Имрӯз дар Шурои якҷояи диссертатсионии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи педагогикаи факултети педагогика ва варзиши МДТ “ДДБ ба номи Носири Хусрав” Холмуродов Фаридун Раҷабалиевич дар мавзуи “Ташаккулёбии фаъолияти корҳои мустақилона – эҷодкории донишҷӯён дар ҷараёни таълими ҳамгироии забони русӣ” баргузор гардид.

Диссертатсия аз рӯйи ихтисоси 5.8.7. Методология ва технологияи таҳсилоти касбӣ (илмҳои педагогӣ) пешбини гардидааст.

Рисолаи мазкур зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ашурова Шаҳло Кулобиевна омода гардидааст..