27 июни соли 1997 уми ин санаи ин рузест, ки барои миллати тоҷик ва кули мардуми Тоҷикистон санаи фархунда ва ҷашни миллист, ки дар китоби таърих ва дар Қонунгузории Ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин дарҷ шудааст. Ин санаи наҷиб, ин идест, ки бо талошу заҳматҳои чандинсола бо гуфту шунидҳои зиёд тарафҳои даргирро ба муросо расонид.

Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июн ҷашни Ваҳдат ва сулҳу оштии миллат номгузори шуда, ҳамчун рӯзи ид, рӯзи таърихии милати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад.

Моро месозад, ки ин рӯзи фархундаро ҳамчун рӯзи нек, рӯзи эҳёи миллат дониста, арҷ гузорем, қадр кунем ва пос дорем. Ва хизматҳои таърихии роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст нодида нагирем ва эҳтиром намоем.

Мо насли калонсол набояд он рӯзҳои сахту сангини таърихро фаромӯш кунем. Хусусан мо омӯзгорон бояд ҳама вақт аз ин воқеъаҳои таърихи начандон дур ба насли ҷавону наврас, хусусан ба донишҷӯён қисса кунем ва фаҳмонем, ки ин ҳама ободию озодӣ, серию пурӣ ва гулгул шукуфтанҳое, ки ба дасти мо расидааст, бо шарофати ҷонбозию заҳматҳои абармарди арсаи сиёсат, марди ғаюру далер Эмомалии Раҳмон мебошад.

Чунки ин абармарди сиёсат воқеан тавонист бо мухолифин сари мизи гуфтушунид нишаста паймон кунад, то ки миллат аз маҳвшавӣ раҳо ёбад. Ва ҳамин тавр ҳам кард ва хушбахтона ба амали неки худ расид ва тавонист. Аз ёдамон ҳеҷ гоҳ намеравад он солҳои аввали Истиқлолиятро, солҳои 1992 то 1997, ки ниҳоят вазнин буданд, хосатан барои миллат ва давлату давлатдорӣ.

Хушбахтона ақли солим ва хирад боло гирифт ба рӯзҳои нек, рӯзҳои пурсаодат расидем. Аз ин дастоварди таърихи, аз ин санаи наҷиб аз ин Ваҳдату эҳёи миллат шукургӯзор бояд буд.

Абдулоева Муҳаббат,

омӯзгори кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав