Мулоқоти навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар вазъи кунунии рушди илм ва ҳадафҳои муҳими пешгирифта дар самти баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, натиҷаҳои тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати рушду тараққиёти технологияи муосир ва ихтироъкориҳо ва дигар масоили вобаста ба ин самт мавриди таҳлилу баррасиҳо қарор гирифт. Ҳадаф аз вохурии Сарвари давлат бо зиёиён ин андешидаи чораҳои муассир ҷиҳати ҷавобгӯи талаботи замони муосир рушду пешрафт додани илм аст, то бо ноил гардидан ба дастовардҳои бузург, дар самти омодасозии кадрҳо муҷаҳазгардонии соҳаи илму маориф ва соҳаи истеҳсолот бо таҷҳизоти замони муосир шароиту имкониятҳоро ҷиҳати инкишофу тараққиёти соҳаҳои гуногун ва пешрафту навгониҳои бузург фароҳам бисозем.

Бо дарназардошти нақши илм ва захираҳои бузурги зеҳнии кишварамон дар рушди давлат ва беҳтарсозии шароити иҷтимоии ҷомеа, Сарвари давлат ҳаллу фасли муҳимтарин масоили вобаста ба илму маориф ва фаъолгардонии неруҳои зеҳниро ҷиҳати истифодаи самараноку судманди захираву заминаҳои мавҷудаи мамлакат дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо аҳли зиёиён ба миён гузошт. Пешвои муаззами миллат зимни суханронии хеш изҳор доштанд, бодарназардошти он ки рушди иқтисодиёт ва таъмини устувориву рақобатнокии он бидуни сармояи инсонӣ имконнопазир аст, даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо мақсади пешрафту ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.

Дарвоқеъ, устувориву пойдории давлатҳои соҳибихтиёр ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои муқаддаси кишварҳои дар ҳоли рушд аз ҷомеаи дономанду соҳибмаърифат ва илмдӯсту соҳибҳунари он вобастагии зиёд дошта, кулли мамолик пешрафтаи олам дар пояи илму ихтирооти тақозои замони нав ва оқилонаву дурбинона истифода намудани техникаву технологияи навин пешрафту тараққӣ карда, истиқлолият ва арзишҳои худро ҳифз карда истода, ҳамзамон дастовардҳои илмиву кашшофии онҳо мавриди истифодаи башарият қарор дорад.

Роҳбари давлат аз таърихи рушду эҳёи илм дар замони Истиқлол ёдовар гардида, изҳор доштанд, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балкӣ, дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод.

Зикр гардид, ки дар марҳалаи тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ ҳукумати мамлакат 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намуда, ҳамин тавр, то соли 2020 сохтори Академияи илмҳо мукаммал гардонида шуда, ба Академияи миллии илмҳо табдил дода шуд. Даврони Истиқлолият ҷиҳати рушду эҳёи соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи илму маорифи кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ карда шудааст, ки маблағи умумии онҳо ба 36 миллиард сомонӣ мерасад. Айни замон бошад дар Тоҷикистон 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гашта истодааст, ки аз ин даҳҳо лоиҳаҳо ба соҳаи илм равона карда шудааст.

Пешвои муаззами миллат дар суҳбати ошкорову самимӣ аз рарванду рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба тадриҷан беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ аз 83%-и соли 1999 то 21,2 фоиз дар соли 2023 изҳори андеша намуданд. Тибқи таҳлилҳо дар ин давра шумораи аҳолии Тоҷикистон қариб ду баробар афзоиш ёфта бошад ҳам, аммо бо шарофати андешидани тадбирҳои ояндасоз дар самти таъмини зиндагии шоистаи мардум, ҳолиё дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол бо 76,3 сол расидааст.

Бе муҳобо, мо мардуми хушиқболу саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлолем, ки Президенти маҳбуби кишварамон ба масъулиятҳои бузурги давлатдорӣ нигоҳ накарда, дар фикру зикри рушду беҳбуд бахшидани ҳама самтҳои ҳаёту фаъолияти мо мардуми шарифи ин сарзамини муқаддас мебошанд.

Сарвари давлат ба таҳлилу баррасии натиҷаҳои рушди илму маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва масоили ҳалталаби соҳа, аҳли илм ва зиёиёнро ба заҳмати дучанд ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушду тараққиёти кишвар, эҷоди асару кашфиётҳои бузурги ояндасозӣ даъват бинмуданд.

