Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони соҳаҳои гуногун барои меҳнати фидокорона бо мукофоти давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ гардида буданд.
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кормандони соҳаҳои гуногун ба чунин қадршиносиҳо сазовор шуданд.
Дар ин радиф ду нафар корманди донишгоҳ – Сафаров Ҷумабой ва Маҳкамзода Дилором бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шуданд.
Ҳайати кормандони Раёсати донишгоҳ омӯзгоронро барои сарфароз гардидан бо мукофоти давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба фаъолияти минбаъдаи касбиашон муваффақият таманно доранд.