• Бахшида ба “Ҳафтаи илм”

Бо мақсади иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паём зикр ёфтаанд инчунин барномаҳо ва қарорҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Кумитаи андоз ба рақамикунонии фаъолияти мақомоти андоз ва афзоиш додани модулҳои барномаҳои компютерӣ тақвият бахшида истодааст.

Солҳои охир бо тақозои замон дар мақомоти андоз ба равандҳои рақамику­нонии соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Аз ин рӯ, татбиқи технологияҳои замона­вии иттилоотӣ, ки пеш аз ҳама, ба беҳтар намудани маъмури­кунонии андоз, хубтар кардани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти андозсупоранда дар таъмини риояи қонунгузории андоз, инчунин, халалдор насо­хтани фаъолияти онҳо, равона карда шудааст, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақо­моти андоз ба шумор меравад.

Дар айни замон хизматрасониҳои элек­троние, ки аз ҷониби Кумитаи андоз ба шаҳрвандон ва андозсу­порандагон пешниҳод шудааст, то моҳи май 78 адад ва моҳи сенябри соли 2023 81 ададро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир, гирифта­ни маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ, дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз ва ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда, азназаргузаронии ҳисобот, тар­тиб додани санади муқоисавӣ, ба таври электронӣ кушодани суратҳисоби бонкӣ, пешниҳоди эъломияҳо аз ҷониби хизматчи­ёни давлатӣ, ҳисобкунаки андоз (барои ҳисоб кардани андоз аз даромад, андоз аз воситаҳои нақлиёт, амволи ғайриманқул, андози замин), шакли электро­нии Кодекси андоз барои теле­фонҳои мобилӣ дар платформаи “Android”, барномаи мобилии “Андози ман”, гирифтани маълу­мот дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда, пардохти ан­дозҳо тавассути кортҳои бонкӣ, тақвими андоз, тафтиши ҳуҷҷатҳо тариқи электронӣ, ба ҳисоб ги­рифтани воҳидҳои алоҳидаи шах­сони ҳуқуқӣ ва хизматрасониҳои дигар дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешниҳод ва истифодаи чунин хизматра­сониҳо дар шакли электронӣ ба беҳтар гардидани маъмури­кунонии андоз замина хоҳад гузошт. Ин хизматрасониҳо ба кормандони мақомоти андоз ва андозсупорандагон имконият медиҳад, ки онҳо вазифа ва уҳдадорихои худро шаффоф, бофаврият, дақиқ ва бо сарфаи ками вақт анҷом диҳанд.

Мутахассисони соҳа ба ин назаранд, ки беҳдошти системаи маъмурикунонии андоз то андо­зае такя ба Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва таҳкими механизмҳои ҳавасмандкунии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин, кам кардани хароҷот вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андоз мебошад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ таъкид карданд. Вобаста ба ин, Кумитаи андоз дар доираи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷики­стон рақамикунонии мақомоти андоз ва беҳтар намудани хизма­трасонӣ ба андозсупорандагон, барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон модулҳои зиёди хизматрасонии электрониро мавриди истифода қарор до­дааст.

Барномаҳои компютерии Кумитаи андоз, пеш аз ҳама, барои ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми самтҳои мақомоти андоз равона шудааст. Мақсади асосии барномаҳои мазкур, фароҳам овардани ша­роит барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақо­моти андоз мебошад. Чунин хизматрасониҳо ба андозсупо­рандагон имконият медиҳад, ки онҳо бе ҳозир шудан ба мақо­моти андоз, уҳдадориҳои ан­дозии худро иҷро намоянд. Яке аз функсияҳои асосӣ тафтиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, суроғаи нозиротҳои андоз, суроғаи тер­миналҳо, ҳисобкунаки андоз, дастурамалҳо, Кодекси андоз, донистани РМА, тақвими андоз, дохилшавӣ ба “Ҳуҷраи шахсӣ” дар шакли электронӣ мебошад, ки андозсупорандагон мета­вонанд аз онҳо хуб истифода намоянд.

Андозсупорандагоне, ки ме­хоҳанд дар бораи хизматрасо­ниҳои электронии мақомоти андоз маълумот пайдо кунанд, метавонанд ба сомонаи Кумитаи андоз (andoz.tj) ворид шаванд ва ё замимаи чунин модулҳо (“Ҳисобкунаки андоз” ва “Ан­дози ман”)-ро аз Google Play, ки барои телефонҳои мобилии шакли “Android” мутобиқ карда шудааст, боргирӣ намоянд.

Рушди маъмурикунонии андоз ҳамчун як ҷузъи муҳимми ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтар намудани муҳити корӣ ва фазои сармоягу­зорӣ, таҳкими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва ташаккули иқтисоди рақамӣ нигаронида шудааст. Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025 бобати рушди рақамикунонии андоз зами­наи хуберо фароҳам овардааст. Барномаи мазкур, ба афзали­ятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос ёфта, бо дар назар доштани дастовардҳои таҷрибаи ҷаҳонӣ, бо мақсади сода ва дастрас намудани хизма­трасониҳо ба андозсупорандагон ва баланд бардоштани интизоми андозсупории андозсупоранда­гон, таъмини рушди мунтазами маъмурикунонии андоз, ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ ва беҳсозии минбаъдаи му­носибатҳои андозӣ дар байни андозсупорандагон ва мақомоти андоз амалӣ мегардад.

