(Бардоштҳо аз сафаре бо файзҳои пурбор ва меҳру ихлоси саршор)

Воқеан, истиқлоли миллӣ барои мо хеле арзишҳои муҳимро ҳадя намуд, ки шояд баъди гузашти солҳо ба қадри онҳо ҳама бирасем ва бештару зиёдатар аз имрӯз бишносем. Ваҳдати миллӣ худ нодиртарин неъматест, ки чун самара ва ҳосили ин истиқлоли бузург чи сармояҳои нодири моддиву маънавиро бароямон тақдим кард. Ҳар бор ки ба пойтахти кишвари азизамон сафар мекунем, ҳамвора суруди зебои шукрона нозпарварди калому андешаҳоям мегардад, зеро танҳо ҳамин роҳ, ки бешак самараи истиқлол ва маҳсули корномаҳои бузурги Пешвои миллат маҳсуб мегардад, чӣ миқдор саодатҳоеро барои мардуми мо ато намуд. Яке аз омилҳое гардид, ки Тоҷикистон ба ваҳдати ҷуғрофӣ ҳам шарафёб гашт, яъне маҷмуи монеаҳои шадиди фасли зимистон ва дар маҳдудаҳо боқӣ мондани манотиқи мухталифи кишвар, хоса водии Зарафшон бардошта шуданд. Дар кутоҳтарин фурсат, яъне фосилаи 4-5 соат ба Душанде рафтану дар як рӯз дубора баргаштан. Ин дар ҳолест, ки қаблан даҳ то дувоздаҳ соат танҳо аз як ҷониб ҳаракат мекардем. Аз ин шарофатҳо хеле зиёданд, ки метавонем соатҳо тафсир кунем. Вале аз ҳама муҳимаш ҳамин шарофати истиқлол омил шуд, ки мо бештар ба ҳам наздик шавем, бештар ба Душанбе, Бохтару Кулобу Данғара, Бадахшону Рашт Ҳисору Турсунзода биравем.Ин шарофатҳо қаробати мардумро низ афзун карданд. Ҳатто ҳамкориҳои аҳли илму адаб низ ба сатҳи матлуб расид. Имрӯз дар ҳар ҳамоишу конфронсҳое, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузору мегардад, чандин нафар олимон аз Донишггоҳҳои Бохтару Данғараву Кулоб ва ҳатто Хорӯғ дар баробару устодони арҷманд, муҳаққиқони соҳибназари мо аз муассисаҳои илмиву пажуҳишии шаҳри Душанбе ширкат мекунанду мову ҳамкоронамон ҳам пайваста дар ҳамоишҳои ин донишгоҳҳо иштирок менамоем. Ҳамчунин дар ҷаласоти шурои дифоъ низ чунин табодулҳои аҳсан дар мақоми муқарризи расмӣ низ сурат мегирад, ки ҳамагӣ дар такмили пайвандҳо, ташаккули равобит ва дар умум ваҳдати ақлҳо муассиранд…

Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро ҳузур ба унвони масъули қабули имтиҳоноти хатм дар факулети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бароям имкният фароҳам овард, ки бештар бо муҳити илмиву таълимии ин донишгоҳи бонуфузи кишвар, вазъи иҷтимоиву адабиву фарҳангии шаҳри Бохтар ва дастовардҳои шоистаи олимону донишмандон, адибони ин ҳавзаи дорои таърихи қадима бештар ошноӣ пайдо намудаву аз суҳбатҳои самимонаи пирони кори ин махзани бузурги маърифат файз бардорам. Ростӣ, солҳо қабл ёдам ҳаст, ки вақте мо ҳанӯз қадамҳои аввалини хешро дар ҷодаи таҳқиқ мегузоштему дар шумори навроҳони таълими донишгоҳи будем, устодони бузурги адабиётшиноси миллати мо профессорон Худоӣ Шарифзода, Абдунабӣ Сатторзода, номзади илмҳои филологӣ, Абдухолиқ Набавӣ ба донишгоҳамон дар мақоми раиси комиссияти имтиҳоноти хатм ҳузур ёфтанд ва бештари фурсатҳо аз баракоти суҳбатҳояшон баҳраманд шудаву ба таъбири Мирзо Абдуқдори Бедил “ҷавҳари иксии ғано” будани ҳар яке аз гуфторҳояшонро маърифат намудем. Ҳоло башорати дигари чунин масъулиятҳоро мехоҳам паём бирасонам, ки иқдоми наҷиб ва шоистаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди табодули устодони донишгоҳҳо дар мақоми роҳбарии атестатсияи давлати хатм воқеан дар баробари фаъолияти корӣ самараҳои маърифатафруз вва муассир дар таҳкими робитаҳо ба бор меоварад. Мо низ дар пайи ин ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон бо сафар ба ДДБ ба номи Носири Хусрав ва умуман шаҳри Бохтар ва истифдаа аз ин фурсати муғтанам аз суҳбату машваратҳои устодони ин боргоҳи маърифат файзҳо бар худ афзудем, ки ҳамеша ин замонро барои худ муфарраҳ, муфиду муассир, маърифатомӯз ва донишафрӯз ба шумор меоварам.

Аз нахустин рӯзи сафар ба шаҳри Бохтар нуктаҳои омӯзандаи шореҳи рӯзгори пурфайзу айёми зиндагонии пурбаракоти мо ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа ибратомӯз буданд. Чанд рӯз қаблаш декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои филологӣ Саъдулло Ҳакимов паёме дод, ки ҳоло худравҳои мусофирбар мустақим аз Хуҷанд ба Бохтар ҳам мераванд ва дигар ҷои нест, ки то Душанбе биёеду баъдан дар ҳудуди шаҳраки 46 дубора ба таксиҳои Бохтар нишинед. Баъдан, директори маркази Мавлонопажӯҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав Суҳроб Чиллаев шумораи тилфуни ронандае аз ин худравҳоро бароям ирсол кард, ки бо ӯ дар тамос шавам, то ки мустақим аз Хуҷанд то Бохтар бирасам. Ҳамин тавр ҳам шуд ва бо тамос ба таксии мазкур мо имкон пайдо намудем, ки бидуни интизорӣ ва ҷустуҷуи мошин мустақим аз Хуҷанд ба шаҳри Бохтар дар фосилаи камтар аз шаш соат бирасем. Дӯстон ҳам дар ҷараёни суҳбатҳо қаноатмандӣ карданд, ки ҳоло бисёр хуб шудааст,ки мусофирбарҳо мустақим аз Бохтар ба Хуҷанд мераванд ва акнун дигар мисли қаблӣ аввал ба Душанбе ва баъдан аз истгоҳи Чаҳорбоғ бо сарфи вақти зиёд ба Хуҷанд сафар бикунем. Нархҳояшон ҳам хеле дастрасанд ва ҳатто дар бисёр маврид бо қимати баъзе худравҳо то Душанбе баробаранд.

Зуҳри рӯзи панҷуми июн мо вориди шаҳри Бохтар шудем. Ростӣ қаблан чанд маротиба ба шаҳри Бохтар сафар кардаам, аввал соли 2017 ба шарафи эълони соли ҷавонон аз сӯи Пешвои миллат бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои ҷавонони кишвар дар ин шаҳр доир шуд, ки моро ҳамчун барандагони ҷоизаи Исмоили Сомонӣ даъват намуданд. Баъдан моҳи апрели соли 2022 барои ҳузур дар ҳамоиши байналмилалии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамроҳ бо директори китобхонаи вилоятии ба номи Т. Асирии шаҳри Хуҷанд, шоир ва адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ Баҳром Мирсаид боз ҳам меҳмони ин донишгоҳи муътабар будем. Дар ҳар ду сафар ҳам танҳо ду рӯзи имкон доштем ва бештари фурсат мутобиқи барномаҳои ин ду ҳамоиш сипарӣ гардид.

