Дар яке аз рӯзҳои фасли баҳор ба дарбори шоҳ Файлақуси-2 аз давлати Форс гурӯҳи сафирону бозаргонон бо туҳфаҳои гаронбаҳо ташриф оварданд. Онҳо аз номи шоҳаншоҳи сарзамини Форс ба кишвари Мақдуния дуруди наврӯзӣ расонида, барои тиҷорат рухсат хостанд. Шоҳ Файлақус бо камоли мамнуният сафиронро пазируфта, барояшон зиёфати хосае орост ва валиаҳди хеш Искандари ҷавонро бо меҳмонон шинос намуд. Шоҳ Файлақус дар дил аз ҳуҷуми форсҳо хавф дошт, ташрифи сафирон ва дуруди наврӯзӣ ба мулки ӯ сулҳу салоҳ овард.
Суҳбати Искандар бо сафирон баъди зиёфат чанде идома ёфт. Ӯ аз ҷашни Наврӯз ва оини шоҳони Форс суол карда, тарзи истиқбол кардани ҷашни Наврӯзро аз ҷониби шоҳаншоҳ ва муқаррабони вай ботафсил шунид. Шукӯҳу ҷалоли боргоҳи шоҳони Форс-Тахти Ҷамшед ва Қасри Сафед дар айёми ин иди фархунда, манзараи тоҷгузорӣ ва базму бозии наврӯзӣ дар саҳни толори бузурги Ободон, 72 шоҳсутуни 18,5 метра дошту саҳни он 4 ҳазор метри мураббаъро ташкил медод, Искандарро ба ваҷд овард. Искандар дар хотимаи суҳбат ба сафирон нигариста, бо чашмони шарарбор гуфт: «Рӯзе мерасаду ман дар тахти зарандуди шоҳаншоҳи шумо нишаста, Наврӯзро истиқбол мегирам». Сафирон ва бозаргонон ин суханронии Искандарро ҳавою ҳаваси ҷавонӣ пиндоштанд.
Аз байн панҷ сол нагузашта, Искандар ба ҷои падараш ба тахт нишаст ва барои тасхири давлати пурзури Ҳахоманишиён лашкар кашид. Барои лашкаркашӣ баҳонаи муносиб он буд, ки Форсҳо чандин маротиба ибодатхонаю қадамҷои муқаддаси худоёни юнониро поймолу ғорат кардаанд. Акнун вақту соати рабудани қасос фаро расид. Тахти Ҷамшедро фатҳ карда, бояд сарвати шоҳаншоҳони форсро ба сарзамини Мақдуния ва иттифоқчиёни он кашонид.
Лашкари Искандар баъди чандин набардҳои шадид ва ғалабаҳои пай дар пай вориди Миср гашт. Искандар муддате дар Миср монд ва мавзеи муносиберо дар резишгоҳи дарёи Нил интихоб карда, ба бунёди шаҳри Икандария оғоз кард. Ӯ дар тарҳбандӣ ва таҳияи лоиҳаи шаҳр шахсан иштирок намуда, мувофиқи ривояти муаррихон Арриан ва Плутарх ба ҷои пойдевор нишонаҳо мегузошт ва орд мепошид, то ки сафеди ёр шаваду шаҳр беосеб ва ба зудӣ анҷом пазирад. Искандария мебоист, пойтахти нави давлати Мақдуния қарор гирад. Искандар чун шогирди боистедоди Арасту дар интихоби пойтахти нав хато накард ва пеш аз ҳама мавқеи мудофиавӣ, омилҳои тиҷоратӣ ва шароити табиии шаҳрҷойро ба асос гирифт.
Бунёди Искандария дертар зери сарварии меъмори мақдунӣ Хейрократ идома ёфт ва устоҳою ҳунармандони бешумор аз шаҳру кишварҳои ишғолшуда ба ин ҷо меомаданд. Ҳазорон ғуломони сиёҳпӯсту сафедпӯст тахтасангҳои бузургро мекашониданд, пойдеворҳои муҳташамро мебардоштанд, шоҳсутунҳои мармарин устувор мекарданд. Корвони уштурон тиллову танга ва дигар боигарии шоҳаншоҳони Форсро сӯи шаҳри навбунёд мекашониданд. Пойтахти нав бунёд меёфту Искандари Мақдунӣ шаҳру деҳаҳои кишварҳои бешумори қаламрави давлати Ҳахоманишиёнро паси ҳам ишғол намуда, ба Тахти Ҷамшед наздик мешуд. Дар шаҳри Суз ӯ қисми хазинаи шоҳони Форсро ба даст овард (ба қавли муаррихон Диодор, Руф ва Ариан 1310 тонна нуқраи холис, қариб 1000 тонна тилло ва қариб 200 тонн сикка).
Ариан ва Руф ривоят мекунанд, ки чун Искандар ба тахти Доро нишаст тахт баландӣ кард ва пойи ӯ на ба фарш расиду на ба поймонак. Хидматгоронаш ба зери пойи ӯ мизеро оварда ниҳоданд. Хоҷасаройи Доро аз дидани ин манзара ба гиря пардохт. Сабаб пурсиданд. Гуфт тоқати дидани ин манзараро дидан надорад, зеро дар ин мизе, ки зери пойи шоҳи ғолиб гузоштед, шоҳ Доро хӯрок мехӯрд.
Тахти Ҷамшед ҳам оқибат тасхир шуд ва Искандари Мақдунӣ сару либоси шоҳонаи форсиёнаро ба бар намуда, ба таҳти шоҳӣ нишаст. Ғанимате, ки Искандар аз Тахти Ҷамшед ба даст овард, ба ақл рост намеомад. Ӯ ҳамаи ғаниматҳоро ба Мақдуния фиристонид.
Искандар Наврӯзро бо тамоми шукӯҳаш дар Тахти Ҷамшед истиқбол гарифт. Беҳтарин раққосаҳо ва созандагонро даъват намуд, маросими тоҷгузориро аз рӯи расму оини шоҳаншоҳони Ҳахоманишиён ба ҷо овард. Мусобиқаҳои варзишӣ ба ҷашни Наврӯз шукӯҳи тоза бахшиданд.
Тантанаи ғалаба ва базми ҷамшедӣ он баҳор чор моҳ давом кард. Фарҷоми моҳи майи соли 330 то милод Таис ном фоҳишаи афинагӣ баъди базми навбатии майгусорӣ эълон кард, ки беҳтарин иқдоми Искандар ин дам бояд оташ задани қасри Тахти Ҷамшед гардад. Ҷумлаи ҳамяроқони сархуши Искандар бархоста, амр карданд, ки оташ афрӯзанд. Нахустин шуда, машъалро сӯи қасри Тахти Ҷамшед Искандар ва сипас Таис ҳаво дод. Тахти Ҷамшед ба оташ печид ва он баҳор боргоҳи аҷдодони шоҳони Форс ба коми хокистар рафт.
СУБҲОНЗОДА Салоҳиддин