Вазифаи асосии равоншиноси мактаб ин омӯхтани ҷаҳони ботинии хонандагон, муайян намудани муносибати онҳо ба дарс, ҳамсинфон, омӯзгорон, омӯхтани хусусиятҳои фардию психологӣ (мизоҷ, характер, қобилият, шавқу ҳавас, талабот), аз муайян намудани дараҷаи инкишофи фаъолиятҳои маърифатӣ (эҳсос, идрок, диққат, хотир, тафаккур, хаёл), ҳолатҳои эмотсионалӣ – иродавӣ (ҳиссиёт, эмотсия,ирода) ва ғайра иборат аст.

Ҳангоми кор дар мактаб равоншинос бо мақсади омӯхтан ва муайян намудани хонандагоне, ки ба маслиҳат, дастгирӣ ва кумаки ӯ эҳтиёҷот доранд, бо маъмурияти мактаб, омӯзгорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва волидон ҳамкорӣ менамояд. Оид ба хусусиятҳои синнусолӣ, тағйирот ва дигаргуниҳои анатомию физиологӣ ва психологии хонандагон ба омӯзгорон маълумот ва маслиҳатҳои мушаххаси психологӣ медиҳад. Чунки азхудкунии барномаи таълимии хонандагон ба инкишофи ҷисмонӣ ва психологӣ, вазъи психологии синф, кайфияти рӯҳӣ, ҳаваси донишандӯзӣ, муносибати ӯ бо ҳамсинфон, омӯзгорон, ба шароити оила ва ғайра алоқаи зич дорад.

Равоншиноси мактаб бо хонандагон суҳбат ороста, сабабҳои сустхонӣ, дарсгурезӣ, вайроншавии муносибати байни ҳансинфон, омӯзгорон, волидон муайян намуда, чораҳои бартарафкунии камбудиҳо, якдигарнофаҳмиҳоро мебинад ва тавсияҳои психологӣ медиҳад.

Равоншинос бо омӯзгорон ва волидони хонандагон ҳамкорӣ намуда, дар бораи омодагии педагогӣ – психологии кӯдакон ба мактаб, роҳу воситаҳои бо тезӣ ба шароит ва талаботи мактаб мутобиқшавӣ, бартараф кардани душвориҳои моҳҳои аввали таҳсили хонандагон маслиҳатҳои психологиро ба нақша мегирад. Махсусан дар бораи бавуҷудоии буҳрони синнусолӣ, ки ба синни 7-солагӣ, 13-солагӣ ва 17-солагии хонандагони синни хурд, миёна ва калони мактабӣ рост меояд, маълумот медиҳад. Дар байни волидон донишҳҳои психологию педагогиро ташвиқу тарғиб менамояд, ки мазмуни кори асосии равоншиноси мактаб буда, онро маърифати психологӣ меноманд.

Маслиҳати психологӣ яке аз фаъолиятҳои асосии равоншиноси мактаб ба ҳисоб меравад. Ё на танҳо ба омӯзгорон, волидон ва хонандагон, инчунин дар ташкил ва гузаронидани соатҳо ва чорабиниҳои тарбиявии синфию умуми мактабӣ ба роҳбарони синф ва маъмурияти мактаб дар интихоби мавзуъ, нақшаи ташкил ва гузаронидани он маслиҳат ва кумак мерасонад.

Ташхиси психологӣ ба равоншиноси мактаб имконият медиҳад, ки моҳирона ба олами ботинии хонандагон ворид шуда, барои инкишофи муътадили онҳо ба омӯзгорону волидон барои муҳайё сохтани шароитҳои зарурӣ тавсияҳо диҳад.

Кор оид ба инкишофи қобилияти хонандагон яке аз фаъолияти равоншиноси мактаб буда, ӯ бояд хонандагони сустхон ва лаёқатмандро таҳти назорати худ гирад. Сабабҳои паст будани сатҳи дониши онҳоро муайян намуда, роҳҳои инкишоф додани қобилияти фикрӣ ва азхудкуни барномаи таълимиро ба муаллимон тавсия намояд. Чунки сабабҳои аз худ карда натавонистани барномаи таълимӣ на танҳо ба инкишофи фаъолиятҳои маърифатии хонандагон (эҳсос, идрок, диққат, хотир, тафаккур, нутқ, хаёл), инчунин ба шавқу ҳавас, талабот, вазъи саломатӣ, беназоратӣ аз тарафи волидон, вазъи носолимии психологии оила, мавқеи худро дар байни хонандагони синф наёфтани ӯ, муносибати ӯ бо омӯзгор ва ғайра вобастагӣ дорад.

Бо хонандагони лаёқатманд кор карда, равоншиноси мактаб бояд фаҳмонад, ки ба ягон соҳаи илм (риёзӣ, адабиёт, химия, расмкашӣ, варзиш) мароқ доштан маънои онро надорад, ки нисбати фанҳои дигар бепарвоӣ зоҳир намояд. Зеро ҳамаи илмҳо бо ҳамдигар алоқаманд буда, яке дигарашро пурра мекунад.

Рамазон Гулов,
омӯзгори кафедраи психологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав

Бознашр аз рӯзномаи “Хатлон” 11 июни соли 2024, №37 (3558)

http://khatlon-ruznoma.tj/…/4469-ravonshinosi-maktab…