Дар осору афкори ниёгонамон Истиқлолу Ваҳдат аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт садҳо асарҳои мондагор таълиф шудааст, ки асоси онро дӯстиву рафоқат, ҳамгироиву муҳаббат ва шинохти миллӣ фаро мегиранд.

Таълимоти дини зардуштӣ, ки бар пояи «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» мураттаб шудааст, мояи онро низ худшиносиву худогоҳӣ ва суботи сартосарӣ ифода мекунад. Гузаштагонамон бо мақсади мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдорӣ ва таълиму тарбияи дурусти насли ҷавон дар ин руҳия аз роҳу василаҳои гуногун истифода намудаанд. Дар замони муосир таълимот ва дарки ин ҳама масъалаҳо барои ҳар сокини кишвар аҳамияти бештар касб менамояд.

Баъди пош хӯрдани собиқ давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ барои халқи тоҷик зарурати таъсиси давлати мустақил пеш омад. Бо ин мақсад 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон намуд. Аммо бо гузашти вақти кӯтоҳ бо дахолати душманони миллат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар ба вуқуъ пайваст. Дар ин давра халқи тоҷик ва сокинони Тоҷикистон ба мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию равонӣ рӯ ба рӯ шуданд. Хонаводае набуд, ки ин муноқишаву кашмакашиҳои замон ба он таъсир накарда, талафоти ҷониву молиро ба вуҷуд наоварда бошад. Сиёсатмадорону зиёиён ҳарчанд мардумро ба иттифоқу ваҳдат моил менамуданд, аммо қувваҳои ғаразнок боиси парешон намудани ин ҳама муттаҳидиҳо мешуданд. Маҳз дар ин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди фарзонаи халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳи равшанфикрони ҳамсафаш ба сари қудрат омаданд.

Онҳо кори давлатдориро аз барқарор намудани сулҳу осоиштагӣ оғоз бахшиданд ва дар як марҳалаи кӯтоҳ дар ин самт натиҷаҳо ба таври шоиста рушд кард.

Дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон эълони Истиқлоли давлатӣ ва қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аҳамияти басо арзишманд доранд. Ин воқеаҳо ва раванди сулҳофарӣ дар вазъияти тезутунди сиёсӣ ва мафкуравӣ ба вуқӯъ омад ва ҷонибҳо дарк намуданд, ки ягона роҳи наҷоти миллату давлат дар ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиву рафоқат таҷассум меёбад.

Маҳз ваҳдат буд, ки мо дубора ба таъриху фарҳанги пурғановати худ рӯй овардем ва онро бо андешаву афкори худ эҳё намудем. Истиқлол ва ваҳдати миллӣ чун офтобу моҳтоб шаби торику рӯзи сарди халқи тоҷикро равшану гармӣ бахшида, барои парвози баланд ба сӯи дастовардҳо роҳ кушод. Ҳамаи ин комёбиҳо дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, ки асоси онро расидан ба зиндагии шоистаи сокинон ташкил медиҳад, амалӣ гардид. Дарахти парвардаи Ваҳдат ба андозае решааш қавӣ шуда, самар овард, ки имрӯз на танҳо сокинони кишвар ва ё халқи тоҷик, балки дигар қавму миллатҳо низ аз он ком ширин менамоянд. Миллати сулҳпарвару тамаддунофари тоҷик дарк кардаанд, ки ягона васила ва омил барои саодатмандӣ ин оромиву осоиштагӣ мебошад.

Хушбахтона, ҳоло зиёда аз 190 давлати ҷаҳон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои гуногун доранд, ки ин аз нуфузи хосса пайдо намудани кишварамон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад. Тибқи таҳлилу арзёбиҳои Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва таҳқиқотҳои анҷомёфта дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон ба панҷгонаи давлатҳои амну осоишта дохил мешавад. Ҳамасола шумораи сайёҳону меҳмонон барои шиносоӣ аз фарҳангу тамаддуни бою ғанӣ ва тамошои манзараҳои назаррабои кишварамон меафзояд, ки ин барои ҳар кадоми мо мояи ифтихор ва сарафрозӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суҳбат ва баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки сокинони кишвар аз ҳарвақта дида бештар дар ҳимояи истиқлолу ваҳдати миллӣ бошанд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои наслҳои имрӯзу оянда онро ба мерос гузоранд. Мутмаинем, ки ваҳдати тоҷикон мисли хираду фарҳанги пурғановаташ шуълаафрӯзи имрӯзу фардо боқӣ мемонад.

Сангимурод ШАРИФОВ,
мудири кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи
Носири Хусрав

Бознашр аз рӯзномаи “Хатлон” – 26.06.2024, №40-41 (3562)

http://khatlon-ruznoma.tj/…/4532-vadati-mill-durahshi…