Раванди тақвияти иқтидори иқтисодию истеҳсолии кишвар ва омили таъсиррасони он, асо­сан, дар беҳтар намудани маъму­рикунонии андоз, боз ҳам сода ва дастрас намудани хизматра­сонӣ ба шаҳрвандон ва андозсу­порандагон зоҳир мешавад. Яке аз самтҳои ислоҳоти системаи маъмурикунонии андоз роҳан­дозии системаи андоз дар асоси технологияҳои рақамӣ мебошад, ки ҳадафи муҳимми он аз байн бурдани тамоси шахсӣ миёни кормандони андоз ва андозсу­поранда ҷиҳати паст бурдани сатҳи фасод дар системаи андоз мебошад.

Бо мақса­ди рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, Кумитаи андоз бо истифода аз имкониятҳои техникӣ, пардохти маблағи ан­дозҳои маҳаллиро тавассути POS-терминалҳо ва хизматрасо­нии эквайрингӣ ба роҳ монда­аст. Инчунин, тавассути Бонки давлатии амонатгузории “Амо­натбонк” дар заминаи моби­лии “Амонат-мобайл” пардох­ти маблағи андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома фаъоли­яткунанда, андоз аз объектҳои ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ, тариқи ҳамёнҳои элек­тронӣ роҳандозӣ карда шудааст. Ҳангоми бо чунин тартиб пардохт намудани маблағи андозҳо ба шаҳрвандон ва андозсупоранда­гон расиди электронӣ дар бораи пардохт (дар шакли СМС-паём) дастрас шуда, ҳамзамон, ма­блағҳои пардохтшуда ба таври автоматӣ дар ҳисобварақаҳои онҳо сабт мегардад.

Андозсупорандагон мета­вонанд минбаъд пардохти ма­блағҳои патент, андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиётро бо истифода аз воситаҳои элек­тронӣ пардохт намоянд. Бинобар ин, татбиқи чорабиниҳои беҳдо­шти маъмурикунонии андоз ба баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ, гузариш ба моделҳои муосир ва самараноки технологияҳои пешбурди системаи мақомоти андоз, боло бурдани сатҳи дони­ши ҳуқуқии соҳаи андоз, огоҳии андозсупорандагон ва дар на­тиҷа, мустақилона риоя кардани қонунҳои андоз ва дар ин асос, афзун кардани нуфузи мақомо­ти андоз тавассути идоракунии одилона равона карда шудаанд.

Ҷорӣ намуда­ни технологияҳои ҳозиразамони иттилоотӣ ва дар заминаи онҳо омода кардану ба роҳ мон­дани барномаҳои компютерӣ бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, ба­ланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои мақомоти андоз ба андозсупорандагон, дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мон­дани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳаддалимкон маҳдуд намудани алоқаи бевоситаи корманди мақомоти андоз бо шаҳрвандон ва андозсупорандагон, воқеан, яке аз самтҳои муҳимми фаъоли­яти мақомоти андоз ба шумор меравад.

Рақамикунонии мақомоти андоз имконият медиҳад, ки хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва ан­дозсупорандагон ва табодули маълумот миёни мақомоти дав­латӣ дар сатҳи замонавӣ таъмин карда шуда, ба ин васила, сама­ранокии фаъолият дар ҳамаи самтҳо афзун гардонида шавад. Имрӯзҳо мақомоти андоз дар фаъолияти худ аз стандартҳои за­монавӣ ва технологияҳои муосир бештар истифода намуда, барои ба роҳ мондани муносибатҳои шарикона бо бахши хусусӣ, пеш аз ҳама, сода ва осон намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намудаанд. Дар ин раванд яке аз механизмҳои асосии танзим­кунандае, ки мақомоти андоз ба­рои андозсупорандагон муҳайё намудаанд, сомонаи Кумитаи андоз (andoz.tj) ба шумор ме­равад. Дар сомонаи Кумитаи андоз ҳамаи намудҳои хизма­трасониҳои мақомоти андоз, ки барои шаҳрвандон ва андо­зсупорандагон омода гардида, иҷрои уҳдадории онҳоро осон менамояд, ҷойгир карда шуда­аст. Роҳандозии ин тадбирҳо, дар маҷмуъ, барои татбиқи Консепсияи ҳукумати электронӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ мусоидат менамояд.

Бо мақсади зиёд шудани хизматра­сониҳои электронӣ ва истифодаи сода ва осони хизматрасониҳо, сомонаи Кумитаи андоз пай­васта нав карда мешавад ва бо таҷдиди сомонаи мазкур, дар он навовариҳои зиёде барои истифодабарандагон муҳайё мегардад.

Кумитаи андоз ҳамеша кӯ­шиш менамояд, ки имкония­ти аз ҷониби шаҳрвандон ва соҳибкорон истифода гардидани сомонаи худро давра ба давра вусъат диҳад ва дар баробари ин, ҳимояи сомона ва дигар хизматрасониҳои электронии дохили онро аз хатарҳои киберӣ таъмин намояд. Дар доираи амалӣ намудани Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Кумитаи андоз аксари хизматра­сониҳои давлатӣ ба андозсупо­рандагон ва шаҳрвандон бо исти­фода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудаанд ва ҳамаи ин тадбирҳо, пеш аз ҳама, барои аз ҷониби андозсупорандагон осон ва сода гардидани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, аз ҷумла ҳисобу пардохти андозҳо равона гардидаанд.

Кормандони мақомоти андоз низ ҷиҳати хубтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо бо шаҳрвандон ва андозсупорандагон пайваста ҳамкорӣ менамоянд, ки ин ба рушди фаъолият ва иҷрои уҳда­дориҳои андозии онҳо заминаи мусоидро фароҳам месозад.

Тоҷиддин Холов,

номзади илмҳои иқтисодӣ