• Бахшида ба ҳафтаи илм

Таҳавулоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кунунии дунё ва кишвари азизамон дар солҳои соҳибистиқлолӣ зарурати дигаргуниҳоро ба миён овард. Алъон моро зарур аст, ки таълиму тарбияи насли наврасро ба куллӣ ба руҳи замон мутобиқ созем ва омӯзиши амиқи адабиёти пурғуновати ниёгонамонро, ки саршори ҷанбаҳои ватандӯстиву инсонгароӣ ва худшиносию ахлоқи шоистаро фарогир аст, ба ҷавонон ҳамаҷониба омӯзонем.

Перомуни ин масоил дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омадааст: «Эҳёи мактаби миллӣ, барқарор ва пойдор намудани педагогикаи ниёгонро дар назар дорад, ки хушбахтона, дар анъанаҳо, урфу одат, расму русум, маросимҳо ва адабиёти тароватбахши шифоҳию хаттии мо боқӣмондааст. Дурдонаҳои бебаҳои ниёгони мо на танҳо баҳри тарбияи ахлоқи ҳамидаю рафтори шоистаи насли наврас хизмат мекунанд, инчунин сарчашмаи софу беғубори ғанӣ гардонидани мазмуни маълумот ба шумор меравад».

Мусаллам аст, ки беҳтарин осору ашъори мондагори адабиёти классикӣ ва афкори педагогии гузаштагонамон, ки ҷавҳари онро худшиносиву худогоҳӣ, ахлоқу одоби волои инсонӣ дар бар мегирад, ҳамаҷониба дар корҳои тарбиявию ахлоқии муҳассилин ба роҳ монем. Адабиёти классикии мо таърихи куҳан дорад ва намояндагони барҷастаи он асарҳое офаридаанд, ки саропо аз фикрҳои тарбиявию ахлоқӣ иборатанд. Аз мазмуну муҳтавои осори пандуахлоқии мутафаккирону шоирони форсу тоҷик дар масири таърих ҳазорсолаҳо боз наслҳои зиёде панду андарзи зиндагӣ омўхта, тарбия ва камолот ёфтаанд. Аз ин ҷиҳат, дар ин айёми пурҳассосу пуртаҳлукаи ҷаҳонӣ зарур аст, ки аз ин хазинаи панду ҳикмат ва ганҷинаи дурри ноёби зиндагӣ мавридшиносона корбарӣ намоем, то ин ки сифатҳои ахлоқию инсонии наслҳои ояндасози миллатро ташаккул диҳем.

Дар ин росто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатияш перомуни тарбияи наслҳои ояндасоз чунин андешаҳои гуҳарбор иброз доштанд: “Дар ин замина, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад”.

Бояд тазаккур дод, ки аз китоби «Авесто» то қасидаю шеърҳои Рўдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Бўстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Қобуснома»-и Кайковус, «Баҳористон» ва «Хирадномаи Искандарӣ»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Рўшноинома» ва «Саодатнома»-и Носири Хусрав, «Панднома»-и Фаридиддуни Аттор, «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ, «Панднома»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, шеърҳои Абуалӣ ибни Сино, Бедил, Камоли Хуҷандӣ ва дигар асарҳои пануандарзии классикӣ ахлоқи шоиставу неки инсонӣ, эҳсоси меҳанпарастиву ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ, поквиҷдонӣ, дўстию рафоқат, хоксорӣ, инсонгароӣ, арзишҳои сухан ва ҷойгоҳи он, эҳтироми калонсолон, раҳму шафқат ба ятимону бекасон, қадру қимати волидайн ва дигар паҳлуҳои тарбияи инсони комилро васфу ситоиш кардаанд.

Дар баробари ин, суханварони маъруфи гузашта дар жанри қасида ва дигар навъҳои назму наср тарбияи инсонро мақоми аввалият додаанд. Ҳамин аст, ки дар қасидаҳо ниёгонамон ба самтҳои гуногуни тарбияи инсон дахл карда, баҳри камолоти дунёи маънавии афроди ҳушманд андарзҳои ҷовидона суфтаанд. Нақши муассиру бузурги осори мондагори устод Рӯдакӣ дар рушду камоли инсонӣ ва шахсиятҳои тафаккури созанда хеле бориз аст.

Аз эҷодиёти ин суханвари нотакрор мавридшиносона истифода намуда, масъулияти худшиносиву меҳанпарастии ҷавононро боз ҳам такомул мебахшем. Эҷодиёти шоир ва маҳорати сухангустарии ӯ асрҳо боз барои суханварони оянда намунаи ибрату омӯзиш ба шумор меравад. Дар ин маврид, забоншиноси машҳури тоҷик, профессор Саидқул Сабзаев чунин назари андеша баён кардааст: “Ба бузургвории устод Рӯдакӣ, маҳорати шоирӣ, суханварию нуктасанҷӣ, мақоми ӯ дар ташаккул, устувордошт ва ривоҷи забони тоҷикӣ, беназирии маҳорати шоирии ӯ ҳанӯз дар айёми ҳаёт буданаш баҳои сазовор дода шуда буд ва ин анъана то кунун идома дорад”.

Ашъори ҷовидона ва рӯзгори ибратомӯзи устод Рўдакӣ мактаби бузургест, ки одамиро ба адлу инсоф, сулҳу салоҳ, инсондўстию ватанпарастӣ, дўстию рафоқат, ҳалимию хоксорӣ ва соҳиб гаштан ба илму маърифат даъват менамояд. Чунончи шоир фармудааст:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра биги,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Дар эҷодиёти худ шоир мавзуъҳои қадру манзалати инсон, тарғиби илму дониш, таҳкими худшиносию ҳувияти миллӣ, нақши фарҳангу тамаддун, бадкорию оқибатҳои ҳузнангези онро бо суханҳои волою ашъори баландмазмун мавриди тасвири бадеӣ қарор додааст.

Ин андешаҳои ҳакимонаю суханҳои пандомӯзу шаҳдбори ӯ садсолаҳо боз дар такомули илму ирфон ва олами маънавии мардум хизматҳои шоистаро анҷом медиҳад. Устод Рӯдакӣ ҳамчун муаллими ахлоқ фарзандони солеҳу тарбиядида ва ба афроди худогоҳу саодатманд табдил ёфтани онҳоро шаҳди меваи умри инсон медонад.

Аммо зиндагию фишори рӯзгор гоҳо муаммои сарбастаю таззодҳои ноҳамворро ба бор меорад, ки аз он қалби ҳассосу нозуки афроди хирадманд аз фарзандони нохалафу бадахлоқ озурдаву ранҷур мегардад. Шоири тавоно шарафи одамиро на дар аслу насаб, мақому мансаб, балки дар ахлоқи шоиста ва эҳтироми бепоён ба падару модар мешуморад. Зеро масъулияти волидайн дар тарбияи фардҳои равшанзамиру дилогоҳ хеле муассир аст.

Дар ин росто, устод Рӯдакӣ бо шеърияти волову андешаи бикр гуфтааст:

Эй дароғо, ки хирадмандро

Бошад фарзанду хирадманд не,

В-арчи адаб дораду дониш падар,

Ҳосили мерос ба фарзанд не.

Инъикоси масъалаҳои сабру қаноат, таҳаммулу бурдборӣ ва ҳимматбаландиву ҷавонмардӣ дар эҷодиёти суханвар мавқеи намоён дорад. Дарвоқеъ, қаноату шикастанафсӣ шахсро обруву эътибор афзуда, осудаҳолу сарфароз менамояд ва таъкид менамояд, ки инсони зирраку бурдбор ба он чӣ Офаридгори бениёз ба ӯ молу неъмат додааст, қаноат менамояд ва худро баҳри дарёфти боз ҳам дороиву сарвати зиёд нокому маҳзун намегардонад.

Устод Рӯдакӣ накукорию саховатмандиро ҷавҳари асосии одамият мепиндорад, ки пешаи ашхоси эҳсонкору мардумони соҳибдил аст. Аз ин ҷиҳат, шоири тавоно одамонро ба амалҳои хайру савоб, дастгирии табақаҳои ниёзманд далолат менамояд ва оини накукориро накҳати файзбахш ва зиннату зевари одамият мешуморад.

Ҳамзамон, устод Рӯдакӣ дар эҷодиёташ ба масоили васфи зебоиҳои табиат, меҳри Ватан, ҷойгоҳи забону сухани бомаврид барин мавзуъҳои ҷовидона дахл намуда, дар радифи бузургтарин суханварони дунё қарор гирифтааст. Ҳаминтавр, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз хеш беҳтарин абёти рангину шеъри ҷонфизоро бо каломи содаю дилнишин ба наслҳои ояндасози миллати тоҷик мерос гузоштааст.

Мушкилиҳое, ки дар замонаш ба сари шоир омада буд, ирода ва мароми ўро хомўш гардонида натавонист. Устод Рӯдакӣ бо ашъори пуртаровату ҷаззоби хеш ба қалби ҳазорон ҳазор инсонҳо хислатҳои накўкорӣ, инсондўстиро мепарварид. Ҳамин аст, ки шеъру сухани беназири ӯ ҳамчун ганҷинаи бебаҳо вирди забони пиру барно аст.

Шоир ба ҳар як амали неку бад аз нигоҳи зиндагӣ ва ҳаёти ба сар бурдаи худ назар карда, он дури маъниеро суфта аст, ки ҷилои он ҳеҷ гоҳхомўш намегардад. Бо вуҷуди ноадолатиҳои замону, мушкилиҳои зиндагӣ шоир тавонист, ки як мероси гаронбаҳоро аз худ боқӣ гузорад. Ў пайваста дар андешаи он буд, ки мардумро ба муҳаббату садоқат ва вафодорӣ ҳидоят намояд. Устод Рўдакӣ ҳамчун файласуф таъкид мекард, ки ҳеҷ як амали бад дар назди Худо бе «мукофот» намемонад. Ин хонандаро ба он водор месохт, то аз хурдӣ кушиш ба он кунад, ки дар зиндагӣ чизи неке аз худ боқӣ гузорад. Зеро олами фонӣ ҷойи он нест, ки ба сари мазлуме мусибате пеш орӣ .

Аз ин хотир, шоир ҳаводорони худро ба некӣкардан, фоида овардан ба каси дигар даъват менамояд. Баъд аз сари худ боқӣгузоштани чунин як мероси пурарзиш ва дорои фасоҳату маънӣ ба хонандаи имрўза барои пешравии ҷаҳонбинӣ ва хусусиятҳои ахлоқи ҳамида кўмаки калон мерасонад.

Ӯ хонандаи закиро ба он роҳнамоӣ мекунад, ки аз айёми кӯдакию наврасӣ ва тамоми зиндагии хеш номи неку пайкори ибратомӯз боқӣ гузорад. Ин адиби нуктасанҷ дар андешаи он аст, ки амали баду зишт дар назди Худованд ҳеҷ гоҳ бе “мукофот” гузошта намешавад.

Абдураҳимов Файзулло,

Собиров Лоиқ,

омӯзгорони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав