«БЕҲТАРИН ХОНАИ ОМӮЗГОРОН» ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Раёсати маорифи вилояти Хатлон ташаббуси навбатии худро дар ҳамкорӣ бо Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм пеш гирифта, бори нахуст озмуни вилоятии “Беҳтарин хонаи омӯзгорон” – ро ташкил кард.

Озмуни мазкур бо мақсади дарёфт ва муайян намудани беҳтарин хонаи омӯзгорон (кабинети методӣ), баланд бардоштани мақоми хонаи омӯзгорон (кабинети методӣ) ҳамчун маркази ташаккулдиҳандаи маҳорати касбии омӯзгорон, такмил додани мазмун, шакл, усул ва воситаҳои самараноки хизматрасонии омӯзгорон, тарғиб ва мавриди истифода қарор додани натиҷаҳои озмоиш ва таҳқиқотҳои омӯзгорон дар ҷараёни таълиму тарбия, дастгирии моддӣ ва маънавии роҳбарони Шӯрои методӣ (кабинети методии муассисаҳои таълимӣ дар фаъолияти инноватсионии онҳо), ба низом даровардани фаъолияти эҷодкоронаи роҳбарони Шӯрои методӣ ва иттиҳодияҳои методӣ дар ташкилу гузаронидани корҳои методӣ, дарёфт ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами роҳбарони Шӯрои методӣ (кабинети методӣ) дар ташкил ва ҷиҳозонидани хонаи омӯзгорон бо мақсади расонидани кӯмак ба дигар кабинетҳои методӣ дар самти ташкили хадамоти мақсадноки методӣ ва шароити корӣ ба омӯзгорон баргузор карда мешавад. Инчунин, ҳадафи дигари озмун ҷамъоварӣ ва ба тартиб даровардани адабиётҳои таълимию омӯзгорон дар самти истифодаи мақсадноки онҳо, беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ – фароғатии омӯзгорон мебошад.

Озмун дар ду давр гузаронида мешавад. Хусусан, даври даври шаҳрӣ/ноҳиявӣ зери назорати Кумитаи тадорукоти шуъбаҳои маориф дар моҳи январ ва даври дуюм – вилоятӣ зери назорати Кумитаи тадорукоти Раёсати маориф ва илми вилоят дар моҳи апрел аст.

Ғолиби даври вилоятӣ то 3 сол ҳуқуқи иштирок кардан дар озмунро надорад. Ҷараёни баргузорӣ ва маводи озмун тариқи маҷаллаи таълимию иттилоотии «Мактаб» ва саҳифаи фейсбукии Раёсати маорифи вилояти Хатлон нашр карда мешавад.

Озмун аз рӯи шартҳои муҷаҳҳаз гардонидани хонаи омӯзгорон (кабинети методӣ) бо истифода аз маводи муосири таълим ва адабиёти методӣ, истифода карда тавонистани воситаҳои электронӣ ва техникаи иттилоотӣ аз тарафи раиси Шӯрои методӣ (мудири кабинети методӣ), ташкили шароити мусоид барои истироҳат ва фароғати омӯзгорон дар фосилаи байни дарсҳо ва бастҳо, саҳми корфармо дар беҳтаргардонии шароити корӣ ва фароғатии омӯзгорон, дараҷаи фарогирии масъалаҳои муҳими соҳаи маориф дар нақшаи кории Шӯрои методӣ ва кабинети методии муассисаҳои таълимӣ, дараҷаи таҳсилоти омӯзгорон (олӣ____%, миёнаи касбӣ____%), ҳисоботи эҷодии раиси Шӯрои методӣ (мудири кабинети методии муассисаи таълимӣ) бо нишон додани дастовард, мушкилот дар самти хизматрасонии омӯзгорон ва роҳҳои пешгирии мушкилоти мавҷуда, пешниҳоди маводи омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам тавассути мақолаҳо, фиттаҳо ва дигар намуди васоити тарғиботӣ, иштироки роҳбари Шӯрои методӣ, роҳбарони иттиҳодияи методӣ ва омӯзгорон дар таҳияи нақша, барномаҳои таълимӣ, китоби дарсӣ, дастурҳои методӣ, озмоишҳо ҷиҳати такмили нақша, барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои фаннӣ, нақша ва ҷадвали ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифтани омӯзгорон ва маъмурияти муассиса, нақша ва ҷадвали аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорон ва маъмурияти муассиса иборат мебошад.

12. Ҳангоми ҷамъбаст ва баҳогузорӣ ба маводе, ки дар матбуоти ҷумҳуриявӣ нашр гардидаст, афзалият дода мешавад.

Ғолибон ва барандагони ҷойҳои ифтихории озмун аз ҷониби Иттифоқи касабаи соҳа бо Ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

Хадамоти матбуоти

Раёсати маорифи вилояти Хатлон