• Алимов Давлаталӣ Халилович, доктори илмҳои таърих, профессор, Ҳафизова М. магистранти ДДБ ба номи Носири Хусрав

Истиқлоли давлатӣ барои мо – тоҷикон неъмати худододу муқаддасе мебошад, ки аз ҳама арзишҳои дигар волотар ва муқаддамтар пазируфтани онро ҳақиқати рӯзгор пайваста тақозо менамояд.

Аз ин рӯ, барои ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намудани дастовардҳои Истиқлол моро меҳнати суботкорона, кӯшишу ҷаҳди доимӣ зарур аст. Таърих гувоҳ аст, ки пас аз қариб ду қарни сарафрозиҳои даврони Сомониён мардуми шарифи мо муддати ҳазор сол маҳрумӣ, беҳуқуқӣ ва нобарориҳои мудҳиштаринро аз сар гузаронида, ҳастии миллате бо унвони тоҷик ба вартаи беному бенишонӣ гирифтор шуда буд.

Истиқлоли Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва
пайгирӣ аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва
ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Яке аз дастовардҳои муҳимми Истиқлол интихоби роҳбарияти нави сиёсии кишвар буд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд. Шахсе сарвари давлат шуд, ки бо самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи миллию ватанпарастӣ, хислатҳои ҳамидаи демократӣ ва ҳамкорию ҳамраъйии сидқии ҳамсафонаш тавонист халқу давлатро аз гирдоби бало наҷот диҳад. Нахустин изҳорот ва баёнияҳои Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ояндаи неки халқи кишвар башорат медоданд [8, с.19].

Дар чунин лаҳзаи ҳассосу сарнавиштсоз Истиқлол монанди оби ҳаёт ба ҳастии миллати мо ҷон бахшид, ба халқи умеду равонбохтаи мо умри дубора ато кард ва имкон дод, ки бори дигар тоҷики сарфароз аз ҳастии худ, таърихи бою рангин ва корнамоиҳову қаҳрамониҳояш оламиёнро огоҳ созад.

Истиқлол барои мардуми кишвари мо он мақому манзалатеро соҳиб гардидааст, ки метавон онро эҳёи дубораи давлати бузурги тоҷик баъд аз ҳазор сол номид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлати соҳибистиқлол тамоми масъулиятро ба зиммаи хеш гирифта, ризоияти миллии ҷомеаи кишварро таъмин ва таҳкими раванди сулҳи тоҷиконро имконпазир намуданд [3, с.4].

Вақте ки халқи тоҷик озодии ҳақиқиву Истиқлолро ба даст овард, танҳо ба шарофати ҷидду ҷаҳди бузурги Президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри барқарориву пойдории сулҳу ризоияти шаҳрвандӣ дар кишвар иконпазир шуд, ки бори аввал дар тамоми ҷаҳон ҷашнҳои байналмилалии 1100 – солагии давлати Сомониён, соли тамаддуни Ориёӣ, соли Рудакӣ, 2500 – солагии шаҳри Истаравшан, 2500 – солагии Хуҷанд, 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб ва ѓайра бошукӯҳ ва густурда таҷлил гарданд [7, с.7].

Табиист, ки ҳамаи ин чорабиниҳо дар кори нигаҳдории ҳофизаи таърихӣ ва пойдории идеологияи миллӣ, инчунин дар муайян кардани ҳамонандии миллии тоҷикон таъсири бузургро мегузорад.

Мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон талошҳои барҷастаи таърихии сарнавиштсози Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои пайваста ва меҳнату ҷоннисориҳои он кас аркони давлат ва давлатдории тоҷикон мустаҳкам гардид, хуб медонад ва арҷ мегузорад.

Ба шарофати Пешвои миллат мушкилоти ба сари мардуми кишвар омада бартараф гардид, ҳазорон-ҳазор гурезаҳо ба Ватан баргаштанд, ҳаёти осоишта барқарор шуд ва корҳои ободонӣ оѓоз гардид. Боиси сарбаландиву сарфарозист, ки Сарвари давлат бо нерӯю ѓайрат, муҳаббат ва садоқат сулҳу ваҳдати миллиро бо назардошти манфиатҳои миллию давлатдории тоҷикон роҳандозӣ мекунанд. Шеваю усули сулҳи тоҷикон, амалияи рӯзгори пуршӯри солҳои навадуми асри гузашта нафақат барои ояндагони худамон, балки барои кулли ҷаҳониён таҷрибаи беназир ва эътирофшуда ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, бо масъулияти том метавон гуфт, ки ҳастии кишварамон ба ҳайси давлати алоҳидаи мустақил баъди вазиши насими Истиқлол бо шахсияти фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди абадӣ касб намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари иттиҳоди мухолифин ба имзо расида, бо ҳамин инкишофи мутаносиб ва дилхоҳи раванди Истиқлоли давлати тоҷикон шурӯъ гардид. Истиқлол барои мо шароит фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем [3, с.5].

Ҳамчунин даврони гуворо ва сафобахши Истиқлол барои мо рамзи олии ватандорию ватанпарастӣ, бузургтарин дастоварди давлатдории мустақил, ҷаҳду талошҳои пайгиронаи созандагиву бунёдкорӣ, кӯшишҳои фидокоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯхта, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар айни замон ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои мавҷудияти миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи миллат ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Ҷашни фархундаи 1000-солагии яке аз намояндаи илму адаби тоҷику форс, ки соли 2003 таҷлил ёфт, Носири Хусрави Қубодиёнӣ мебошад. Осори Носири Хусрав хеле доманадору гуногунмазмун буда, тамоюлу ҷанбаҳои ҳаёти инсон дар мизони эҷодиёти шоир мавриди баррасию таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтааст. Ягон ҷанбаи зиндагии инсонҳо аз мадди назари мутафаккир дур намондааст.

Шоири бузургу нуктасанҷ дар осори гаронбаҳояш кӯшиш карда, ки ба мардум роҳи наҷот ёфтан аз кулфату андӯҳ, азобу машаққат ва яъсу навмедиро нишон диҳад. Асарҳои Носири Хусрав ба ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ дохил гашта, инсониятро ба роҳи ростию дӯстӣ, накӯкорию созандагӣ, ваҳдату муттаҳидӣ, донишомӯзӣ, меҳру шафқат даъват менамоянд. Омӯзишу тарѓибу ташвиқи осори шоир, ки саршори панду ҳикмат мебошанд, барои дар насли наврас парваридани беҳтарин хислатҳо ва наҷибтарин одоби муошират мусоидат хоҳад намуд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои бузургу нотакрори Носири Хусравро дар инкишофи илму фарҳанги тоҷику форс, халқҳои Шарқи Наздику Миёна ба инобат гирифта, “бо назардошти Қарори ЮНЕСКО ҷиҳати гиромидошти 1000-солагии мавлуди мутафаккир аз 5 ноябри соли 2002 № 440 қарор «Дар бораи таҷлили ҷашни 1000-солагии Носири Хусрав»-ро ба тасвиб расонд. Мутобиқи он 1000-солагии шоир, олим ва файласуфи машҳури халқи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он ҷашн гирифта мешуд” [2, с. 32].

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар гурӯҳҳои меҳнатӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, литсею коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ тантанаҳои зиёди фарҳангӣ, конференсияҳои илмию адабӣ, шабҳои саволу ҷавоб, озмунҳои носирхонӣ доир гардиданд. Дар ин чорабиниҳои илмию фарҳангӣ омӯзгорону олимон, фарҳангиён баромад карда, мухлисону хонандагонро ба паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти эҷодӣ ва мероси гаронбаҳои шоир ошно намуданд.

Дар давраи чорабиниҳои ҷашнӣ ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон барномаҳои махсус танзим намуда, мавриди иҷро қарор доданд. Аз ҷумла, дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар (собиқ ш. Қӯрѓонтеппа) ба номи Носири Хусрав нимпайкара ва дар зодгоҳи шоир – ноҳияи Қубодиён ҳайкали бошукӯҳи шоир ва мутафаккир, ки муаллифи он ҳайкалтароши номии тоҷик, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Анӯшервони Бекасиён аст, гузошта шуданд.

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии раисони вилоятҳои Хатлону Бадахшон «Корвони маърифат» аз ҳисоби фарҳангиёну зиёиён ташкил ёфт ва он аз 2-юм то 9-уми июни соли 2003 барномаи фарҳангиро дар доираи ҷашни мутафаккир анҷом доданд. Чорабинии фарҳангии мазкур аз зодгоҳи Носири Хусрав – ноҳияи Қубодиён оѓоз ёфта, дар Бадахшон ва дар оромгоҳи шоир – деҳаи Юмгони Афѓонистон ба охир расид.

Тантанаҳои ҷашнӣ бо шукӯҳу шаҳомати махсус аз 1-уми 10-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе ва Хоруѓ баргузор гардид. Дар он сад меҳмон аз мамлакатҳои дуру наздик ширкат варзиданд. Рӯзҳои 5-ум то 7-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Хоруѓ оид ба ҳаёт ва фаъолияти шоир, олим ва файласуфи бузург дар мавзуи «Рӯзгор, осор ва афкори Носири Хусрав» Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар он олимону муҳаққиқони зиёда аз бист мамлакати дунё бо маърӯзаҳо баромад карданд. Меҳмонон дар маросимҳои ҷашнӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. 8-уми сентябри соли 2003 бахшида ба дувоздаҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1000-солагии Носири Хусрав дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона баргузор гардид [1, с.13].

Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавқею манзалати Носири Хусрав дар илму адаби тоҷик суханронӣ намуда, таъкид кард, ки «Носири Хусрав чун Фирдавсӣ ситоишгари хирад ва хирадмандист. Хирадмандӣ дар осори ин мутафаккири бузург бо имону диёнат, покизакориву покдоманӣ баробар аст. Ӯ инсонро ҳадафи аслии офариниши олам дониста, хираду донишро василаи асосии худшиносии инсон мешуморад» [9].

Рӯзи 9-уми сентябри соли 2003 меҳмонон ба зодгоҳи Носири Хусрав, ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сафар намуда, дар тантанаҳои ҷашнӣ ва кушодашавии муҷассамаи шоир ширкат карда, аз ёдгориҳои таърихии Хоҷа Машҳад, Хоҷа Қубод, Чилучорчашма дидан намуда, бо зиёиён ва заҳматкашони ноҳия суҳбат оростанд. Бахшида ба 1000-солагии шоир куллиёти осори безаволи Носири Хусрав дар се ҷилд нашр шуда, дастраси хонандагон гардидааст.

Дигар аз самтҳои фарҳангие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он аҳамияти ҷиддӣ дод, ин таҷлили санаҳои муҳимми мероси таърихию адабӣ ва меъмории халқи тоҷик мебошад. Ба мушкилоти иҷтимоӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ нигоҳ накарда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбариаш дар ин ҷода низ қадамҳои устувору пайдарпай гузошт.

Ба ҳамагон маълум аст, ки оид ба ин масъала чандин фармону қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, мавриди иҷро қарор гирифтанд. Баргузории Симпозиуми байналмилалии 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, таҷлили ҷашнҳои 1100-солагии Давлати Сомониён, «3000-солагии фарҳанги Зардуштӣ», 2700-солагии «Авесто», 2500-солагии Истаравшан, эҳёю эъмори “Саразм”, “Ҳулбук”, бузургдошти санъати касбии «Шашмақом» ва санъати мардумии «Фалак», ҷашнҳои 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва тамаддуни ориёӣ мебошанд. Ба мушкилоти иқтисодӣ ва нобасомониҳои кишвар нигоҳ накарда, бо дастгирию ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5-ум то 9-уми сентябри соли 1994 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба ҳазораи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар он меҳмонон ва фирдавсишиносон аз 21 кишвари дунё ширкат варзиданд [1, с.14].

Дар ин симпозиум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷовидонии Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар назди меҳмонон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки «Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест, вай пандномаи беназир, ақлнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист» [5, с.244].

Дар ин ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ аз мухолифини ҳукумат ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намуд, ки аз «Шоҳнома»-и ҳакими бузург панд бардоранд ва Тоҷикистони азизи худро аз вартаи ҳалокату нестӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ наҷот диҳанд. Ва дар ин кор гуфтаҳои Фирдавсӣ ҳидоятгару роҳнамои ҳақиқии мо хоҳад буд» [5, с.244], – таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар Симпозиум суханрониҳои олимону муҳаққиқон Эраҷ Баширӣ, И. Пянков, Р. Гейзер, Р. Ҳодизода, К. Олимов, А. Раҷабов ва дигарон аз ҷониби иштирокдорони симпозиум хуш пазируфта, матнҳояшон ба забонҳои форсию англисӣ чоп шуд. Оид ба мероси Ҳакими бузург китобҳо бо номҳои «Шоҳнома баъд аз 1000 сол» ва «Шоҳномаи Фирдавсӣ падидаи бузурги фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» ба забонҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр ёфта, дастраси васеи хонандагони ватанию хориҷӣ гардиданд.

