Шогирдон ва устодону омӯзгорони арҷманд!

Имрӯзҳо сокинони саодатманди кишвари мо барои истиқболи сазовори ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд. Дар ин радиф, аҳли маориф пешсаф ва парчамбардори комёбиҳоянд. Боиси ифтихор ва саодатмандии мост, ки ҳамасола оғози соли нави таҳсил ба давраи омодагиҳо ба муҳимтарин ҷашни миллат-Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ рост меояд ва ин шукӯҳи нахустрӯзи таҳсилро дучанд афзун менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи худ ба соҳаи маориф афзалият бахшида, пайваста таъкид медоранд, ки “Маориф неруи тавонову пешбари кишвар аст ва имрӯзу фардои мамлакатамон ба он алоқаи ногусастанию қавӣ дорад”.

Аз таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлат равшан мегардад, ки омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, нақши созгор дорад ва ҳамчун роҳбалади маънавӣ барои ба камол расонидани насли ояндасози ҷомеа шахси масъул мебошад.

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соли равон барои беҳтар намудани раванди таълим ва ба тартиб овардани синфхонаҳои таълимӣ, ободонии майдончаҳои донишгоҳ, сохтмони бинои наву замонавии хобгоҳ барои донишҷӯён ва ѓайра корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Раёсати донишгоҳ шароитеро барои устодон ва шогирдон муҳайё намуда истодааст, ки онҳо тавонанд бо дастовардҳои илмию фановарии донишмандони ватанию хориҷӣ дастрасӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, мо, омӯзгорон бояд иқдомҳои некбинонаи давлату Ҳукуматро мантиқан дарк намуда, баҳри амалӣ гаштани онҳо саъю талош варзем, шогирдонеро тарбия ва ба камол расонем, ки созандагони ояндаи ҷомеа бошанду дар гулгулшукуфоии кишвар ва ҳимояи марзу буми он доимо тайёр бошанд.

Устодону омӯзгорони муҳтарам!

Авзои зудтаѓйирёбандаи ҷаҳони муосир имрӯз ҳамаро ба амиқ андеша намудан водор менамояд. Рақобатҳои шадиди геосиёсиву иқтисодӣ, мухолифатҳои мазҳабӣ ва кӯшишҳои кишварҳои абарқудрат барои таҳти назорат гирифтани минтақаҳои алоҳида аз ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ тақозо менамояд, ки ҷиҳати мустаҳкаму поянда нигоҳ доштани нишонаҳои асосии давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагии миллат, якпорчагии давлат ва арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи худ ҳамеша саъю талош варзад ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода бошад.

Мо, бояд алалхусус, ба масъалаи таълиму тарбияи дурусти шогирдон, эмин нигоҳ доштани онҳо аз хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем ва онҳоро тавре ба камол расонем, ки боиси ифтихори падару модарон гарданд, соҳибихтисос шаванд ва ба Ватани аҷдодии хеш содиқона хизмат намуданро вазифаи шаҳрвандии худ шуморанд.

Вазифаи ҳар кадоми мо -омӯзгорон аст, ки бо дониши баланди ихтисосӣ, рафтору одоби намунавӣ, суханронии шевову равони тоҷикӣ дар баланд бардоштани обрӯю эътибори давлату миллат саҳм гузорем. Дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббус нишон дода, баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо кору фаъолияти самарабахш дошта бошем.

Итминони комил дорем, ки ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳамон таҳти роҳнамоии дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат барои боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз, таълиму тарбияи дурусти насли ҷавон, баланд бардоштани савияи дониши онҳо ва дар амал татбиқ гардидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Аз фурсати муноиб истифода намуда, фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба ҳамаи Шумо омӯзгорону донишҷӯён самимона табрик намуда, таманнои онро дорем, ки Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо ҳамеша ободу гулафшон бошад ва дар оғӯши Сулҳу ваҳдат бимонад. Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ҷовидона пойдор бошад ва таваҷҷуҳи сокинонаш ба омӯзиши илму маърифату дониш бештар гардад.

Соли нави таҳсил муборак!