Имрӯз 8-уми июни соли 2024 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав қабули шаҳрвандон аз ҷониби Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ баргузор гардид.

Зимни қабули роҳбарияти донишгоҳ шаҳрвандон ва донишҷӯён оид ба барқарор ва шартномаи таҳсил муроҷиат намуда аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба инобат гирифта шуд.

Инчунин, дар донишгоҳ ҷадвали қабули шаҳрвандон дар донишгоҳ тартиб дода шудааст, ки дар асоси ҷадвал шаҳрвандон метавонанд муроҷиати худро ба роҳбарияти донишгоҳ расонанд.