Симпозиуми байналмилалӣ оид ба 1000-солагии асари оламшумули Фирдавсии бузург бори дигар собит намуд, ки миллати тоҷик дар кадом шароити таърихие, ки қарор дошта бошад, ба таъриху фарҳанги худ содиқ аст ва барои рушду такомули он кӯшишҳои беназирро анҷом медиҳад. Пас аз таҷлили ҳазораи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ санаи дигари таърихие, ки дар тақдири давлати тозаистиқлоли тоҷик нақши босазоеро ифо менамуд, баргузории ҷашни 1100- солагии давлати Сомониён буд [10, с.115].

Ҷиҳати таҳкими ваҳдату ягонагии халқи тоҷик, эҳёи анъанаҳои волои таърихи давлатдорӣ, тарѓиби беҳтарин арзишҳои умумибашарии фарҳанги миллӣ ва нақши таърихии он дар рушди тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик, баҳри боз ҳам мустаҳкам гардонидани робитаҳои сиёсию фарҳангии нави таърихӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14-уми апрели соли 1997 «Дар бораи ҷашнгирии 1100-солагии Давлати Сомониён» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми июни соли 1997 «Дар бораи ҷашни Давлати Сомониён» ба тасвиб расид. Тибқи ин ҳуҷҷатҳо санаи таҷлили ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён аз 7-уми то 13-уми сентябри соли 1999 муайян гардид.

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, рӯ овардан ба ин санаи таърихӣ дар рӯзҳое, ки кишварро рӯҳияи ваҳдату сулҳофаринӣ фаро гирифта буд, аҳамияти ҷиддии сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дошт. Маҳз дар давраи ташаккулёбии давлати Сомониён халқи тоҷик соҳиби давлати мустақил гардид. Давлати нахустини мутамаркази Сомониён имконият дод, ки халқи тоҷик истиқлолияти худро ҳифз намуда, дар тамоми соҳаҳои низоми давлатӣ, сиёсату иқтисодиёт, илму фарҳанг ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, ба такмилу равнақи тамаддуни халқҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мусоидат намояд.

Аз ин рӯ, баргузории ин ҷашн ба эҷоди арзишҳои нави маънавӣ, таҳкими рукнҳои маънавии давлатдории навин, ташаккули тафаккури созандагию бунёдкории мардум, афзудани ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ, ватандорӣ, пояндагии сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмии табақаҳои мухталифи ҷомеа, такмили ҳувияти миллӣ нигаронида шуда буд. Инчунин ба манфиати бунёд сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявии мамлакат истифода кардани мероси таърихию фарҳангии ин давра мусоидат менамуд.

Бо ибтикори Президенти мамлакат, Раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати зиёда аз ду сол дар ҷумҳурӣ силсилаи чорабиниҳои таърихию фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар таърихи Тоҷикистон бесобиқа буд. Тавассути чорабиниҳои ҷашнӣ, таҳияву таълифи асарҳои нави илмию адабӣ, пахши барномаҳои радиоию телевизионӣ, театрию консертӣ, гузаронидани конференсияю симпозиумҳо ба мо муяссар гашт, ки симои воқеии миллати худ ва давлати Сомониёнро дар оинаи таърих равшантар акс кунем ва аз гузаштаю имрӯзаи тақдир, музаффарияту мушкилоти сиёсию иҷтимоии миллати хеш сабақ бардорем, бештар дар доираи манфиатҳои умумимиллӣ андеша кунем, меҳнати созандагию бунёдкориро сармашқи фаъолиятамон қарор дода, тафриқаю парешониро як тараф гузошта, зери парчами Тоҷикистон муттаҳиду якдилу яксаф бошем [6, с. 36].

Дар доираи ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба ифтихори асосгузору ҳомии ин давлат Исмоили Сомонӣ нимпайкараву муҷассамаҳо гузошта шуданд.

Дар ҷумҳурӣ ноҳияҳо, шаҳракҳо, кӯчаю хиёбонҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, мактабҳо ба шарафи ин сулола ва асосгузори он Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шуданд. Даҳҳо китобу мақолаҳо ба чоп расиданд. Дар доираи ин ҷашн зодрӯзи чандин бузургони гузаштаи илму адаби тоҷик, аз ҷумла Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ ва дигарон таҷлил гашт. Анҷумани чоруми тоҷикони ҷаҳон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.

Дар пойтахти тоҷикон шаҳри Душанбе ба шарафи ин абармарди сиёсат мӯҷтамаи меъморӣ ва муҷассамаи Амир Исмоили Сомонӣ бунёд ёфт. Дар расми кушодашавии он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки «бигзор муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва тамоми мӯҷтамаи меъморӣ аз ҳамин рӯз то абад нишонаи сарбаландӣ, сулҳу оромӣ ва пешрафти ватани ягонаи ҳамаи мо – Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бошад» [4, с.177].

Ҷиҳати бузургдошти давлати Сомониён моҳи апрели соли 1999 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Конференсияи байналхалқии илмӣ баргузор гардид. Дар он олимони тоҷику рус ва хориҷӣ ширкат варзида, оид ба дастовардҳои муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии давраи Сомониён суханронӣ намуданд.

Дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, дар мавзуи «Давраи тиллоии тоҷикон» суханронии пурмӯҳтаво намуд. Китоби пурарзиши илмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба чоп расида, дастраси меҳмонон ва ҳамватанон гардид [1, с.17].

Хулоса, дар ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён меҳмонон зиёда аз 100 кишвари дунё, ташкилотҳои байналмилалию давлатӣ ширкат варзиданд. Дар маҷлиси тантанавӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи: «Давлатдории тоҷикон: аз Сомониён то оѓози асри ХХI» суханронӣ намуда, оид ба ин давраи тиллоии халқи тоҷик чунин гуфт: «Маҳз Сомониён тавонистанд ба эҳёи миллат ва фарҳанг асос гузоранд, забони модариро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангиро ҳифз намоянд. Насли имрӯз ва оянда вазифадор аст, ки ин анъанаи неки онҳоро идома диҳад» [4, с. 147].

Пас аз баргузории ҷашни 1100-солаги давлати Сомониён ҷашнҳои дигаре, ки ба худшиносию худогоҳии мардуми тоҷик мусоидат намуд ва бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили ин санаҳои таърихӣ ба вуҷуд омад, ҷашн гирифтани 2700-солагии таълифи «Авесто» ва 3000-солагии фарҳанги зардуштӣ буд.

Бо мақсади ҳифз, истифодаи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, эҳёи анъанаҳои неки ахлоқӣ, фароҳам овардани заминаҳои илмию маънавии минбаъдаи ҷомеа, инкишофи худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати мардуми Тоҷикистон ва шинохти саҳми ниёгонамон дар вусъати тамаддуни ҷаҳонӣ фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргузории ин ҷашнҳо дар ҷумҳурӣ қабул гардид ва аз он ба раёсати ЮНЕСКО хабар дода шуд. Сарчашмаҳои таърихии расида шоҳиди он ҳастанд, ки дар ҳазораи дуюми то солшумории ҷадид дар водиҳои паҳновари Ҳилманд ва ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистони ҳозира, ки ориёиҳо зиндагӣ мекарданд, китоби муқаддаси «Авесто» арзи вуҷуд намудааст.

«Авесто» мероси қадимтарини фарҳангу адаб ва қомуси мардумони эронинажод маҳсуб шуда, ба қавли олимону муҳаққиқон яке аз китобҳои қадимтарин динҳои дунё буда, ба инсоният таъсири зиёд расонидааст [1, с. 18].

Ин китоб ягона сарчашмаест, ки дар бораи худои ягона баҳс мекунад. Аз «Авесто» тамоми соҳаҳои фарҳанги ориёиҳо сарчашма гирифта, ба тамаддуни дигар халқҳо таъсири ҷиддӣ расонидааст. Қисмати қадимаи он аз ҷониби паёмбари мардумони ориёинажод Зардушт иншо шудааст, ки ба давраи ташаккули давлатдории қадимаи тоҷикон рост меояд.

Фарҳанги зардуштӣ фарҳанги монотеистӣ (яккахудоӣ) буда, ягонагии ҷаҳони моддию маънавиро эътироф намуда, асоси устуворӣ ва пешрафти ҷомеаро вобаста ба мақоми созандагии инсон, сулҳу оромӣ, некӣ, адолатпешагӣ, ахлоқи ҳамида, баробарии ҳамаи қавму халқҳоро талқин менамояд. Ин фарҳанг мақоми баргузидаи инсонро дар бунёд кардан ва мукаммал гардидани дунёи моддӣ дида, ӯро муваззаф мекунад, ки кишоварзӣ ва соҳаҳои мухталифи таъминкунандаи ҳаёти инсонро тараққӣ диҳад.

Аз ин рӯ, Зардуштия бо исрор ҳамагонро ба меҳнати бунёдкорона ҳидоят карда, эҳтиром ва бузургдошти одамони меҳнатиро яке аз муқаддасоти ҷомеа меҳисобад. Ҷавҳари фарҳанги зардуштӣ пеш аз ҳама таълимоти ахлоқии он – гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек мебошад, ки ба ташаккулу инкишофи ахлоқу одоби ҳамидаи ҷомеа мусоидат карда, дар замири ҳар шахс ростқавлӣ, накӯкорӣ, адолатпешагиро тарбия карда, дурӯягӣ, фиребгарӣ, қаллобӣ, бадкорӣ ва аз ҷониби шахс таъқиб шудани шахсро маҳкум менамояд.

Фарҳанги зардуштӣ ба инкишофи фарҳанги маънавии дигар халқу миллиятҳо ва мамлакатҳо таъсири мусбат расонидааст. Илова бар ин Зардуштия ба тараққиёти ақидаҳои фалсафӣ ва динии мардумони мухталиф таъсири амиқ гузоштааст.

Ҷиҳати татбиқи мақсадҳои баёнгашта, бахусус фароҳам овардани заминаҳои таърихии омӯхтани ин меросҳои бузургтарини мардумони ориёинажод ва дарк кардани мавқеи таърихии ниёгонамон дар пешрафти тамаддуни башарӣ, тақвият бахшидани ифтихори миллӣ тибқи ҳуҷҷатҳои дар боло зикр ёфта, дар ҷумҳурӣ силсилаи чорабиниҳо доир карда шуд.

Маҷмӯи маъракаҳое, ки солҳои 2001-2003 ба ифтихори ин санаҳо дар ҷумҳурӣ баргузор гардиданд, саҳми ниёгонамонро дар эҷоди сарватҳои маънавӣ, махсусан меъёрҳои иҷтимоиву фалсафӣ, равандҳои пайдоиш ва дастовардҳои фарҳангии ин меросҳои бузурги миллии тоисломӣ собит сохта, давраҳои тақдирсози таъриху фарҳангро аз замони «Авесто» ва Зардуштия то Сомониён ва аз Сомониён то Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муайян намуданд.

Зикр бояд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар ыаласаи Шурои Анҷумани тоҷикони ҷаҳон ва ҳамзабонони бурунмарзӣ моҳи сентябри соли 2003 соли 2006-ро Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон намуд. Доир ба баргузории ин ҷашн фармони Президент ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.

Бояд қайд намуд, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафту рушди давлатдории тоҷикон дар замони муосир басо саривақтӣ ва зарурияти таърихиро дорост.

РӮЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

1.Афзалов Х. Эъморгари фарҳанг / Х. Афзалов. – Душанбе: Адиб, 2005. – 64 с.

2. Ѓаффорӣ В., Сайидзода З.Ш.Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон В. Ғаффорӣ., З.Ш. Сайидзода. – Душанбе: ЭР-граф, 2012. – 372 с.

3. Истиқлол – заминаи рушди Тоҷикистон.– Хуҷанд: Ношир, 2016. – 368 с.

4. Раҳмонов Э.Ш. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат Ҷилди 3. / Э.Ш. Раҳмонов. – Душанбе: Ирфон, 2002. – С.177.

5. Раҳмонов Э.Ш. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 1. / Э.Ш. Раҳмонов. – Душанбе: Ирфон, 2001. – С.244.

6. Тоштемиров М., Саидов З. Ҳомии сулҳу ваҳдат / М. Тоштемиров., З. Саидов. – Душанбе, 1997. – 86 с.

7. Шарифзода А., Ѓафуров А. Наҷотбахши миллат / А. Шарифзода., А. Ғафуров. – Душанбе, 2012. – 320 с.

8. Шарифзода А., Шамсиддинов С., Қосимӣ З. Президент (Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ / А. Шарифзода., С. Шамсиддинов., З. Қосимӣ З..– Душанбе: Ирфон, 2011. – 372 с.

9. Ҷумҳурият. – 2003. – 11 сентябр.

10. Яздонӣ Н. Ҳикмати озодагон / Н. Яздонӣ. – Хуҷанд: Хуросон, 2017. – 528 с.