Имрӯз, 3-юми сентябр ҷаласаи Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” баргузор гардид. Сараввал, ректори донишгоҳ профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Дар ҷаласа масъалаи муҳокима ва тасдиқи нақшаи корӣ ва аъзои раёсати донишгоҳ барои соли таҳсили 2024-2025 баррасӣ гардид, ки дар он ахбори муовини ректор оид ба таълим, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд Акбар шунида шуд.

Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласа ахбори роҳбари таҷрибаомӯзии донишгоҳ Шуҳрат Ҳасанов оид ба тайёрии донишгоҳ, факултетҳо ва кафедраҳо доир ба ташкили таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва истеҳсолии донишҷӯён дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2024-2025 пешниҳод гардид. Баъд аз шунидани ахборот аъзои раёсат ба музокира баромада, барои дуруст амалӣ гардидани раванди кор қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.