Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рафти даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дидан намуд.

Дар сафари корӣ, Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илми ҷумҳуриро Зиёдулло Абдулзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Қурбонзода Маҳмадалӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дигар масъулон ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни боздид Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илми кишвар бо довталабон ва падару модари онҳо суҳбат-вохӯрӣ анҷом дод.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади тақвият бахшидани донишу малака ва ба мутолиаи китоб ҷалб намудани ҳаводорон китоб бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.

Даври вилоятии озмун дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир гашта истодааст, ки довталабони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок доранд.