Аз аввалин рӯзҳои қабули имтиҳонот эҳсос мешуд, ки дар донишгоҳ суннатҳои наҷиби муносибат, корӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба насли калонсол роиҷ аст. Ба муносибати фарорасии ҳар ҷашнҳои миллӣ, роҳбарияти донишгоҳ бо доир кардани як суҳбати самимӣ бо собиқадорону пирони кор аз машварату раҳнамоиҳои эшон баҳраманд мешаванд. Дар яке аз чунин суҳбатҳо, ки ба муносибати таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ ва анҷоми соли таҳсил доир шуд, ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба расми эҳтиром моро ҳам даъват намуд. Ин субҳат воқеан тафсири ин ҳадиси Камоли Хуҷандӣ буд: “Пирони кордида сухан пухта мекунанд” Ман қаблан ба номҳои баъзе аз онҳо ошно будам. Маҷлисороӣ ин нишасти зебои муҳаббату ваҳдатро бародари азизи мо, донишманди соҳибном, доктори илмҳои филологӣ, профессор Тағоймуродов Рустам буд. Суханони профессори собиқадор Гадозода Абдукибор, ки зимнан порае аз достони “Ҷони ширин”-и устод Мирзо Турсунзодаро ҳам қироат намуд, воқеан ибратомӯзу маърифатафрӯз буд. Ҳамин тавр, ҳар яке аз ин устодони соҳибназар ва маърифатпарвар бо навбат ҳадис муҳаббату машварати хешро бо такя бар андухтаҳояшон аз тарҷибаҳои корӣ барои пешрафти кори донишгоҳ ва татбиқи барномаҳои ояндасоз манзур карданд. Собиқ ректори Донишгоҳ Икром Қурбонов, собиқ муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдураҳимзода Қудратулло Саид, собиқ муовини ректор оид ба иқтисод ва таҳсилоти ғоибона профессор Сатторов Абдурасул, профессорон Холназаров Санг, Сафаров Ҷумъабой ва дигарон баробари ихзори назарҳои худ, андешаҳои судманд барои пешрафти донишгоҳ ҳозиринро ба ҷашни ваҳдати миллӣ таҳният гуфтанд. Нуктаи ҷолиб барои ман ин буд, ки воқеан як ҳамоиши бисёр зебоеро бо пайванди наслҳо доир намуд, яъне дар баробари ректори донишгош дар ин нишаст ҳамаи муовинони ӯ, Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, оид ба таълим, Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек оид ба илм, Кибориён Бобоҷон Киборзода оид ба иқтисодӣ, Исозода Тоҷидддин Исо, оид ба тарбия, инчунин сардори Раёсати кардҳо ва корҳои махсус Ҷамшед Шукурзода, директори маркази таҳсилоти фосилавӣ Саиднуриддинзода Аҳлиддин ҳузур доштанд. Дар ин маҳфили пайванди наслҳо ба истиқболи рӯзи ваҳдат гӯё яъне насли куҳансол, ки асосан дар вазифаҳои роҳбирикунандаи донишгоҳ кор кардаанд, профессорони собиқадор, ки дар душвортарин фурсатҳо, хоса солҳои аввали соҳибистиқлолӣ самимонаву содиқона хидмат кардаанд, бо насли имрӯзи раёсат аз таҷоруби худ ҳарф ҳазанд. Ҳар ҳарфу ҳадиси устодон омӯзанда ва маърифатафрӯз буд ва дар навбати худ ҳар яке аз муовинони ректор низ бо изҳори садоқат ва иродат ба насли калонсол баён доштанд, ки ҳамеша каломи ҳидоятбори ин устодони бузург раҳнамову кушоишгари кори онҳост ва ин каломи бузургони гузашта шиорашон дар раванди таълиму тарбия дар донишгоҳ:

Насиҳат гӯш кун ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,

Ҷавонони саодатманд панди пири доноро

Устод Холназаров Санг вақте огоҳ шуданд, ки ман дар донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷн Ғафуров фаъолият дорам, бо қанаоатмандӣ таъкид карданд, ки ман ҳам соли 1969 факултети табиатшиносию география, шуъбаи химия ва биология он вақт Институти давлатии Ленинобод ба номи С.М.Кировро хатм кардаам, ки ҳоло донишгоҳи шумост. Баъдан, пас аз анҷоми ин маҷлиси ихлосу иродат ба шарофати рӯзи ваҳдат дар суҳбати хусусӣ бо муҳаббату ихлос аз замони донишҷӯии хеш бароям ёдовар шуданд..

Бо разми риояти расми хуби меҳмондории тоҷиконв барои ман навбати суҳбат доданд. Ман ҳам бо арзи сипос аз ин истиқболи самимонаи раёсати донишгоҳ ба пешинаи равобити ҳасана ва самимонаи устодони ДДБ Бохтар ба номи Носири Хусрав ва ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ишорат кардам ва ҳамзамон афзудам, ки солҳои роҳбарии профессори марҳум Шукурзода Тағайбобо чандин наздики 20 нафар устодони донишгоҳи мо дар шурои ҳимояи рисолаҳои номзадии хешро дар риштаи педагогика ба дифоъ расониданд. Ҳамакнун, тули чанд соли охир ин раванд ба сурати баръакс ҷараён дорад, ки тули чанд соли охир 6 нафар унвонҷӯён -омӯзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав дар шурои дифоъи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров рисолаҳои хешро дар самти филология ҳимоя намуданд. Давоми даҳ соли охир дар риштаҳои мухталиф барои ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ бамаротиб ин муассисаи бонуфузи илмву таълмии кишвар ба ҳайси муассисаи тақирзидиҳанда ва устодони соҳибноми донишгоҳ ҳамчун муқарризони расмӣ баромад намуданд. Ҳамчунин ин масъулиятро ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва устодони он дар нисбати унвонҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав ба анҷом расониданд. Бо мақсади тақвияти пайвандҳо соли 2017 ба муносибати эълон гардидани соли ҷавонон дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рӯзҳои ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир гардид, ки қисмати аслии ҷорабиниҳо дар маркази фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав доир шуд ва дар он гуруҳи муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳузур пайдо карданд. Инҷониб ҳам дар ин маҷлиси бошукуҳи ҷавонон ҳамчун барандаи Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон (соли 2004) ширкат доштам. Ин ҷорабинӣ имкон дод, ки бо як гуруҳ аз устодони донишгоҳ ошноӣ пайдо намуда, дар робита ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ табодули назар намоем. Бо Директори маркази таҳсилоти фосилаии донишгоҳ Саиднуриддинзода Аҳлиддин, ки он вақт масъулияти декани факултети таърихи Донишгоҳро бар дӯш дошт, расми ошноӣ барқарор намудем.Дар ҳамон маҷлис мавсуф ба вазифаи Раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон таъин гардид. Баъдан, рӯзҳои ҷавонон- донишҷӯёни донишгоҳҳои олии вилояти Хатлон дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ доир шуд, ки дар он гуруҳи калони олимони ҷавон ва донишҷӯёни ин мактаби олии бонуфузи кишвар ширкат доштанд. Дар чунин сатҳи матлуб ривоҷ ёфтани робитаҳои ду донишгоҳи бузург моро итминон мебахшад, ки дар оянда самараҳои матлуби фаровоне аз файзи ин ҳамкориҳо дар пеш аст.Ба мақоми муовини ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, оид ба илм ва инноватсия интихоб шудани номзади илмҳои сиёсӣ, Саидзода Диловар, ки то таъин шудан дар вазифа дар ДДБ ба номи Носири Хусрав дар вазифаҳои мудири кафедраи сиёсатшиосӣ, мудири бахши омода намудани кадрҳои илмӣ фаъолият намуда, аз ҷумлаи кадрҳои ҷавон ва пуркори ин махзани илму маърифат ба шумор меравад, дар баробари бисёр рамзӣ будан боз ҳам ба таҳкими робитаҳои ду донишгоҳ таъкид меварзад. Дар давоми наздик ба як соли фаъолияти ӯ ба ҳайси муовини ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров чандин ҳамоишзҳои муштараки илмӣ дар риштаҳои мухталиф доир гардида, пайванҳои маънавӣ ташаккули беҳтар ҳосил карданд.

Дар остонаи қарни ҳозир бо ташаббуси Пешвои миллат номи вилояти Ленинобод ба Суғд табдил дода шуда, чанд сол қабл дар партави чунин иқдоми наҷиб номи куҳандавлати миллии мо Бохтар ба шаҳри Қурғонтеппа дода шуд. Ман гумон мекунам, ки дар асри имрӯз ин ду донишгоҳи бонуфуз рисолати бузурги таърихиро бар дӯш гирифтааст, ки дар таҳкими иртибототи хеш ҳамон суннатҳои куҳани пайвандҳои қадимаи ду давлати қадимаи тоҷикон- Суғду Бохтарро барқарор, ҳифз ва ба наслҳои имрӯзу фардо интиқол хоҳанд дод.

Дар ин нишасти илмиву адабӣ ва маҳфили пайванди наслҳо бароям қабл аз ҳама муносибати самимонаи ҳар яке аз ин пирони кор, роҳбарияти донишгоҳ, хоса пазироии саршори ихлос ректори донишгоҳ, профессор Қурбонзода М. Қобили таваҷҷуҳ ва ҳам муассир буд. Ин самимияти муносибатро дар ҷараёни баргузории имтиҳонот ҳам эҳсос кардам. Чанд навбат аз рӯи иҷрои масъулиятҳои хеш муовинони ректор оид ба таълим, Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, Исозода Тоҷидддин Исо, оид ба тарбия, сардори Раёсати кардҳо ва корҳои махсус Ҷамшед Шукурзода, директори маркази таҳсилоти фосилавӣ Саиднуриддинзода Аҳлиддин ба факултети филологияи тоҷик ташриф оварданд. Одоби муоширати баланд, эҳтироми хоса, суҳбатҳои самимонаву омӯзандаи ҳар яке аз онҳо, изҳори назарҳои матлуб ва мақбул ва муҳимтар аз ҳама талқини ғояҳои олии инсонӣ, таъмини риояи низоми талабот дар макотиби олӣ аз донишҷӯён, гуфторҳои самимона бо муҳассилин омӯзанда ва қобили таҳсину тарғиб аст.

Бо муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек низ қаблан дар ҳамоиши байналмилалалии Мавлоношиносӣ мулоқот доштем ва дар рӯзҳои ҷараёни ин ҳамоиш тамоми меҳмонро бо самимият ва муҳаббат истиқбол, пазироӣ ва гусел намуд…..

***

Факулети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳарчанд нисбат ба факултаҳои филологии донишгоҳҳои олии дигари кишвар нисбатан ҷавон аст, вале дар ин фурсати вуҷуди хеш дар рушди илми суханшиносии тоҷик хидматҳои шоистае ба анҷом расонидааст. Бо бештари устодони факулети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар қаблан шиносоӣ доштам. Дар тамоми ҳавзаҳои илмии кишвар бо номи доктори илмҳои филологӣ, профессор Рустам Тағоймуродов ҳама ошно ҳастанд. Ман ҳам аз соли 2003 ба акаи Рустам дӯстиву шиносоӣ дорам ва муддати ин солҳо пайваста дар иртибот роҷеъ ба самтҳои пажӯҳиш ҳастем. Дар таҳқиқи афкори адабӣ ва мероси Амир Хусрави Деҳлавӣ таҳқиқоти арзишманде ба сомон расониданд. Ба қалами ӯ осоре чун «Боргоҳи маърифат дар Вахшонзамин» (Бохтар, 1998), «Муаммои инсон дар илми ҳикмат» (1999), «Амир Хусрав ва такмили авзони ғазал» (2010), «Назари Амир Хусрав ба шеър ва ҳунари суханварӣ» (Бохтар, 2012), «Сохтори жанрии анвоъи шеъри ғинойии Амир Хусрав» (Бохтар, 2013), тааллуқ дорад, ки аз ҷумлаи онҳо ҳар се асари роҷеъ ба Амир Хусрав навиштаашро бароям ирсол намуда буд. Дар канори ин, ба қалами ӯ бештар аз 100 мақолаҳои роҷеъ ба масоили мухталифи адабпажӯҳӣ тааллуқ дорад. Аз ҷумла, чандин мақолоти пурарзиш роҷеъ ба вежагиҳои мухталифи ашъори Бедили Деҳлавӣ ҳам навиштааст. Ҳамин тамоюли таҳқиқотиашон боис шуд, ки дар ҷараёни дифои рисолаи доктории ман ба ҳайси муқарризи расмӣ баромад намуда, дар шумори муқарризони китобам “Поэтикаи ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил” ҳам қарор гирифт. Дар тақризи худ нукоти хеле омӯзанда баён доштанд, ки ҳоло дар ҷараёни корҳои хеш аз ин раҳнамоиҳо истифода мекунам.

Муддати ғанимати ҳузур дар Бохтар бори дигар имкон фароҳам омад, ки аз суҳбатҳои донишмандонаи бародари азизам Рустам Тағоймуродов файзҳо бардорем, чӣ дар ҷараёни баргузории имтиҳонот ва чӣ берун аз он фурсатҳои фориғ аз кор,ки ҳоло баъдтар ба ин мавзуъ боз бармегардам. Акаи Рустам аз ҷумлаи шоирони хеле хуб ва дар маъниофарӣ муваффақ дар ҳавзаҳои адабӣ эътироф гардида, ки ба шеърашон аҳли ноқидону сухансанҷон баҳои баланд додаанд. Бо тахаллуси Рустами Хомарахш дар қаламрави шеъри имрӯз маъруф аст ва аввалин маҷмуаи шеъриаш бо номи “ Баҳори хаёл” дар соли 1999 ва дувумаш бо номи “Нигоҳи ноларез” соли 2001 ба чоп расидаанд.

Ҳарчанд бо ном ва таҳқиқоти устоди арҷманд, доктори илмҳои филологӣ, профессор Искандар Икромов ошноӣ доштам, вале моҳи ноябри соли 2014 ба шарофати баргузории ҳамоиши байналмилалии “Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо” бо устод дар Хуҷанд ошно шудам ва ҳамин тавр чанд навбати дигар мулоқотҳо доштем. Аз ҷумла, дар ҷаласаи дифои рисолаи номзадии декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Саъдулло Ҳакимов, ки раҳнамоияшро устод бар дӯш доштанд. Ин муҳаққиқ ҷавон, ки ҳоло масъулияти роҳбарии факулетро бар дӯш дорад, чанд сол қабл дар мавзуи «Имомии Ҳиравӣ ва хусусиятҳои услубию бадеии осори ӯ» ҳимоя намуд.

Аввалин рӯзи шуруи имтиҳоноти хатм устод Искандар Икромов новобаста ба бемориву солмандӣ, гармии такатфарсои тобистон ба факултети филология ба суроғи ман омаданд, бо изҳори хушҳолӣ аз ҳузури мо китоби ёддоштҳояшонро таҳти унвони “Мухтасари саргузашти худам” бо соядасте саршор аз иродат тақдим намуданд. Ростӣ, китоби хеле ҷолиб аст, нуктаҳои омӯзандаи зиёд дорад, хоса рӯзҳои душвори соли наваду дувум ва талошҳо барои ба даст овардани тақризи муассисаи пешбар- Донишгоҳи давлатии Самарқанд. Баррасии ин китоб ва ҷойгоҳи он дар ёддоштнависии адабиёти муосири тоҷик низ мавзуи баҳси ҷудогонаест.

Ростӣ, борҳо дар бораи муҳити хубу соҳиби иттиҳоди комили факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гуфтаем ва борҳо ин ваҳдату садоқати устодони боргоҳи суханшиносиро шоҳид будему ҳастем ва дар ин рӯзҳои баргузории имтиҳонот дигарбора мушоҳида кардем. Ҳар бор ки нафаре аз устодони ин донишгоҳ дар шурои донишгоҳи мо барои дифоъ меоянд, гуруҳе аз устодони факултет барои муборакбодӣ ва дастгирии ҳамкори худ рӯзи ҷаласаи дифоъ ҳузури самимона хоҳанд дошт. Ростӣ ин таҷрибаро камтар дидаам ва ҳатто дар рӯзҳои баргузории ҳамоиши бузургдошти Мавлоно дар донишгоҳи Бохтар бори дигар шоҳиди ҳамин сидқу хулус ва иттиҳод будем. Дар ин маҳфилу сафарҳо устодони соҳибназари ин боргоҳи маърифат Рустам Тағоймуродов, Наимзода Қудратулло- сардабири нашрияи донишгоҳии “Фурӯғ”, Сафармад Аҳмадов мудири кафедраи адабиёти тоҷик, Алишер Муродов мудири кафедраи методикаи таълими забон ва дабиёти тоҷик, Суҳроб Чиллаев директори маркази Мавлонопажуҳӣ пайваста ҳамроҳу ҳамсафар буданд ва борҳо аз файзи дидору суҳбатҳои гармашон баҳраманд гардидаем. Барҳақ, ин сафарҳо як василаи хуби тарвиҷи ҳамкориҳои илмии ҳавзаҳои илмии Суғду Хатлон гардидааст ва мо худ шоҳид будем, ки дӯстони мо барои таъсиси маркази мавлонопажӯҳӣ ва тақвияти ҳамкориҳо бо МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” бо доктори илмҳои филологӣ, профессор Фахриддин Насриддинов ва директори ин марказ, шоир ва муҳаққиқи соҳибназар Баҳроми Раҳматзод суҳбату мулоқотҳо доштанд. Машваратҳои дуҷонибаи илмӣ дар кафедраҳои адабиёти классикии тоҷик ва адабиёти муосири тоҷик омил шуда, ки ҳамкориҳои илмӣ бештар тақвият дарёбад. Давоми чанд соли охир ҳузури устодони адабпажуҳиши ҳар ду донишгоҳ дар ҳамоишҳои илмии ҳар ду ҷониб ба маротиб афзудааст, ки намунаи барҷастаи он ширкати фаъоли устодони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳамоиши байналмилалии “Нақши «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар таҳкиму густариши забону адабиёт ва илму фарҳанги тоҷик» дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ном академик Бобоҷон Ғафуров” мебошад.