Илова бар ин мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ ва таҳлилу муҳокимаи ҷиддӣ қарор додани масоили мубрами ҷомеа ва давлат дар мулоқот бо аҳли илму зиёиёни кишвар ҳикматҳои муҳим доранд, ки дарку фаҳми он аз ҳар фарди худогоҳу ватандӯст тақозо менамояд, ки дар рушду тараққиёти кишварамон ва ҳаллу фасли масоили мубрами ҷомеа фаъолнокӣ нишон диҳад. Зеро, ҷавобан ба дастгириҳо ва ҳимояи мафиатҳо илму маориф, қадрдонии хизмати олимону омӯзгорон аз ҷониби давлат, мо олимону омӯзгорон ва ба вижа зиёиёни кишвар фидоии касбу худ гардида, ба хотири пешрафти ҷомеа ва тарбияи кадрҳои ҷавону ғамхор ва асли садоқатпешаи Ватан ҳиссаи арзандаи худро гузорем.

Дар баробари мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтани масоили мубрами ҷомеа, ҳамзамон, пешгирӣ аз бегонапарастӣ, ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба вижа насли ҷавон ба омӯзиши на кам аз ду забони хориҷӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи арзишҳои муқададси миллату давлатдорӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ҷалби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа, мафкурасозии созанда миёни мардум муборизаи дастаҷамъона алайҳи падидаҳои номатлуби замони муосир аз мавзуъҳое мавриди баррасии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифчиён буд.

Зикр гардид, ки дар баробари муҳимтари мушкилоти ҷаҳони муосир, ки башариятро ба ташвиш овардааст, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хатарзо мебошад. Таҳлилҳо нишо медиҳанд, ки ҳизбуҳаракатҳои террористӣ сафи худро аз ҳисоби афроди хурофотпараст ва бесаводу аз таҳсил дар канормонда парру месозанд.

Мусллам аст, ки аз миёни ҷавонони аз таҳсил дар канормонда,ки фирефтаи гуруҳҳои террористӣ мегарданд, насли бесаводу ақибмондаи дилхоҳ кишварҳо бошад. Биноан, дар масири мубориза бо терроризму экстремизм ҷомеаи тамоми кишварҳои оламро бетараф гузошта наметавонад ва тарбияи дурусти насли ҷавон дар руҳияи муқаддасоти миллату давлатдорӣ ва ҳимояи онҳо аз идеологияи бегонапарастӣ масъулияти муҳиму рисолати ҳаётии инсонияти рӯи зами ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин, рушду эҳёи илму маориф мабла-гузориҳои бузург ҷиҳати буёдгузории заминаҳои илмиву маорифпарварӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии роҳбарияти кишварамон қарор дорад. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат зимни суханронии хеш дар мулоқот бо аҳли илм ва маориф иброз доштанд, ки даврони беш аз 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карда шудааст. Дар ин давра теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз 13 то 47 адад расида, шумораи донишҷӯён дар онҳо аз 65 ҳазор нафари то замони Истиқлол имрӯз ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст.

Ҳамзамон, дар давраи аз соли 2001 то 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд.

Таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд. Ин ва дигар пешрафту дастовардҳо далели рӯшани он аст, ки илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд.

Дар масири татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагиву ояндасозиҳо Президенти маҳбуби кишварамон аз нақшу саҳми ҷавонони мамлакат ёдрас гардида, бори дигар таъкид намуданд, ки аҳли илму маориф ва умуман зиёиёни кишвар дар ҳама ҷодаҳои корзор насли ҷавонро дастгирӣ намуда, ҷиҳати ташаккули зеҳниву соҳибтахассус шудани онҳо саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз нақшу саҳми муҳими насли калонсолону донишмандони мамлакат дар тарбияву омодасозии кадрҳои ҷавон ва дар руҳияи инсонгароиву ватандӯстӣ ва хислатҳои ҳамида тария намудани онҳо, изҳор доштанд, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати мамлакатамон ба ҳисоб рафта, ҳадафу тадбирҳои андешидаи роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати фароҳамсозии шароиту имкониятҳои зарурӣ баҳри рушду пешрафти ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳар фарди худогоҳро водор месозад, ки дар пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат дар тарбияи насли ояндаи меҳани хеш нақши бориз гузошта бошад.

Дар умум, мулоқоти Пешвоми миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар бозгӯи ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маорифро ҳамчун самти афзалиятнок дониста, баҳри рушду пешрафти он ва дастгириву ҳавасмандагрдонии олимон тадбирҳои ҷиддӣ андешида истодааст. Дар ин замина баргузории мулоқотҳои Пешвои миллат бо аҳли зиё ва мавриди таҳлили амиқу баррасии ҷиддӣ қарор гирифтани масъалаҳои мубрами соҳаи илму маориф бозгӯи таваҷҷуҳи ҷиддии роҳбарияти олии мамлакат ба раванди рушду тараққиёт ва тақдири ояндаи соҳаи илму маориф арзёбӣ мегардад.

Наргис Нурализода,

муовини декан оид ба илм ва иноватсияи факултети молиявӣ – иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрав