Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи назди раиси вилоят Давлаталӣ Саид баргузор гардид.

Дар қисмати тантанавӣ ба Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки дар иҷрои нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ саҳми худро гузоштанд, бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардид.