Дар ин зиндон ҳарифе чанд бо туст,
К-аз ин ёрон ҷудоӣ боядат ҷуст.
Яке бухлу дувум ҳирсу севум оз,
Чаҳорум макру панҷум шаҳвату ноз.
Шашум кибру ҳасад ҳар ҳафт ёрат,
К-аз ин ёрон халал бигрифт корат.
Аз инҳо бигзару ёри дигар ҷӯй,
Рафиқони бузурги номвар ҷӯй.
Тавозуъ, пас карам, он гаҳ қаноат,
Камозориву пас парҳезу тоат.
Дигар ҳикмат, агар ҳастӣ хирадманд
Гусил з-онҳову бо инҳо бипайванд.
Туро ин некхоҳанд, он-т бадхоҳ,
Ту дар мулки вуҷуди хештан шоҳ.
Накухоҳони худро ёварӣ кун,
Зи бадхоҳони худ худро барӣ кун.
Агар з-ин сон шавӣ, бар худ хидевӣ,
В-агар з-ин сон наӣ, рав, рав, ки девӣ.
Порчаҳо аз маснавии “Рӯшноинома”-и Носири Хусрав