Бо мудири кафедраи адабиёт тоҷики Донишгоҳи мазкур номзади илмҳои филологӣ, бародари азизу арҷманд Сафармад Аҳмадов чанд маротиба ҳамроҳ дар даврҳои шаҳрӣ (шаҳри Душанбе) ва ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” узви ҳакамот будем ва аз маҳзари ин шоир ва олими соҳибназар дар ин фурсатҳои муғтанам истифода кардаем. Дар шабакаи иҷтимои фейсбук низ пайваста бо ашъори рангину ҷаззоб ва назороти донишмандонаи хеш ҳузури равшану фаъол дорад ва барҳақ чеҳраи номошное дар ҳавзаҳои илму адабиёт ва фарҳанги миллии кишвар аст. Роҷеъ ба нақду баррасии адабиёти муосир, хоса эҷодиёти Ғаффор Мирзо, Озар Салим ва дигарон пажуҳишҳои зиёде ба қалам овардааст.

Дар баробари ин, замони ширкат дар имтиҳоноти хатм ҳам эҳсос кардам, ки воқеан бар ҳар кор бо ҷиддият муносибат мекунад ва дақиқкору дақиқназар мебошад. Мекушад, ки камбуду мушкилоти марбут ба фаъолияти кафедраро, ки аз ҷониби ниҳодҳои болоии раёсати донишгоҳ манзур мешаванд, дар ҷои худ бартараф кунад.

Номзади илмҳои филологӣ, Алишер Муродов, ки масъулияти мудирии кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷикро бар дӯш дорад, борҳо ҳамроҳ бо устодони дигар ба маҷлисҳои илмии донишгоҳи мо ташриф оварда буд ва дар ҳамоиши байналмилалии маркази мавлонопажуҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав низ аз файзи суҳбату ҳамроҳиҳояш истифода карда будем. Бароям чун дӯсти беҳтарин ва рафиқи шафиқ солҳост, ки ошност. Пайғоми хушу хуби марбут ба ин дӯсти арҷманди мо он буд, ки ҳамон рӯзҳо монографияи илмии вай таҳти унвони “Болта Ортиқов ва нақши ӯ дар рушду инкишофи насри бачагонаи тоҷик” ба чоп расид ва хушбахтона мо аз ҷумлаи нафарони аввалин шудем, ки китоби мазкурро бо соядасти муаллиф соҳиб гардидем.

Суҳбат ва шарафи ошноӣ бо мудири кафедраи рӯзноманигорӣ номзади илмҳои филологӣ, Сангинмурод Шарифов ва собиқ мудири ҳамин кафедра муаллимаи муҳтарам Маҳкамова Дилоромро низ қаблан дар рӯзҳои баргузории ҳамон чорабинии марбут ба соли ҷавонон дар соли 2017 ва фурсатҳои дигар дарёфта будам. Он вақт журналисти шинохта ва муҳаққиқи соҳибназар Носирҷон Маъмурзода ҳам асосан дар кафедраи мазкур фаъолият дошт, ки ҳамакнун масъулияти сардабирии нашрия бонуфузи “Хатлон”-ро бар дӯш дорад. Бо Носирҷон ҳам он замон шинос шудем ва дар ин сафар низ суҳбате доштем, ки поёнтар бар аз он хоҳам гуфт.

Сангинмурод роҷеъ ба жанри очерк дар публистикаи тоҷик таҳқиқот анҷом додааст ва дар меҳвари пажуҳишҳояш осори яке аз нависандагони муваффақ дар публитсистикаи миллӣ Бахтиёри Муртазо қарор дорад. Китобаш таҳти унвони “Ҷойгоҳи очерк дар публитсистикаи Бахтиёри Муртазо” соли 2021 бо забони русӣ ба чоп расидааст. Ҳамзамон китоби дигаре низ бо номи “Дар шинохти Бахтиёри Муртазо” таҳия ва нашр намудааст, ки дар се бахш фарогири тақризҳои муқарризон ба корҳои тарҷумонӣ ва осори худи нависанда, мақолаҳои илмиву оммавӣ роҷеъ ба зиндагинома ва вежагиҳои осори ӯ, мусоҳибаҳои рӯзноманигорон бо Бахтиёри Муртазо мебошад.

Бо устод Раҷабалӣ Худоёров ҳам қаблан шиносоӣ доштам ва чандин аз китобҳояшонро барои тариқи шогирдам Насимбек Қурбонзода ва чандеашро мустақим фиристоданд ва дар ин сафар ҳам чанд асари дигари худро тақдим намуданд, ки аз ҷумлаи онҳо “Суханварони дарвозӣ”, “Роҳу усулҳои забономӯзӣ”, “Таҳлили филологии осори манзум”(маҷмуи машғулиятҳои амалӣ) ва “Вожаномаи мухтасари ғазалҳои Ҳофизу Бедил (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав” мебошанд. Устод асосан дар гуруҳи филологияи Шарқ бо донишҷӯён таълим медиҳанд ва маълум аст, ки таълифоти солҳои охирашон ҳам бештар ба шеваҳои тадриси фанҳои тахассусии ҳамин ихтисос марбут аст. Роҷеъ ба нақду баррасии мероси классикии тоҷики чопшуда дар Тоҷикистон чандин мақолаҳои судмнд навиштааст. Бо эҳтимоми ӯ ва Шарофиддин Асомуддинзода Девони Воқифи Лоҳурӣ бори аввал дар Тоҷикистон дар соли 2015 ба чоп расид. Ҳамзамон, декани факултети филологияи тоҷик Саъдулло Ҳакимов барои ман китоби Шарофиддин Асомуддинзодаро тақдим намуд, ки соли 2017 зери унвони “Воқифи Лоҳурӣ ва ғазалиёти ӯ” интишор ёфтааст.

Ҳоло ҳузур дар рӯзҳои қабули имтиҳоноти давлатӣ бо устодони дигари ин факултет, ки узви ҳамин ҳайати муттаҳид ва ҳамкорони босадоқат ё ба қавле тими бисёр қавӣ ҳастанд, ошно шудам. Мудири кафедраи забони тоҷикӣ Меҳрубон Назаров муҳаққиқи вожаҳои ифодакунандаи гулу гиёҳ дар забони ғазалиёти шоирони асрҳои саздаҳ ва чордаҳ мебошад ва китоби худро зери унвони “Вежагиҳои маъноиву услубӣ ва сохтории водаҳшои ифодакуннандаи гулу гиёҳ дар забони ғвзалиёти шоирони асрҳои ХIII-ХIV форсу тоҷик” эҳдо намуд, ки соли 2022 зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён Маҳмаддовуд Қаюм ба чоп расидааст ва ин корн дар заминаи рисолаи номзадии ӯ анҷом ёфтааст. Ҳоло дар андешаи идомаи ин таҳқиқот дар доираи густардатар аст ва чанд фарҳангномаҳое, ки дар кишварҳои ҳамзабон дар заминаи корбурди номҳои гулу гиёҳ дар адаби форсӣ навишта шудаанд, барояшон манзур кардам. Инҷониб ҳам ду мақола дар ин замина навишта будам, ки яке роҷеъ ба ҷойгоҳи гулу гиёҳ дар шеъри Камоли Хуҷандӣ ва дигаре ҳамин мавзуъ дар сурудаҳои Нақибхон Туғрал мебошад ва дар ин маврид ҳам табодули назар кардем. Воқеан мавзуи ҷолиб аст, чи аз назари таҳқиқи забоншиносӣ ва чи адабиётшиносӣ. Дар адабиётшиносӣ албатта меҳвари таҳқиқ мазмунсозиҳои шоирона тавассути корбурди номҳои гулу гиёҳон ба шумор меравад, ки корҳои дар ин замина чи дар адабпажуҳии ватанӣ ва чи хориҷӣ ба сомон расидаанд.

