Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик дар замони муосир шумурдаанд. Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти сиёсии давлату миллатҳоро муайян месозад. Аз ҷумла, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ, дар зарфи 33 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърих назири худро надоранд.

Бояд қайд кард, ки волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Истиқлолият ба даст овардани тоҷикон ин падидаест нодир дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ, ки дар тамоми дунё мавриди омӯзишу истифода қарор гирифтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони дар тули 33 – соли Истиқлолияти давлатдории худ, бо кушишу талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо матонату матиниродагии мардуми сарбаланди кишвар ободу зебо гардида, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо намуда, ба як қатор дастовардҳои бузурги сатҳи ҷаҳони ноил гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2-юми марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони миллали муттаҳид гардида, то ба ҳол зиёда ба 150 мамлакати дунё шартномаи дутарафа ва равобити дипломотию дӯстӣ дошта дар арсаи ҷаҳони сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром ва тарафдори менамояд.

Дастовардҳои кишварамон дар зарфи 33 соли Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд. Вале номбар кардани шумораи маҳдуди онҳо ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат он роҳеро паймуд, ки ниёгони мо аз аҳли Оли Сомон онро тӯли мавҷудияти давлати Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг ва ҷавҳари миллии халқи тоҷикро барои садсолаҳо ҳифз карданд. Аз ин рӯ, эътимоди комил дорем, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ низ дар саҳифаҳои китоби бузурги миллати тоҷик чун таърихи аҳди Сомониён бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, барои абадӣ сохтани фарҳангу тамаддун, забон ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ хидмат хоҳанд кард.

Раёсати тарбия ва созмонҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша – чорабиниҳоро омода намуда, пайваста ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои мазкур корбарӣ намуда истодааст.

Бо ин мақсад аз ҷониби шуъбаи тарбия ва созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, таҳкими сулҳу субот, ифтихори ватандорӣ, корҳои ободониву бунёдкорӣ, кабудизор намудани гирду атрофи массиса ва роҳравҳои факултетҳо, таъмиру тармими факултетҳо, бинои хобгоҳ ва синфхонаҳои таълимиро бо шиору овезаҳо марбут ба оғози соли нави таҳсил ва истиқболи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин ва омода намуданд.

Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани «Соли 2024 – соли маърифати ҳуқуқӣ» аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, таҳкими сулҳу субот, ҳисси хештаншиносӣ ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайваста миёни омӯзгорну донишҷӯён тарғиб менамояд.

Истиқлолият барои мо нишонаи барҷастаи пойдории давлат,бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳар идеалу ормонҳои таърихӣ,шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Албата, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза,асосан,аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ,кандани нақбҳо ва бунёди иншооти вобастагии аниқ дорад. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратеии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистонро,аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар мебошад. Бо сохтани неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо,шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шудаанд. Самараи неки истиқлол аст,ки Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохташудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон –манбаи омӯзиши сулҳхоҳонаи ҷаҳон гашт,ки боиси ифтихори ҳар як фарди соҳибдилу сулҳпарвари тоҷик мануб меёбад.

Ҳар яки мо вазифадорем,ки насли наврас ва ҷавононро дар руҳияи худшиносӣ, ваҳдатофарӣ, садоқат ба ватан тарбия намоем. То инки ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва соҳибистиқлолии давлатамонро доими таъмин намуда, барои расидан ба ҳадафҳои олии мамлакат ва пайваста дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат содиқона камари ҳимат баста, дар ободониву шукуфоии ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Наргис НУРАЛИЗОДА,

иҷрокунандаи муовини ректор оид ба тарбия