Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дониста мешавад ва таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли бисёр мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.

Дар саросари кишвари азизамон -Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик аз соли 1994 инҷониб расман ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 112 сол сипарӣ гардид. Ҳамасола ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад.

Айни замон дар мамлакати мо барои рушди воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, такмили онҳо мунтазам идома меёбад. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма, асосан тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешаванд.

Фаъолияти кормандони васоити ахбори омма барои таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодии давлат ва пешрафти маънавии ҷомеа, густариши арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳангии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд.

Имрӯз нақши рӯзноманигорон дар инъикоси корнамоию шуҷоати мардуми Тоҷикистон дар бунёди иншоотҳои муҳимми стратегии кишвар хеле назаррас аст. Рӯзноманигорони тоҷик ҳамчун узви пешқадами ҷомеаи кишвар қалами бурою сухани сафарбаркунандаи худро ба инъикоси воқеъбинонаи шукуфоии ватани аҷдодиву куҳанбунёдамон равона сохта, аз мардуми азизи кишварамон даъват ба амал меоранд, ки ҳар яке дар хурраму сарсабз гардонидани шаҳру деҳоти мамлакат саҳмгузор бошанд.

Устод Айнӣ дар як мақолааш таъкид намудааст: «Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад».

Ин суханони воқеан пурарзиш ва ин панди устод барои ҳамаи мо ва хусусан барои аҳли қалам ва рӯзноманигорон бояд сабақи бузург ва чароғи роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаамон бошад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рӯзноманигорони ояндаи ихтисоси журналистикаи факултети филологияи тоҷик, ҳамзамон дигар кормандони васоити ахбори оммаро бо фарорасии иди касбии матбуот табрик намуда, ба онҳо андешапарварӣ ва дар ташаккули дунёи маънавии ҳамзамонон комёбиҳои тоза ба тозаи эҷодӣ таммано менамояд.