Муовини декан оид ба таълим Лоиқ Собиров бо як ҳадяи хуби маънавӣ, дастури таълимии “Рӯе, ки нагардад зи касе рӯи китоб аст” даричаи ошноии хешро боз намуд. Ин дастур воқеан раҳнамои хубе барои ширкаткунандагони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад.

Бо чанд тан аз устодони дигар ҳам қаблан ошноӣ доштам. Муовини декан оид ба илми факултет муаллимаи муҳтарам Муҳаббат Маҳмадалиеваро, ки дар бораи рубоиёти Бобо Афзали Кошонӣ зери раҳнамоии профессор Рустам Тағоймуродов таҳқиқот анҷом дода буд, низ пештар мешиностам. Бо ду нафар устоди дигар Хурсандмурод Фақиров устоди кафедраи адабиёти тоҷик ва Маҳмурод Раҳмонов -устоди кафедраи забони тоҷикӣ, ки дар шурои дифоъи назди донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷорн Ғафуров рисолаҳои номзадии худро дифоъ кардаанд, низ чанд сол пеш шинос гардидам. Хурсандмурод Фақеров муҳаққиқи риштаи адабиёти шифоҳии тоҷик аст ва дар мавзуи «Ҳабибулло Назаров ва саҳми ӯ дар шинохти шахсият ва мероси адабии Карим Девона» рисолаи хешро дар Шӯрои ҳимояи назди донишгоҳи мо дар сол 2021 ба дифоъ расонид. Машқи шеър ҳам мекунад.

Маҳмурод Раҳмонов ба камоли садоқат ва ба таъбири Бедил “поси ошноиҳо”-еи дорад, ба донишгоҳи мо меояд, аз маслиҳату машварати устодон, хоса доктори илмҳои филологӣ, профессор Неъматҷон Файзуллоев, ки аз камтарин муҳаққиқони адабиёти бачагонаи тоҷик ба шумор мераванд, барои корҳои таҳқиқотии ояндааш машваратҳо мегирад. Тобистони соли гузашта китоберо, ки дар бораи шоири соҳибноми ин ҳавзаи адабӣ Ғаффур Мулло навишта буд, шахсан оварда ба аксари устодони узви шурои дифоъ тақдим намуд. Соли равон дар остонаи таҷлили рӯзи матбуоти тоҷик барои таҳқиқоташ ба гирифтани Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров дар риштаи нақди адабӣ мушарраф гардид. Дар воқеъ дар вилояти Хатлон иқдоми наҷибе роҳандозӣ шудааст, ки ҳамасола ин ҷоиза дар риштаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ба пажуҳишгарони муваффақи соҳа, бавежа ҷавонон дода мешавад, ки як навъ дастгирии хубе ҳам ба шумор меравад. Ин ҷоиза бо қарори Раиси вилояти Хатлон аз 21 феврали соли 2021 таъсис ёфта ва соли 2022 пас аз вафот нахустин ҷоиза ба адабиётшиноси марҳум Ҳасани Муродиён тақдим шудаст. Устод Ҳасани Муродиён аз ҷумлаи адабиётшиносони пуркоре ба шумор мерафтанд, ки дар баробари анҷоми таҳқиқоти арзишманд дар тасҳеҳу нашри мероси суханварони адабиёти гузаштаи мо иқдом намуданд, ки аз ҷумлаи онҳо маҷмуаи ашъори Мирзо Ҳайити Саҳбо намояндаи адабиёти нимаи дувуми асри ХIХ ва аввали асри ХХ мебошад. Мунтахаби ашъори шоир дар асоси нусхаи ягонаи девони Мирзо Ҳайити Саҳбо, ки таҳти рақами 1982 дар Пажӯҳишгоҳи мероси хаттии ба номи Ҳамид Сулаймонови Академияи илмҳои Узбекистон нигаҳдорӣ мешавад, таҳия ва бо номи “Соғари Саҳбо” ба чоп расидааст. Барои нашри ҳамин асар устоди шодравон соҳиби ҷоизаи адабии ба номи Соҳиб Табаров гардидааст. Устод чанд маротиба барои ҳузур дар ҳамоишҳои илмӣ ва ба ҳайси муқарризи расмӣ ба донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда буданд, ки аз дидгоҳҳои қобили таваҷҷуҳи илмаашон истифода намудаем. Пас, аз даргузашти устод Ҳасани Муродиён ба поси эҳтироме, ки нисбаташон доштам ва равобити ошноиву дӯстии чандинсола худро назди рӯҳашон қарздор медонистам, ки натавонистем боре ба фотиҳахонӣ ба манзилашон равем. Ҳамин фурсатро муғтанам шуморида, ҳамроҳ ба шогирди содиқашон Маҳмурод Раҳмонов дар рӯзҳои иди Қурбон ба манзилашон рафтему ба шодии равони покашон дуо кардем.

Ҳамзамон, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 2 ҷоизаи дигар бо номҳои Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин дар соҳаи адабиёт ба шоирону нависандагон дода мешавад. Ҷоиза барои рӯзноманигорон бошад, “Нерӯи сухан” унвон дошта, ҳамаи ин ҷавоиз ҳамасола дар рӯзи матбуот ба аҳли қалам тақдим мешаванд.

Бо номи чанд тан аз устодони дигари факултет чун Каримов Сафарбек, Тоҳириён Зиёратшоҳ низ аз рӯи навиштаҳояшон ошно будам. Таҳқиқоти ин устодони кафедраи адабиёти тоҷик низ бо номҳои “Консепсияи шахсияти зан дар достонҳои ишқии романтикии асрҳои ХI -ХII” (соли 2020) ва “Тамсилоти “Фиҳи мо фиҳи”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (соли 2004) ба чоп расидаанд, ки бароямон манзур карданд.

Аз таҳқиқоти устодони факултети филологияи тоҷик ёдовар шуданам ба ду ваҷҳи муҳим марбут аст. Аввал, ин ки воқеан тайи бист соли охир чи дар риштаи адабпажғҳӣ ва забоншиносӣ, чи рӯзноманигорӣ корҳои зиёде анҷом доданд, ки аз ҳамаи онҳо мо огаҳӣ надоштем. Ба шарафи чунин ҳузурҳо мо имконият пайдо кардем, ки бештар ба равандҳои таҳқиқотии олимони факултет ошно гардем, то дар идома ҳамкориҳои мо бештар тақвият пайдо кунанд. Чун ҳоло дар ҷараёни таълифи рисолаҳо бо сабаби надоштани иттилои кофӣ дар бораи муҳитҳои илмии донишгоҳҳои олии кишвар бештари корҳои марбути мавзуи мавриди назар анҷомдодаи ҳамдигар аз назарҳо берун мемонад.

