Имрӯз, 2-юми сентябр дар арафаи ҷашни 33 солагии Истиқлоли давлатӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ Маҳкамзода Дилором Юнус барои саҳми шоиста гузоштан дар таҳкими сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд.

Мо ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ муаллимаи азизро барои қадрдониаш бо ин мукофоти давлатӣ самимона шодбош гуфта, барояш тансиҳатӣ, рӯзгори осуда ва муваффақияту комёбиҳо орзумандем.

Мукофоти давлатӣ муборак, муаллимаи азиз!