Ҷаласаи ҷамъбастии Шурои олимони донишгоҳ имрӯз, санаи 25-уми июни соли 2024 дар толори бинои асосӣ таҳти раёсати профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат баргузор гардид.

Дар он масъалаҳои муҳокимаи натиҷаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагон дар донишгоҳ, ҳолати иҷрои қарору дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли таҳсил ва қарорҳои Шурои олимон дар факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2023-2024, ҷамъбасти кори Шурои олимон дар соли таҳсили 2023-2024 ва вазифаҳо оид ба минбаъд беҳтар намудани самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи аъзои ҷаласа қарор гирифт.

Нахуст як қатор пешниҳодоти садорати факултетҳоро, ки барои тасдиқи номи мавзуи рисолаҳои докторӣ, номзадӣ ва роҳбари илмии унвонҷўён пешниҳод шуда буд, ба муҳокимаи аъзои ҷаласа гузошта, пас аз шунидани фикру мулоҳизаи аъзои шуро тасдиқ намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби Раёсати донишгоҳ як гурўҳ унвонҷўён ва роҳбарони илмии онҳо, ки рисолаҳои илмии хешро дар соли таҳсили 2023-2024 сарбаландона дифоъ намуданд, дар асоси қарори Шурои олимон қадршиносӣ карда шуданд.

Ҳамин тавр, дар кори ҷаласаи Шурои олимони донишгоҳ масъалаҳои муҳими марбут ба таълиму тарбия, илм ва инноватсия муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.