Дувум, воқеан эҳсос мешавад, ки дар баробари таҳқиқ дар нашри китоб ҳам муваффақиятҳои шоёнеро соҳибанд. Ҳамасола факултет ва кафедраҳои он маҷмуаи пажуҳишҳҳои илмии устодони хешро ба чоп мерасонанд ва ин ҷо ҳам иттиҳоду камоли садоқати ҳамкорон дар факултет эҳсос мешавад, зеро онҳо дар вақти нашри мақолот ба кафедраҳои худ маҳдуд намешаванд ва ҷусторҳои илмии олимони кафедраҳои дигарро низ ворид мекунанд. Мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Сангинмурод Шарифов барои ман ду намуна аз ин маҷмуаҳоро тақдим кард, ки яке “Сафинаи илм” унвон дошта, ба муносибати 1020 солагии Носири Хусрави Қабодиёнӣ ва 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин сол ба чоп расидааст. Он ҳамчун маҷмуаи мақолаҳои илмӣ-назариявии устодони факултети филологияи тоҷик муаррифӣ шуда. Маҷмуаи дигар “Журналистикаи муосири тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ” ном дошта, соли 2022 ба чоп расида. Ин китоб бошад, вежамаҷмуаи мақолаҳои илмию назариявии устодону унвонҷӯён ва магристрантони кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики МДТ “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” бахшида ба 110 солагии матбуоти тоҷик ва 30 солагии Иҷлосияи ХVI уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба қавли мураттиби он бори савум аст, ки нашр мегардад. Як равиши хуби кор дар таҳияи он манзури маълумотномаи шарҳиҳолӣ дар охири ҳар мақола роҷеъ ба муаллифи он мебошад, ки дар шинохти зиндагӣ ва корномаҳои устодони кафедра хеле муфид ба назар мерасад.

АЗ СОҲИЛИ САЙҲУН ТО ДОМАНИ ҶАЙҲУН

Ҳамакнун аз рӯи барномаи қабули имтиҳонот замони бештар дар ихтиёр доштем, ки бо фазои куллии шаҳр, самтҳои мухталифи фаъолиятҳои донишгоҳ, дастовардҳои илмиву амалӣ, пешафтҳои иқтисодиву иҷтимоии минтақа зиёдатар ошно шавем….

Муҳити факулет бисёр солиму созанда аст ва бар эҳтироми байниҳамдигарии устодон воқеан метавон қоил шуд ва аз он дарсҳое омӯзанда гирифт.Барои мисол коргузори факулетро ҳамаи устодон бо эҳтиром апаи Шаҳрия мегӯянд ва аз таҷрибаҳои кории ӯ дар самти таҳияву танзими ҳуҷҷатҳо меомӯзанд. Аз ӯ дар ҳар маврид маслиҳату машварат мегиранд. Дар ҳақиқат, дар низоми ҳуҷҷатгузорӣ таҷрибаи хуберо соҳиб аст, ки даар ҷараён фаъолияташ ба ҳайси котиби комиссияи имтиҳоти давлатӣ равшан гардид. Мушовир – эдвайзери маркази таҳсилоти фосилавӣ, Саломова Руҳафзо, ки ҳамзамон масъулияти котиби техникиро дар таҳсилоти фосилавии факултети филологияи тоҷик бар дӯш дошт, низ сиҳибэҳтиром миёни ҷомеаи факулет буда, кори худро дар сатҳи матлуб ба роҳ мондаааст…

Хулоса, дар факулети филологияи тоҷик ҳама аз самими қалб ба суроғи иҷрои вазифаву масъулиятҳои худ ҳастанд. Профессор Рустам Тағоймурод дар баробар тадрис масъулияти дар таҳия ва нашри маҷаллаи донишгоҳии “Паёми ДДБ ба номи Носири Хусрав”-ро дорад, ки аз ҷумлаҳои маҷаллаҳои тақризшаванда ба шумор меравад ва дар феҳристи чунин маҷаллаҳои КОА назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад. Наимзода Қудратулло баробари тадрис дар риштаҳои забону адабиёти тоҷик, рӯзноманигорӣ сардабири нашрияи донишгоҳии “Фурӯғ” буда, дар канори ин ба таҳқиқи вежагиҳои ҳунариву мавзуии ашъори Шавкати Бухороӣ машғул аст. Бештари донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ бо нашрияи “Фурӯғ” ҳамкорӣ доранд ва таҷрибаҳои эҷодии худро дар идораи ин рӯзнома ҷараён мебахшанд. Ҳатто яке аз хатмкунандагони бахши рӯзноманигорӣ Зиёева Шукрона дар мавзуи “Инъикоси “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи маориф дар матбуоти даврӣ (дар мисоли нашрияи “Фурӯғ”) рисолаи хатм ҳам навиштааст. Роҳбарияти кафедраи рӯзноманигорӣ азм доранд, ки дар оянда яке аз хатмкунандагони хешро ба таҳқиқи нақши ин рӯзнома дар матбуоти соҳавии кишвар равона намоянд.

Имтиҳонот нахуст барои хатмкунандагони бахши рӯзноманигорӣ ҷараён гирифт. Донишҷӯёни бахши мазкур аз рӯи ду ихтисос- рӯзноманигор ва рӯзноманигор -тарҷумон таҳсил мекунанд. Воқеан, дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ таҳсил аз рӯи ихтисоси журналист-тарҷумон бисёр муҳим аст, чун журналистикаи тоҷик воқеан ба чунин рӯзноманигорон ниёз дорад. Таҷрибаи ҳосилшуда дар ҷангҳои иттилоотӣ нишон дод, ки ба тарбияи журналистони касбӣ дар ин ҷода, хоса рӯзноманигороне, ки бо забонҳои русиву англисӣ менависанд, бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард. Дар барномаи таълимии ихтисоси мазкур таълими забони англисӣ дар сатҳи матлуб ба нақша гирифта шудааст, яъне соатҳои ҷудошуда имконият медиҳад, ки донишҷӯён забони англисиро хуб омӯзанд ва барои нигориши матолиб бо ин забон омода шаваед. Дар ин ихтисос воқеан ҷавононе таҳсил мекунанд, ки бо нигоштаҳои худ дар фазои матбуотии кишвар ошно ҳастанд. Яке аз онҳо Ҷасури Қиёмиддин мебошад, ки дар баробари таҳсил дар нашрияи маъруфи вилоят “Хатлон” фаъолият доранд. Аллакай китобаш ҳам бо номи “Нигоҳи ман” чоп шудааст, ки фарогири мақолаву нигоштаҳои дигар дар жанрҳои журналистӣ, мусоҳибаҳои ӯ мебошад. Ҳамин ки имрӯз донишҷӯ зарфияти маънавии онро соҳиб аст, ки самараҳои ҷустор ва навиштаҳояро нашр кунад, худ хеле ҳарф аст ва далел ба пешрафтҳои ҷавонони замони мо.

Ҷасур пас аз анҷоми имтиҳонот нусхае аз китобашро барои ман ҳам тақдим намуд. Ошноӣ бо навиштаҳояш аз ояндаи дурахшони ӯ дар журналистика паём мерасонад. Зимни супоридани имтиҳони забони англисӣ барояш талқин намудем, ки дар омӯзиши ин забон боз ҳам ҷиддитар бошад, то дар оянда бештар матолибе бинависад. Ӯ ҳам дар навбати худ аз ин андеша истиқбол намудаву таъкид ҳам кард, ки воқеан имрӯз барои дар ин сатҳ омода шудани журналистон роҳбарияти нашрияи “Хатлон” шахсан худи сардабири он Носирҷон Маъмурзода дарсҳои омӯзиши забони англисиро дар идораи рӯзнома ташкил кардаанд. Шоме ин саодат моро насиб гардид, ки бо Носирҷон Маъмурзода сардабири нашрияи “Хатлон” суҳбат дошта бошем ва он ҷо ҳам аз ин тасмим ёдовар шуд. Соли гузашта ин нашрия ҳам 90 сола шудааст ва ин нукта аз ҷойгоҳи хосаи он дар фазои иттилоотии кишвар паём мерасонад. Бароям бисёр хушоянд буд, ки аз сафҳаи фейсбук як мақола ва як шеъри маро ҳам дар нашрияи “Хатлон” ба нашр расонидаанд, ки он шумораҳо низ тақдим шуданд. Ин шеваи корбарӣ, яъне нашри маводу мақолот ва маҳсули эҷоди намояндагони ҳавзаҳои мухталиф бисёр муҳим аст ва метавонад робитаҳоро боз ҳам бештар тақвият бахшад,муҳимтар аз ҳама ба ҳукми омилҳои муассир дар таҳкими ваҳдати миллӣ хидмат кунад. Бисёр хуб аст, ки ҳам дар ҳавзаи Хатлон ва ҳам Суғд ин шеваи муассир аз ҷониби нашрияву маҷаллаҳо бисёр хуб ба роҳ монда шудааст, ки баъдан ишороти дигаре ҳам ба он хоҳад шуд. Муҳимтар аз ҳама пайвандҳои адабӣ, робитаҳои илмиву эҷодиро чунин тадбирҳои хуби нашрияву маҷаллаҳо тақвият мебахшанд.

Носирҷон Маъмурзода дар баробари як журналисти саршинос будан, муҳаққиқи дақиқназари соҳаи рӯзноманигорӣ ҳам ҳаст, ки муаллифи чанд асар, аз ҷумла “Чеҳраи Хатлон” (2013), “Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд” (2015), “Аз ҷудоӣ то ошноӣ” (2017), “Формирование и развитие печати в Хатлонской области” (2020), “Асосҳои таҳрири матни журналистӣ” (2021), “Рисолати муҳаррир” (2024). Китоби “Журналистикаи Хатлон. Мушкилот ва пешомадҳо”, ки фарогири маҷмуаи мақолаҳои муаллиф аст, соли 2023 дар 294 сафҳа бо пешгуфтори доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ ба чоп расидааст. Носирҷон дар баробари фаъолияти ба ҳайси сардабири нашрияи “Хатлон” бо бахши рӯзноманигории факултети филологияи тоҷик низ ҳамкорӣ дорад ва дар тарбияи рӯзномагирони ҷавон аз ин роҳ низ саҳм мегиранд.

Аксари хатмкунандагони ихтисосҳои рӯзноманигорӣ бо воситаҳои ахбори умум, хоса матбуоти маҳаллӣ ҳамкории зич доранд ва нигоштаҳояшон дар давоми таҳсил чоп шудааст. Чанд нафари дигарашон бо радио ва телевизиони Хатлон ҳамкорӣ доранд. Дар ҳавзаи матбуоти вилояти Хатлон дар баробари нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рӯзномаҳои “Ҳамрози халқ”- нашрияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, “Набзи Бохтар”, маҷаллаҳои “Мактаб” “Сафо” “Меҳровар” (маҷаллаи вежаи бонувон), “Ғунчаҳои Хатлон” (маҷалла барои кӯдакон) ва амсоли ин ба нашр мерасанд. Дар баробари ин, ҳар як шаҳру ноҳия соҳиби нашрияи худ мебошад. Аз ҷумла “Навиди Кӯлоб”, “Субҳи меҳнат” (ноҳияи Муъминобод), “Навиди Балх” (ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ) ва ғ.

Сардабири маҷаллаи “Мактаб” Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим мебошад. Рӯзе иттифоқан дар назди бинои факултети филологияи тоҷики Донишгоҳ бо Озар рӯ ба рӯ шудем ва паёме ба ман расонид, ки мақолаи маро дар маҷаллаи “Мактаб” нашр кардааст. Ин маҷалла вобастаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон буда, барои омӯзгорон мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ матолиби ҷолиб ва раҳнамоянда нашр мекунад.

Ҳамин тавр, бештари хатмкунандагони ихтисосҳои рӯзноманигорӣ бо нашрияҳои ва рӯзномаҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳамкорӣ доранд. Ҳоло бо рушди матбуот дар минтақа ниёз ба кадрҳои соҳибихтисос низ меафзояд ва шуъбаи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав дар таъмини нашрияҳо,радиову телевизионҳои маҳаллӣ саҳми назаррас дорад.

Дар баробари Ҷасури Қиёмиддин, Салимова Сабрина, Холова Шаҳодат аз ихтисоси рӯзноманигорӣ бо дипломи аъло донишгоҳро хатм карданд ва ин худ гувоҳ бар таҳсили назарраси донишҷӯёни риштаи рӯзномангорӣ дар ин донишгоҳ мебошад. Мо ҳайати комиссияи атестатсияи давлатии хатм барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратура онҳоро тавсия намудем.

Донишҷӯёни риштаи филология ҳам дар ду ихтисос -забон ва адабиёти тоҷик ва филолияи Шарқ таҳсил мекунанд. Бавежа ихтисоси филолгияи Шарқ барои омода намудани мутахассони матншинос, адабпажуҳон нақши муассир метавонад гузорад. Дар ихтисосҳои филология низ чандин нафар донишҷӯён бо натиҷаҳои назаррас имтиҳонотро ҷамъбаст карданд. Аз ҷумла, Суманорои Ҷумъахон, ки дар мавзуи “Тасвири образи Восеи қаҳрамон даар адабиёти шифоҳию китоб” рисолаи хатми хешро ба дифоъ расонид, сазовори дипломи аъло ва барои таҳсил ба магистратура тавсия шуд. Дар канори ӯ, Фарзонаи Сафаралӣ, Лолаева Навбаҳор, Эмомназарова Зуҳро, Иброҳимзода Манижа ва чанд нафари дигар, ки ҳар ду имтиҳонро бо баҳои аъло супориданд, барои идомаи таҳсил дар магистратура пешниҳод гардиданд.

Дар ҷараёни қабули имтиҳонот аз фанни педагогика ва методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик аз кафедраи педагогика муаллима Каримова Шарифа ва аз кафедраи психология муаллим Гулов Рамазон ҳамроҳӣ карданд. Рамазон худ хатмкардаи факултети филологияи тоҷик аст ва бо фаъолияти назаррасаш дар кафедраи психологияи умумӣ шаҳодат медиҳад, ки саҳми ин факулта дар тайёр намудани кадрҳо барои кафедраҳои умумидонишгоҳӣ низ назаррас аст.

Дар низоми таҳсилоти фосилавӣ ҳам имтиҳонот бо ҳамин тартибу низоми муқарраршуда ҷараён гирифт. Чун ин ҷо бештар муҳассилине ҳастанд, ки дар асл таҷрибаҳои зиёди корӣ доранд ва асосан дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ҳамин андӯхтаву таҷоруби чандинсола хеле барои посух гуфтан ба суолҳо кумакашон мекард. Ҳаройина, низоми таҳсилоти фосилавӣ ба он зарфият ва имконоте, ки дорад, барои аксари омӯзгорони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии деҳот имкон дод, ки маълумоти хешро олӣ намояд. Маълум аст, ки ҳоло дар аксари шаҳру навоҳии вилояти Хатлон коллеҷҳои омӯзгорӣ фаъолият доранд ва бештари духтарон аз имконоти ин муассисаҳо истифода карда, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бо андӯхтани таҷрибаҳо андешаи такмили дониш дар онҳо пайдо мегардад ва аз имкониятҳои мавҷуда дар маркази таҳсилоти фосилавии ДДБ ба номи Носири Хусрав босамар истифода мекунанд.

Дар ин бахш низ донишҷӯён аз тамоми минтақаҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Зимни имтиҳонсупорӣ маълум шуд, ки аз шаҳри Душанбе, вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, Ҳисору шаҳри Турсунзода, шаҳру навоҳии Панҷакент, Айнӣ, Ҷаббор Расулови вилояти Суғд низ донишҷӯён таҳсил доранд. Бар асоси шеваи қабул дар Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳ дохил гардидаву таҳсил намудаанд. Ҳоло қабул тариқи маркази миллии тестӣ низ паёмадҳои шоистаи иҷтимоӣ низ ба бор оварда истодааст, ки ҳамагӣ ваҳдати мо тоҷиконро тақвият ва таҳким мебахшад. Донишҷӯён дар ҷараёни таҳсил аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба ҳам дӯстони самимӣ ва қадрдон мешаванд, ки минбаъд бар асоси он рафтуомади доимии хонаводагӣ барқарор мегардад. Ҳатто бар пояи ишқу муҳаббат донишҷӯдухтарону писарон аз шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат оила барпо мекунанд. Ин таҷрибаро ҳам дар ин донишгоҳ ва ҳам донишгоҳҳои дигар мушоҳида кардем, ки воқеан қобили таваҷҷуҳ ва шоистаи истиқбол аст.

