МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 25 майи соли 2024 ҳайати устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади рушду оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар машқи пагоҳирӯзӣ фаъолона иштирок намуданд.

Муфассал

Дар ҷаласаи кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав, ки тибқи қарори Шӯрои диссертатсионӣ ҳамчун муассисаи пешбар интихоб гардида буд, муҳокимаи дисертатсияи унвонҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Асомиддини Абдулмумин, ки зери роҳбарии н.и.т., дотсент Ғафуров Абдулло Мутиллоевич дар мавзуи “ТАЪРИХНИГОРИИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ ВА СУЛҲИ ТОҶИКОН (солҳои 1992-2000)” омода гардидааст, баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур декани факултети таърих ва ҳуқуқ дотсент Баҳодуров Б.Ф., дотсентон Садриддини А., Баротов М., Наботов Ф., н.и.т. Мирзоев Ғ., н.и.т. Қурбонов М., н.и.т. Ҷалилов М. ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд. Бояд қайд кард, ки рисолаи мазкур тули қариб як моҳ мешавад, ки аз ҷониби устодони кафедра ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода шуда буд.…

Муфассал

ВОХӮРӢ БАХШИДА БА СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Имрӯз бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ ” вохӯрии намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён таҳсили рӯзона ва фосилавии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ доир карда шуд. Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мақсади эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ ” ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд андешарони намуд.…

Муфассал