Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи кории Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтиидастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати профессорону унвонҷӯён доир гардид.

Дар ҷаласа Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Шарифзода Мумин Машокир, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ниёзӣ Сироҷиддин, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вализода Ҳокимхон, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ- гуманитарии Комиссия, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон, раисон ва котибони шуроҳои олимон ва мудирони шуъбаҳои омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, профессорон ва унвонҷӯён иштирок намуданд.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оғоз гардид. Дар идомаи суханронӣ М. Қурбонзода зикр намуд, ки мулоқоти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ва илми кишвар барои беҳтар намудани самти омодасозии кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар идомаи ҷасала Шарифзода Мумин Машокир, муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

“Ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ кам ҷалб гардидани ҷавонони лаёқатманду забондон, рушд накардани мактабҳои илмии олимони собиқадор ва ҳавасмандии нокифояи аспирантҳову докторантҳо, хусусан, дар самти илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷумлаи мушкилоти асосии омода кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад”, – афзуд Шарифзода Мумин.

Ниёзӣ Сироҷиддин, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Дар ҷамъбасти ҷаласаи корӣ якчанд профессор аз донишгоҳҳои минтақаи Хатлон аз иқдоми пешгирифтаи Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, раиси Комиссия истиқбол намуда, ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагии омӯзгорону олимон изҳори сипос карданд.