Бистуҳафтумин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро имсол мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ таҷлил мекунанд. Ин санаи таърихӣ воқеан ба давраи нави соҳибистиқлоли кишварамон оғоз бахшида ва баҳри дар амал татбиқ намудани раванди созандагию бунёдкории давлатзаминаи устувору мусоидро фароҳам овард.

Ҳолати имрӯзаи ҷаҳон, рушди ифротгароӣ, куштору қатли одамон дар баъзе ҷойҳои сайёра, ба гуруҳҳо ва ҳаракатҳои тундраву террористӣ майл кардани ҷавонони кишвар, моро водор месозад, ки ба гузаштаи на он қадар дури худ бо назари эҳтиром назар афканем ва ба диққати онҳое, ки фоҷиаи аз саргузаронидаи халқи тоҷикро дар солҳои навадуми қарни бист камтар хабар доранд расонем. Ин шояд сабабе гардад дар фаҳмиши дарки арзиши бузург доштани Ваҳдати миллӣ дар зиндагӣ ва фаҳмидани асли воқеаҳо барои пешгирӣ аз ҳама ҳаракатҳои ифротию экстремистӣ ва ангезаеби шавад барои тафаккур ба асли моҳияти ҳодисаҳо, то ки ҳаёт осудаю ором дар сарзамини соҳибистиқлоламон ҳамеша пойдор бимонад.

Имрӯзҳо фазои сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамаи нерӯҳои созандаю бунёдкори ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, устувории пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи бардавом ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар равона созем.

Бояд тазаккур дод, ки барои ба ин рӯзи саид расидан халқи тамаддунофари тоҷик имтиҳонҳои басо нангини таърихиро паси сар намуда, баҳри пирӯзии манфиатҳои миллӣ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ анҷом бахшид. Халқи тоҷик ба тамоми инсонияти ҷаҳон исбот намуд, ки метавонад дар таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу осоиш зиста, сарзамини қадимаи аҷдодии худро бо азму талоши ватандӯстонаю меҳанпарастӣ ободу зебо гардонад.

Ҳифзи ваҳдати миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи мардуми шарифи тоҷик мебошад. Инсонҳои ҷомеаи имрӯза бояд дорои ақлу хирад ва фаҳмиши воло бошанд, ки мафҳуми ваҳдатро дарк карда тавонанд ва онро дӯст доранд ва бо қалби солим онро истиқбол кунанд. Дар радифи ин тавссути ахлоқи ҳамида ва худшиносии миллӣ инсонҳо метавонанд ваҳдати миллии кишвари хешро ҳифз кунанд. Инсон бо илму тафаккури оқилона ва ахлоқу одоби ҳамидаи хеш на танҳо ваҳдати миллиро, балки зебоиҳои кишварро, фарҳангҳои пешқадами онро дар омезиш додан бо фарҳангҳои волои дигар кишварҳо, тамаддун ва фарҳанги худро дар баробари пешрафти фарҳангу тамаддуни замони муосир ҳифз менамоянд ва барои ба замони ҳол мутобиқат кардани ҷаҳонбинии хеш саъю талош мекунанд.

Дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти миллӣ кишвари мо ба муноқишаҳои низомии дохилӣ ва коҳиш ёфтани ҳолати иҷтимоиву бехатарии мардуми тоҷик, ки ба шиддатнокии раванди муҳоҷират оварда расонид дучор гардид. Дар он давра ин воқеаҳо садҳо ҳазор одамонро маҷбур сохтанд, ки тарки Ватан намуда ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ва минтақаҳои дохили ҷумҳурӣ муҳоҷират намоянд. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ шумораи умумии гурезаҳои кишварамон, ки дар ҳудуди дигар давлатҳо паноҳ ёфта буданд ва муҳоҷирони иҷбории дохили мамлакат, дар солҳои 1992 – 1993 зиёда аз 900 ҳазор нафарро ташкил медод.

Суханони аввалини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии тақдирсози ХУ1 Шӯрои Олӣ ба ҳайси роҳбари нави интихоб гардидаи давлат чунин буданд: «Ман барои барқарор кардани сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ба Ватан тайёр ҳастам ҳаётамро қурбон кунам». Чунин суханони пуртаъсир ба дили ҳамаи шаҳрвандони кишварамон умеди сулҳу осоишро нақш баст ва аз соли 1993 сар карда, раванди боз гардонидани мардуми ҷабрдидаю парешонҳоли Тоҷикистон ба ҷойҳои зисти доимиашон пайиҳам ҳалли худро пайдо мекард.

Ин муноқиша бемаънии низомӣ ба тоҷикистониён ниҳоят заҳмату шиканҷаи бисёре овард, аз ҷумла, шумораи хонаҳои шаҳрвандони ба хок яксонгардида 30 ҳазорро ташкил медод, инчунин садҳо бино юиншоот, мактабҳои миёна, бунгоҳи тиббӣ, идораи давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ба харобазор табдил ёфта буданд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз 55 ҳазор кӯдакон ятим ва 26 ҳазор нафар занон бешавҳар монданд. Садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ ва заводу фабрикаҳо ғорат гардида, иқтисодиёти мамлакат ба даҳҳо сол ақиб партофта шуд.

Дар давоми солҳои 1993 – 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, сулҳу осоишро ба хонадони мардуми шарифи Тоҷикистон баргардонид. Сафарҳои чандин карата ба давлатҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла ба шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Машҳад, Кобул, Хосдеҳ, Исломобод, Алмаато, Ашқободва Бишкек бо мақсади гуфтушунидҳо бо тарафи мухолифин ва пайдо намудани роҳи ҳалли масъала, ба натиҷаҳои назаррас оварда расониданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 дар шаҳри Хоруғ чунин изҳор дошта буд, ки «Мо – мардуми Тоҷикистон имкониятҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ва заминаҳои мусоиди иҷтимоии бунёд ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ, сиёсӣ ва диниро дорем, ки истифодаи дурусту ба мавқеи онҳо барои ҳама шарт ва зарур аст. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки бузургиву устуворӣ ва қудрату ғановати ваҳдати миллии мо аз сатҳи худшиносии миллӣ, омӯзиш ва корбасти арзишҳои неки миллат, ҷанбаҳои созандаи маданияти моддӣ ва маънавии миллат вобастагӣ дорад… Мо бояд шукр кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем».

Рӯзи ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи воқеаҳои фараҳбахшест, ки эҳсоси худшиносиву ватанпарастӣ, сулҳпарварӣ, меҳру муҳаббатро ба миллат бедортар намуда, ҷудоии маҳалҳоро аз байн бурда, заминаи ҳамкорӣ ва муттаҳидии минтақаҳои кишварро ба вуҷуд меоварад, масъулиятро барои ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон, ватани ягонаи мо бештар мегардонад. Ваҳдат барои ҳар фарди бедордили миллат ҳамеша паёми сулҳу оштӣ, ҳамдигарбахшӣ ва таҳаммулу дӯстӣ хоҳад буд, чунки Ваҳдат ҷавҳари устувории миллат мебошад.

Исозода Тоҷиддин,

муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