21 августи соли равон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири мамлакат, аз рафти ҷараёни даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дидан намуданд.

Дар сафари корӣ Дилрабо Мансуриро муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Носири Хусрав Маҳмадалӣ Қурбонзода ва дигар масъулон ҳамроҳӣ намуданд.

Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз рафти баргузории озмун дидан намуда, бо довталабон ва падару модари онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади тақвият бахшидани донишу малака ва ба мутолиаи китоб ҷалб намудани ҳаводорон китоб бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.

Даври вилоятии озмун дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гашта истодааст, ки довталабони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок доранд.

Ҳадаф аз назорату санҷиши гурӯҳҳои корӣ таъмини пурраи шаффофият дар баргузор намудани озмун мебошад.

Ғолибони даври вилоятӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ донишу маҳорати худро месанҷанд.

Все реакции:

1818