Дар Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 18 ҳазору 790 донишҷӯ, аз ҷумла 7 ҳазору 590 донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона, 11 ҳазору 200 донишҷӯ дар шуъбаи фосилавӣ ва 98 донишҷӯ дар зинаи магистратура таҳсил менамоянд. Дар ин бора Маҳмадалӣ Қурбонзода ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Аз ин шумораи донишҷӯён дар донишгоҳ 131 донишҷӯёни хориҷӣ, яъне 1 донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона, 128 донишҷӯ дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 2 донишҷӯ дар зинаи магистратура ва докторантура таҳсил мекунанд.

Дар соли таҳсили 2023-2024 донишгоҳро 4 ҳазору 505 донишҷӯ, аз ҷумла 1 ҳазору 236 донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона, 3 ҳазору 74 донишҷӯ дар шуъбаи фосилавӣ ва 105 донишҷӯ зинаи магистарураро хатм кардаанд.

Имсол 53 донишҷӯ донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли сипаришуда 39% бештар гардидааст.