарҳи коршиносӣ бар моҳияти “ҳуҷҷатҳои нав” ва паёму паёмадҳои даъвои навбатии мақоми баландпояи ҳамсоя дар масъалаҳои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон) Изҳороти раиси Кумисюни давлатии Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаҳои марзӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев аз 15-уми сентябри соли 2023 дар бораи дурнамои музокироти сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон…
МуфассалШоми дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии хотирмон баргузор гардид, ки дар он Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, деканони факултетҳо, омӯзгорон, журналистону шоирони хатлонӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабинии идонаро Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин санаи…
МуфассалДар арафаи 32-умин Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Маросими супоридани нишони сарисинагии “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон” дар бинои асосии донишгоҳ бахшида ба таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлататӣ…
МуфассалРӯзи 7-уми сентябри соли 2023 4 нафар устодони донишгоҳ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионӣ бо диплому дараҷаҳои илмӣ қадршиносӣ шуданд. Қурбонов Файзалӣ, устоди кафедраи педагогика бо дипломи дотсентӣ; Меҳрубон Қурбонов, омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқ бо дипломи номзади илмҳои таърих; Ғолибшо Мирзоев, омӯзгори факултети таърих бо дипломи номзади илмҳои таърих; Гулов Баҳром , омӯзгори факултети…
Муфассал