Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ

Устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд!

Ваҳдат аз омилҳои устувори тартибу низоми ҷамъиятӣ, ҳидоятгари бошууронаву мақсадноки воҳидҳои иҷтимоӣ ва миллату ҷамъият мебошад, ки аъзои ҷомеаро барои ноил шудан ба ҳадафҳои моҳияти умумидошта сафарбар менамояд.

Дарвоқеъ, ваҳдати миллие, ки дар сарзамини маҳбубамон – Тоҷикистон пайрезӣ ва устувор шуд, дар ибтидо тавонист баҳри таъмини густурда ва устувори иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангиву иқтисодии ин сарзамин мусоидат намояд. Ваҳдати миллии Тоҷикистон нахуст дар хомӯш кардани оташи даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ нақши боризе гузошт, ки тамоми ҷомеа мунтазираш буданд.

Бояд иқрор шуд, ки сарчашмаи ба ваҳдат гаравидани мардуми тоҷик дар замони ҷанги ҳамватанӣ суханони пурихлос ва содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боис гардид. Ифодаи «Ваҳдати миллӣ» чун аз забони Сарвари давлат шунида шуд, намояндагони мардум ва тамоми халқи Тоҷикистон ин мафҳумро дар дилу дида ва маѓзу устухони худ ҷой доданд. Бешубҳа, ин сухани муқаддас тамоми хурду бузурги кишварро ба далериву шуҷоат, мардонагӣ, эҳсоси баланди Ватану ватандорӣ ҳидоят карда, фаҳму тафаккури миллионҳо ҳамватанонро ба мафҳуми ватанпарастӣ ва ваҳдати миллӣ пайванд кард.

Ҷойи ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз ҷомеаи инсонӣ, бахусус сиёсатшиносони ҷаҳон, барои татбиқи таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар кишварҳои ҷангзада паҳлуҳои гуногуни онро меомӯзанд ва барои амалӣ намудани сулҳу ризоияти миллӣ ҷаҳду талош меварзанд.

Роҷеъ ба моҳияти сулҳу субот ва натиҷаи ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ таъкидан чунин мегӯянд: «Дар ин робита мехоҳам махсус таъкид намоям, ки сулҳу субот ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон аст. Дар марҳилаи ҳозира, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддасти худ қарор додааст, мо тамоми дастовардҳоямонро бо мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста медонем».

Имрӯз бояд ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Аз гузашта сабақ гирифта, тамоми илму дониш, ақлу хирад ва таҷрибаи зиндагии худро ба он равона созем, ки ваҳдати миллӣ пойдору устувор монад, зеро ки ваҳдат номаи тақдири миллат, шарти пешрафти Ватанамон ба сӯйи ояндаи орому осуда, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.

Барои пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ дар кишварамон лозим меояд, шахсиятҳоеро тарбия намоем, ки дорои тафаккури нав буда, худогоҳ, мустақил, масъулиятшинос, ватандӯст, эҷодкор ва бунёдкору созанда бошанд. Барои ин баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани насли наврас хеле муҳим аст. Пеш гирифтани иқдомҳои шоиста ва таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба миллати тоҷик ва махсусан, ба ҷавонон имконият медиҳад, ки дар фазои сулҳу салоҳ илм омӯзанд, аз таъриху фарҳанги ниёгони хеш ифтихор намоянд, таҷрибаҳои пешқадам ва техникаю технологияҳои пешрафтаи ҷаҳони муосирро азхуд намоянд ва барои Ватани худ содиқона хизмат намоянд.

Боварии комил дорем, ки кулли ҷавонони Тоҷикистон бо зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши комил ва андешаҳои солиму созанда минбаъд низ барои рушду нумӯъ ва пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Ҳоло ки дар остонаи таҷлили Рӯзи ваҳдат қарор дорем, аз он шукргузорем, ки ваҳдат истиқлолияти моро ҳифз ва якпорчагии Ватанамонро таъмин намуд, халқи парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам овард, шуури миллии моро ташаккул дод, иттиҳоду якдигарфаҳмиамонро қавӣ намуд, осоишу некӯаҳволии халқро таъмин кард, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошт.

Умедворем, ки Шумо, устодону омӯзгорон чун як фидокори роҳи ваҳдат дар таъмини пешрафту созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, дар кафолати зиндагии осоиштаву пурнишоту бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва ҳифзи сарватҳои волои миллат саҳми арзанда мегузоред.

Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак, устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд!