Имрӯз дар факултети таърих ва ҳуқуқ ҷаласаи якҷояи кафедраҳои таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ ва фарҳангшиносӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур пешдифои рисолаҳои номзадии унвонҷӯёни кафедраи таърихи халқи тоҷик Садбарги Исо дар мавзуи “Таҷрибаи таърихии муҳоҷиркунӣ ва азхудкунии заминҳои навкорам дар вилояти Кӯлоби ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1946-1991)” ва Юсуфиён Манзура дар мавзуи “Ташаккул ва инкишофи соҳаи тандурустӣ дар минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1930-1991” зери роҳбарии профессор Алимов Д.Х. гузаронида шуд.

Дар ҷаласаи мазкур раиси Шӯрои олимони факултет Баҳодуров Б.Ф., мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносӣ профессор Алимов Д.Х., мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик н.и.т. Мирзоев Ғ., аъзоёни шӯро профессор Гадозода А., дотсентон Баротов М., Наботов Ф., н.и.т. Ҷалилов М., н.и.т. Қурбонов М. ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.

Ҷаласаро раиси Шурои олимони факултет дотсент Баҳодуров Б. оғоз намуда, баъди шунидани натиҷаи рисолаҳои илмии унвонҷӯён баромади онҳо ба муҳокима гузошта шуд.

Бояд қайд кард, ки рисолаҳои мазкур тули қариб як моҳ мешавад, ки аз ҷониби устодони кафедраҳо ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода шуд.