Фориғ аз имтиҳонот чи дар факултети филологияи тоҷик ва берун аз он суҳбатҳои самимӣ, саршор аз донишу хирад, маърифат бо ҷамъи устодони ин боргоҳи суханшиносиву суханпарварӣ доир мешуд. Канори шохаҳои рудхонаи Ҷайҳуни куҳан, ки модарбузурги он ҳамн рудхонаи Вахш аст ва онро акаи Сафармад Аҳмадов Гангаи мо, яъне модаррудхона ном мебарад, суҳбат оростан аз шеъру адабиёти миллӣ, фарҳанги тоҷикон, шеърхонӣ чӣ гуворо ва лаззатбахш аст. Воқеан, дуруст мегӯяд, бародари мо Сафармад Аҳмадов.Шукр, ки Тоҷикистони азизи мо сарзамини обҳост. Ҷолиб аст, ки рудхонаи бузурги Вахш дар дохили шаҳр бар чанд шоха қисмат шуда, мегузарад ва дар соҳилҳои шохаҳои он маконҳои фароғиву истироҳатии хуб барои мардум дуруст кардаанд. Дар рӯзҳои гармои тобистон барои мардум воқеан гуворову матлуб аст. Дар канори ин, ҳар яке аз маҷмааҳое, ки дар канори шохаҳои рудхонаи Вахш бунёд шудаанд, маконҳои зебову фараҳафзое ҳастанд, ки на танҳо барои мардуми шаҳр, балки барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва муаррифии имкониятҳои рушди сайёҳӣ нақши муассир доранд. Баробари ин, шохаҳои рудхонаи Вахш аз домани Бохтар мегузаранду даштҳои ташналаби навоҳии водиро шодоб мегардоданд. Воқеан, имсол аз ҳарсола бештар меваву сабзавот дар бозорҳои шаҳр фаровон аст ва ҳосили ҳузури ҳамин обу дарёст, ки боғҳои хурраму дарахтони саршори мева, заминҳои сабзу даштҳои пахтазор канору атрофи Бохтарро иҳота кардаанд. Воқеан, акаи Сафармад Аҳмадов дуруст мегӯяд: Вахш ҳамон Гангаи мост, яъне модаррудхонае, ки баробари ба милоди чунин сабзкориву ризқофириниҳои даштҳои ташналаб сабаб гардида, модарбузурги Ҷайҳун ҳам ҳаст.Онро аз бузургтарин шохобҳои Амударё ҳам мегӯянд.

Дар ин суҳбатҳо борҳо аз чунин нишастҳои адабӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, хоса дар факултети филологияи тоҷик, китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд ва бахусус соҳили рудхонаи Сайхун, ки дар домани боғи хуррами Камоли Хуҷандӣ қарор дорад, низ ёдовар шудем.

Бисёр рамзист, ки имрӯз пайвандҳои илмиву адабӣ аз соҳили руди сайҳун то домани ҷайҳун, дар канори шохаҳои он Вахши нозанин дар суҳбати аҳли илму адаби ду шаҳри куҳан, ду сарзамини меросбари ду давлати қадими тоҷикон – Суғду Бохтар тарҳу шакли нав мегирад ва боиси боз ҳам вусъат ёфтани ҳамкориҳои илмӣ бо донишгоҳҳои дигари минтақаҳо мешавад. Масалан, дар рӯзҳои баргузории имтиҳонот, аниқтараш санаи 15 июни бо даъвати Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара, хоса мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ин донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саидҷаъфаров Озод мо ҳамроҳ бо гуруҳи устодони факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав барои ҳузур дар ҳамоиши ҷумҳуриявии “Шоҳнома- ойинаи забон ва адаби порсӣ-тоҷикӣ”, ки бахшида ба бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ доир гардид, сафар намудем. Дар ин ҳамоиши бонуфуз низ ба зарурати тақвияти робитаҳои илмӣ дар маҷмуи самтҳои илмӣ, аз ҷумла шинохти “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва нақши он дар таҳаввули забону адабиёт, фарҳанги миллии мо тоҷикон таъкид шуд. Ҳатто ҳайати иштирокдорони ҳамоиш пешниҳод ҳам намуданд, ки имрӯз дар баробари он ки дар шаҳри Хуҷанд МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, дар назди ДДБ ба номи Носири Хусрав маркази мавлоношиносӣ фаъол ҳастанд, дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара маркази шоҳномапажӯҳӣ дар истиқбол аз ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақдими “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба ҳар як хонадони тоҷик таъсис дода шавад. Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ прфессор Қодирзода Хушбахт зимни пазироии самимона ва дар сатҳи баланд ҷараён бахшидани маҷлиси ифтитоҳии ҳамоиш бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои илмии миёни донишгоҳҳои олии кишвар дар заминаи баргузории чунин конфросҳо таъкид дошт. Ширкати намояндагони донишгоҳҳои олии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва донишгоҳи тиббии Хатлон худ гувоҳи равшани тақвияти ин ҳамкориҳост. Соли гузашта дар ҷаласаи ҳимояи Директори маҷмааи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб, ҳамзамон дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Асозода Ҳотам Раҷаб Рустам Тағоймуродов аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Озод Сайидҷаъфаров аз донишгоҳи давлатии Данғара ва ман аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси муқарризони расмӣ ширкат доштем. Доктори илмҳои филологӣ, профессор Нодира Ашӯрова, профессори донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, кп борҳо дар ҳамоишҳои донишгоҳи мо ширкат дошт, дар ҷаласаи дифои рисолаи доктории дотсенти кафедраи адабиёти класссикии тоҷики Донишгоҳи мо Ҳалиҷон Зоиров ба ҳайси муқарризи расмӣ иштиорок кард. Маҷмуи чунин барноаву корҳои муайян барои боз ҳам афзудани пайвандҳои илмӣ метавонад таъсири пурфайз гузорад. Ин робитаҳо воқеан ҳамкориҳои илмиро ба сатзи нав метавонанд ворид созанд. Таҳкими робитаҳои илмии устодону олимон ва марокизи илмиву таълимӣ дар сурати донишгоҳҳо воқеан метавонад ба рушди бемайлони пайвандҳои манотиқи кишвар ва дар умумр тақвияти ваҳдати миллӣ таъсиргузор бошад, ки мо воқеан аллакай шоҳиди самараҳои матлуби ин иртиботот ҳастем ва дар оянда ҳам хоҳем буд.

Дар рӯзҳои истироҳат бо даъвати дӯстон аз ҷойҳои таърихиву манзараҳои қобили тамошои шаҳри Бохтар дидан намудем. Корҳои созандагӣ дар шаҳр рӯ ба рушд аст. Қомат афрохтани биноҳои истиққоматӣ, муассисаҳои маърифатӣ, фарҳангӣ бо тарҳи меъмории муосир дар заминаи омезиши унсурҳои фарҳанги куҳани миллӣ ва аврупоӣ, коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз таҳкими падидаҳои нодири шарҳсозӣ паём мерасонад. Қаҳавахонае бо номи “Хони Хуҷанд” фаъол шудааст, ки ташаббуси бо чунин ном унвон додани соҳиби онро ҳам метавон дар шумори омилҳои таҳкимбахги пайвандҳои ваҳдатофарин ва равобити ду шаҳри куҳани Тоҷикистони имрӯз қарор дод. Аз баракоти фаровонии обе, ки имсол насиб гардид, дашту даман, куҳҳо сарсабзу хурраманд ва ҳангоми аз Душанбе ба самти Бохтар ва ё аз самти Бохтар ба Данғара рафтан ин ҳамаро метавон мушоҳида намуд ва аз ин хуррамиву табиати сабзу нодир лаззат бурд. Фаровонии анвои мева, чун гелосу олуву зардолуву себ дар бозори марказии шаҳр бо нархи арзон низ худ гувоҳ бар он аст, ки боғпарварӣ ва истифодаи мақсадноки заминҳо самараҳои матлуб ба бор овардааст.

Албатта, бар он чӣ аз ҳосили дидаву шунидаҳост, метавон бар ин навишта бештар афзуд, вале ин мушоҳидаву бардоштҳои чандрӯзаи мо худ далели он аст, ки Тоҷикистони азизи мо воқеан дар заминаи пешрафтҳое, ки дар тамоми манотиқи он ҷараён дорад, ба як кишвари пешқадам, шукуфону хурраму ободон, меросбари асили фарҳанги аҷдодӣ, тамаддуни бузурги ниёи хеш табдил меёбад. Барҳак, мебояд барои ҳар яке аз ин дастовардҳо, пешрафтҳо шургузорӣ кард ва аз файзу баракоти ин ҳама неъматҳои фаровон, ки дар саргаҳи онҳо истиқлили миллӣ қарор дорад, барои пешрафти имрӯзу фардои кишвари азиз босамар ба кор гирифт.

Хуҷанд- Душанбе- Бохтар- Хуҷанд

Нурали Нурзод